Комиссияи ҳавзавии интихоботии Рашт №9 барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мегирад.
Тибқи иттилои раиси ҳавзаи интихоботӣ Ҳикматулло Мирзоев, бо қарори Қомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2020 таҳти №102 комиссияи ҳавзавӣ дар ҳайати ҳафт нафар ташкил гардида, нақшаи тақвимӣ, реҷаи корӣ ва рӯйхати навбатдориро таҳия ва тасдиқ намудааст. Бо қарори маҷлиси комиссия аз 17 августи соли 2020 таҳти №1 вазифаҳо дар байни аъзои комиссия тақсим ва бо раисони участкаҳои интихоботӣ, котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҳайати комиссияҳои интихоботӣ оид ба ташкили коргузорӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот аз 65 участкаи интихоботӣ дидан намуда, онҳо бо лавҳа ва гӯшаи интихоботӣ таъмин гардиданд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2020 таҳти №113, «Дар бораи тасдиқи дастур оид ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» 325 нафар волонтёр аз ҳисоби ҷавонон ба кори рӯйхатгирии интихобкунандагон ҷалб шуданд.
Участкаҳои интихоботӣ бо лавозимоти иттилоотӣ ва конселярӣ, ки аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидаанд, таъминанд.
- Итминони комил дорем, ки сокинони Рашт дар интихобот муташаккилона ширкат меварзанд ва чорабинии муҳими сиёсиро, ки дар пойдории давлати тоҷикон ва рушди кишвар мавқеи муҳим дорад, дар сатҳи баланд мегузаронанд, — гуфт Ҳикматулло Мирзоев.
Диловари МИРЗО,
«Садои мардум»