Ҳабдаҳуми апрели соли равон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Дар он зикр шуд, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли ҷорӣ ваколати вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40 Рӯзадор Муҳаббатшо бо сабаби вафот пеш аз муҳлат қатъ гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Бахтиёр Худоёрзода гуфт, ки тибқи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботи миёнадавриро дар ҳавзаи зикргардида 17 июни соли 2018 таъин намуд ва тибқи тартиби муқарраргардида комиссияи ҳавзавии интихобот ташкил ва ҳайати он муайян гардид.
Дар ҷаласа, инчунин қарорҳо доир ба «Нақшаи тақвими чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ванҷ №40» ва «Тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ аз ҷониби номзад ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»