27

Пешбарии номзадҳо ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№38 (3339) 16.03.2015

Дар вилояти Хатлон ва шаҳру навоҳии он Маҷлисҳои нахустини даъвати нави вакилони халқи вилоят, шаҳру навоҳӣ ва шаҳраку деҳот баргузор гардид. Вакилони тозаинтихоб дар баробари баррасии масъалаҳои ташкилию ҷорӣ, инчунин пешбарии номзадҳо ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон номзадии раиси вилоят Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ якдилона ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид. Дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо бошад, вакилон — раисони шаҳрҳои Кӯлобу Норак ва ноҳияҳои Қубодиёну Бохтарро ба сифати номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

- Рӯзҳои наздик, баъди омода гаштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, мо нафарони пешбаришударо ҳамчун номзад ба қайд мегирем ва талош ба харҷ медиҳем, ки интихоби онҳо дар рӯзи 27-уми март аз ҷониби вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии он дар сатҳи баланд баргузор гардад, — иброз намуд зимни суҳбат раиси ҳавзаи интихоботии Хатлон №3 Давлатхӯҷа Мирзоев.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»