Пешрафти ҷомеа аз такмили Конститутсия вобаста аст

№27 - 28 (35 07 - 3508) 02.03.2016

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир вохӯрии худро бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Муъминобод № 38, аз маркази деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг оғоз намуд. Ӯ Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, аз ҷумла зикр кард, ки тағйиру  иловаҳо ба Конститутсия барои рушду такомули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи имрӯза мусоид ва бамаврид аст. Ҳамчунин, Ҷурахон Маҷидзода дар толори Кохи фарҳанг бо интихобкунандагони дорои касбу кори гуногун доир ба ин мавзӯъҳо мулоқот баргузор кард.

  Зимни мулоқот бо интихобкунандагон дар ноҳияи Муъминобод раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи  ҳуқуқӣ,  мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Дилшод Исматуллоев оид ба зарурати тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори андеша намуданд. Сипас, миёни вакилону интихобкунандагон доир ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ суҳбати ошкоро сурат гирифт.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ  Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дар толори Кохи фарҳанги маркази ноҳияи Данғара бо интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор намуд. Ӯ дар баромади худ зикр кард, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда тақозои замон аст ва онҳоро шарҳ дод. Аз ҷумла, гуфт, ки тағйиру иловаҳои ба моддаи 34-и Конститутсия пешбинишуда масъулияти волидонро дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болиғро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар баланд мебардорад.

- Солҳои охир ба хонаҳои бепарасторон супоридани падару модарон аз ҷониби баъзе фарзандон анъана шудааст, ки ба суннату фарҳанги миллати мо созгор нест, — афзуд ӯ.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода дар ин вохӯрӣ оид ба  созандагии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро баён намуда, ҳозирин, бахусус ҷавононро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва хештаншиносию ватанпарварӣ даъват намуд.

Муовини раиси ноҳияи Данғара Маҳбуба Амиршоева мулоқоти вакилонро бо интихобкунандаҳо муфид ва самаровар  арзёбӣ кард.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дар Кохи фарҳанги ноҳияи Фархор  бо омӯзгорон вохӯрӣ намуд. С. Усмонзода тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаби айём, қадами нав дар роҳи сулҳу ваҳдат ва рушди кишвар арзёбӣ кард.

Вохӯриҳои баъдии Саидҷаъфар Усмонзода 21-24 феврал бо интихобкунандагон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор идома ёфт.

 

Дар мулоқотҳои муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз бо интихобкунандагони шаҳри Кӯлоб, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳр доир гардид, мазмуни Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд. Абдулғаффор Раҳмонзода таъкид кард, ки маҳз бо дастгирии ҳамешагии Сарвари давлат шаҳри Кӯлоб ободу зебо гашта, беш аз пеш симои замонавӣ гирифта истодааст. Пешвои миллат нокифоягии хизмати тиббиро дар вилоят ба назар гирифта,  дар Паёми хеш таъсиси як муассисаи олии тиббиро амри замон  донистанд.

 

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайнудин Сафаров вохӯрии аввалро бо интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Восеъ №39, ки як қисмати ноҳияи Восеъ  ва ноҳияҳои Темурмалику Балҷувонро пурра дар бар мегирад,  аз муассисаи таълимии хонандагони болаёқати деҳаи Кадучии деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов шурӯъ намуд. З.Сафаров дар баробари шарҳи пурраи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардида, таъкид намуд, ки таълиму тарбия хунукназарию саҳлангориро намеписандад. Натиҷаи саҳлангорӣ буд, ки рӯзҳои охир ҳодисаҳои номатлубро дар ноҳияҳои ҳамсоя шоҳид гардидем.

Зайнудин Сафаров, ҳамчунин дар деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи мазкур, деҳоти «Кангурт», «Қарақамиш»-и ноҳияи Темурмалик ва маркази ноҳияи Балҷувон бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор карда, 25-уми феврал дар шаҳраки Восеъ, дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи генерал-майор Рустам Амакиев, ки дар набард бо табаддулотчиёни моҳи сентябри соли гузашта бо роҳбарии А. Назарзода қаҳрамонона ҳалок гардид, иштирок намуд.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»