Имкони интихоб кардан хислати азалӣ ва фитрии инсон аст. Инсониятро ҳамин ҳуқуқи озод будан неру ва қудрат мебахшад. Чунки барда орӣ аз ҳар гуна интихоб аст. Бардаҳоро Авраам Линколн раисҷумҳури вақти Амрико охири асри XIX аз юғу асорат озод кард, вале рӯзи дигар онҳо ба хонаи соҳибонашон сарозер шуданд ва боисрор дархости байъат карданд. Барда мафъул аст, на фоили аъмоли хеш, ӯ пайрав аст, на роҳнамо, ӯ торикиро мепарастад, на рӯшноиро.
Таҷрибаи Тоҷикистон дар амри ташкили интихобот нодир аст. Ба истиснои давраи даргириҳои дохилӣ, интихоботҳо бо риояи қонунгузории мавҷуда ва бо як таҳаммулпазирии бесобиқа доир мегарданд. Мо якҷоя тавонистем, ҷомеаи машваратбунёд эҷод кунем, аз урфу одати суннатӣ «Ва амруҳум шуро байниҳум»-ро, ки тарҷумааш «Байни худ машварат кунед» мебошад, меъёру мелоки зиндагӣ қарор додаем. Аз дурдонаҳои назми оламшумули худ, ки «Озодии судманд он бошаду бас, К-аз вай нарасад зарар ба озодии кас» баҳравар шудаем.
Ҳувайдост, ки раванди интихобот ба мисли кишварҳои дунё, дар Тоҷикистон ҳам ҳамвор, бе баҳсу мунозира ва изҳори норизоят намегузарад. На ҳамаро метавон қонеъ кард, ҳол он ки зиёда аз шаш ҳазор номзаддаъвогари мақоми вакилӣ ҳастанд. Ин ҷо муҳимтар ҳадафшиносӣ аст. Интихобот як сабқати ақлҳову зеҳниятҳо ва барномаҳои мушаххаси инфиродӣ ва ҳизбӣ аст. Дар ин раванд метавон ғолиб омад, вале имкони мағлуб шудан ҳам мавҷуд аст. Аз ин ҳангома ва фоҷиа набояд сохт. Агар нафари миёнаоморӣ ҷуръату ҷасорати пешбарии номзадиро кардааст, яъне, эътимод ба нафси ӯ қавӣ аст, он барномаро дар ҳар сурат, агар созгор ба воқеият бошад, амалӣ хоҳад кард. Агар номзаде мамлу аз хислатҳои мусбати инсонӣ аст, эътиқодманд аст, ки бо пешниҳоди тавсияву барномаҳои мушаххас ба нафъи мардум, ҷомеаву давлат иқдом менамояд, ин саъю талошҳо барҳадар нахоҳанд рафт. Дар интихобот бояд нафароне пирӯз шаванд, ки симои ташрифотии ин миллат бошанд, пеш аз ҳама, бо серталошӣ ва донишҳои амиқи илмӣ. Уҳдабаро ва коромад бошанд. Ин номзадҳо набояд дар марҳилаи пешазинтихоботӣ кӯшиши шуҳратманд шудан кунанд. Шуҳрати онҳо бояд заминаи муқаддамотӣ дошта бошад. Дар ҷомеа бо корҳои созандаи худ машҳур шуда бошанд. Ин марҳила наметавонад муаррифгари шахсиятҳои ношинос бошад. Ҷомеа аз паси афроди шинохта мераванд. Намешавад, ки чун тарошаи аз бом афтода, шахси бекифоят ва дироятро бар ҷомеа таҳмил кард. Ин як амри сунъист.
Дар робита ба ин, номзадҳои вакилӣ бо як истодагарии фавқулода таҳлили воқеӣ аз ҳаводиси рӯзгор дошта бошанд, аз ваъдахилофӣ ва чарбзабонӣ ҷиддан парҳез намоянд, дар мазҳари ом, ватандӯстӣ ва фидоӣ будани ин марзу бумро фаҳмонанд.
Дар шароити кунунӣ интихобот маъракаи умумидавлатии муттаҳидшавии миллат аст, на бешу на кам. Аз ин зовия ба он метавон назар кард.
Сафари МАСЕҲО, журналист