Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2020

Пешбарии номзадҳои се ҳизби сиёсӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№104 (4210) 25.08.2020

DSC_1531Дар анҷумани ёздаҳуми Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки ­бисту дуюми августи соли равон дар толори Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.

Вакилони ҳизб Маъруфҷон Юсуфов, Саидҷалол Саидов, Зариф Наимов, Наргис Бобоҷонова ва муовини раиси ҲСТ Давлатхотун Саидошӯрова номзадии Абдуҳалим Ғаффоровро дастгирӣ карда, ӯро ҳамчун сиёсатмадори варзидаву соҳибтаҷриба ва номзади арзанда тавсиф намуда, аз иштирокчиёни анҷуман даъват намуданд, ки ба ҷонибдории вай овоз диҳанд.

Абдуҳалим Ғаффоров дар бораи фаъолияти ҳизб дар тӯли ҳафт соли охир гузориш дода, изҳор дошт, ки ҲСТ ин муддат тавонист барномаҳои иҷтимоии ҳизбро дар ҳама сатҳ муаррифӣ намуда, зимни маъракаҳои сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ иштирок намояд.

- Ҳарчанд ҲСТ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натавонист беш аз як курсӣ ба даст орад, вале кӯшиш мекунем, ки бо муаррифии бештару ҳадафраси барномаи ҳизб ба комёбиҳо ноил гардем, — изҳор намуд А. Ғаффоров.

Номбурда барномаи пешазинтихоботии ҲСТ — ро ба ҳозирин муаррифӣ намуд, ки дар он ба масъалаҳои мубориза бар зидди маводи мухаддир, одамфурӯшӣ, истифода аз меҳнати кӯдак, ҳифзи сарҳадот, мукаммал ва ба менталитет мувофиқ гардонидани Артиши миллӣ, рушди соҳаи маориф, фарҳангу маънавиёт, тандурус­тӣ, саноат ва кишоварзӣ, инчунин, истифодаи захираҳои табиӣ ва коркарди он таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

- Мо, инчунин, ба масъалаҳои ҷобаҷогузории кадрҳо ва барномаи таълимии мактабҳои олӣ диққат хоҳем дод. Зеро ҳалли бисёре аз мушкилиҳои ҷомеа ба ин ду масъала вобаста мебошад. Мутаассифона, ҳоло гуфта наметавонем, ки барномаи таълими муассисаҳои олӣ ба талабот ҷавобгӯст, ҳол он ки маориф яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, илм ва рушди ҳаматарафаи он асоси пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ва мо бар онем, ки илм бояд ба қувваи истеҳсолкунанда табдил дода шавад, — таъкид намуд раиси ҲСТ.

******

DSC_1275Бисту сеюми августи соли ҷорӣ дар анҷумани XVI Ҳизби демократи Тоҷикистон вакилони ҳизб ба ҷонибдории раиси ҲДТ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид­ҷаъфар Усмонзода якдилона овоз дода, номзадии ӯро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карданд.

Саидҷаъфар Усмонзода зимни суханронӣ ҳадафи асосии ҲДТ — ро рушди Тоҷикистон арзёбӣ намуда, гуфт, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб ба масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва амнияти миллӣ авлавият дода шудааст.

******

 DSC_0840Дар анҷумани ҳаштуми Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки бисту чоруми августи соли равон доир гардид, раиси он Рустам Раҳматзода номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуд ва вакилони ҳизб ба ҷонибдории ӯ якдилона овоз доданд.

Рустам Раҳматзода иброз дошт, ки мақсади асосии ҲИИТ аз иштирок дар интихобот коҳиш додани камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Зимни муаррифии барномаи пешаз­интихоботии ҳизб зикр гардид, ки ҳамон вақт ба ислоҳоти иқтисодӣ ноил мегардем, ки ислоҳоти нави соҳаи иқтисодро дар амал ҷорӣ карда, бо қабули қонунҳо шароит фароҳам оварем, то институтҳои иқтисодӣ рушд кунанд. Инчунин, мушкилоти соҳаи бонкдориро бартараф намуда, низоми бонкиро такмил диҳем.

Б. КАРИМЗОДА, М. УСМОН, «Садои мардум»