МУАРРИФИНОМА
Қодирова Мусаллам Асомиддиновна 8 майи соли 1961 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Турсунзода таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Дастпарвари Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) мебошад.
Фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун роҳбари маҳфили «Зардӯзӣ»-и Хонаи пионерони ноҳияи Шаҳринав шурӯъ кардааст.
Баъдан ба ҳайси муаллимаи фанни таълими меҳнат дар мактаби миёнаи №3-и ноҳия, нозири шуъбаи маорифи ноҳия, раиси кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳия ифои вазифа намудааст.
Солҳои 2000 -2014 муовини раиси ноҳияи Шаҳринав буд. Аз 25 апрели соли 2014 инҷониб дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият дорад.
Бо медали «Хизмати шоиста», нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.
Узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳринав мебошад.
Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.
Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Шаҳринав №6 пешбарӣ шудааст.
Зимни суҳбат Мусаллам Қодирова ба мо иброз дошт, ки дар барномаи пешазинтихоботиаш ба мардум ваъдаи зиёд надодааст. Тамоми донишу имкониятҳояшро барои таъмини некуаҳволии мардум, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолату ҳимояи рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадон равона мекунад.
Мусаллам Қодирова дар барномаи пешазинтихоботиаш бештар ба соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
-Рӯзи аввали кориам, ҳамчун мудири шуъбаи маорифи ноҳия маълум гардид, ки 2800 нафар хонанда аз дарсҳо берун монда, аз 30 то 40 нафар омӯзгор ба дарс ҳозир набуданд. Сипас, давомоти ҳаррӯзаи омӯзгору хонандаҳо тариқи рейдҳо санҷида шуд ва оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯйӣ сурат гирифта, ин падидаи номатлуб бартараф шуд.
Соҳаи маориф дар ноҳияи Шаҳринав дар сатҳи зарурӣ пеш рафтааст ва дар байни ноҳияҳои тобеи марказ бо Раҳматномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст. Дар баробари ин, тавассути маҷаллаи «Боргоҳи маърифат» тамоми бурду бохте, ки дар соҳаи маориф ҳаст, пешкаши хонандагон намудем,-изҳор дошт М.Қодирова
Номбурда дар барномаи пешазинтихоботиаш зикр намудааст, ки баҳри таъмин ва ташаккули минбаъдаи муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ, литсею коллеҷҳо, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ, дастрасии занону духтарон ба таҳсил ва ҷойи кор пайваста кӯшиш менамояд.
Ҳамзамон оид ба зина ба зина зиёд кардани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва дигар табақаҳои аҳолӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон, инкишоф додани зинаи таҳсилоти томактабӣ аз ҳисоби давлат, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, шахсони саховатпеша саъй менамояд.
Рушди соҳибкории хурду миёнаро дар ҷумҳурӣ дастгирӣ намуда, ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо воридоти технологияи муосир ва дар ин замина муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳо андешиданист.
Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи оила, саломатии модару кӯдак ва густариши маърифати ҳуқуқии онҳоро асоси фаъолияти хеш қарор хоҳад дод.
Мавсуф зимни суҳбат изҳор дошт, ки нисбат ба амалҳои коррупсионӣ, ифротгароӣ, гурӯҳҳои иғвоангез, дурӯягиву ваъдахилофӣ, изофанависӣ ва дигар ҳолатҳои номатлуб, ки аслан чунин хислатҳоро қабул надорад, муборизаи оштинопазир мебарад.
-Номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусаллам Қодирова ҳама назокатҳои занона ва хислатҳои хуби ҳамидаи инсониро доро ҳастанд. Он кас барои мо — занон намунаи иборатанд. Бо вуҷуди дар вазифаҳои баланд кор карданашон хоксор ва заминӣ ҳастанд. Шаҳрванде, ки барои эҳтиёҷе наздашон меояд, бо тамоми самимият ва меҳрубонии хоса қабул ва гусел мекунанд. Месазад, ки мо чунин занони меҳнатдӯсту арзандаро дар Парламенти мамлакат бубинем,- иброз дошт шахси боэътимодаш Мушаррафа Шарипова.
-Ман фарзанди халқ ҳастам ва тамоми фаъолияти меҳнатиамро ба мардум бахшидаам. Умед дорам, ки мардум дар симои ман вакили арзандаро интихоб мекунанд. Инро ман аз мулоқоту вохӯриҳо бо мардум ҳис мекунам,-мегӯяд М. Қодирова.
Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»