30 сентябри соли 2013 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён доир ба рафти тайёрӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани чорабиниҳои банақшагирифтаи комиссияҳои интихоботӣ маълумот дод.
Зикр гардид, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инъикоси раванди чорабиниҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.
Барои баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3153 участкаи интихоботӣ ташкил ва ҳайати комиссияҳои участкавӣ муайян гардидааст. Барои дар доираи талаботи қонунгузорӣ фаъолият намудани ин участкаҳо тадбирҳо андешида мешаванд.
Гузориши роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додоев оид ба раванди ҷамъоварии имзоҳои шаҳрвандон ба тарафдории номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаригардида дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, муроҷиату дархостҳо ва корҳои анҷомёфта ҷиҳати ҳалли монеаҳои ҷойдошта шунида шуд.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба паҳлуҳои гуногуни рафти тайёрӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод карда, аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»