Мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул ҳафтаи гузашта дар маркази ноҳияи Бохтар ва хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Ниёзмаҳмад Беков ва Сафар Ҷумаеви ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки аз лиҳози масоҳати заминҳои дарихтиёрдошта ва шумораи саҳмдорон калонтарин хоҷагиҳо дар вилоят мебошанд, баргузор гардид. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар вохӯриҳои зикршуда теъдоди зиёди шаҳрвандони касбу кори гуногун ширкат доштанд. Барои мисол, дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар зиёда аз 400 нафар барои мулоқот бо вакили худ ҷамъ омада буданд. Зимни суханронӣ Ҷобирзода Тоҳир Гул Паёми Сарвари давлатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ва таъминкунандаи рушди тамоми соҳа арзёбӣ намуда, шаҳрвандонро даъват намуд, ки дар татбиқи нуктаҳои он фаъол бошанд. Оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номбурда зикр намуд, ки рушди устувору босуботи ҷомеа тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Дар маҷмӯъ, тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.
Ҷобирзода Тоҳир Гул ба ҳозирин моҳияти масъаларо дар заминаи далелу арқоми асоснок шарҳ дода, минҷумла гуфт, ки қонун ба ҳеҷ ваҷҳ догма набуду нест. Биноан, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дилхоҳ санад, аз ҷумла Конститутсия дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи маъмулӣ маҳсуб мешавад. Аз он ёдоварӣ шуд, ки тағйиру иловаҳои солҳои 1999 ва 2003-юм ба Конститутсия воридгардида меъёрҳои онро боз ҳам мукаммал намуда, маҳз дар заминаи онҳо ҷомеа ба марҳилаи сифатан нави инкишофи худ ворид гардид. Сониян, инкишофу пешрафти ҷомеа зарурат пеш меорад, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баланд гардад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам шавад.
Аз ин рӯ, тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бештар ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои онҳо бахшида шудааст. Дар идомаи суханрониаш вакили Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки рушди забони давлатӣ, баинобатгирии қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ тақозо менамояд, ки матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, истилоҳот ва ибораву калимаҳои он мукаммал гардонида, вожаву таркибот тибқи меъёрҳои он дақиқ навишта шаванд. Дар ин росто, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои алоҳидаи Конститутсия имконоти неруи пешбарандаи ҷомеа – ҷавононро зиёд намуда, замина фароҳам меорад, ки неруи зеҳнии онҳо баҳри рушду нумӯи кишвар истифода гардад.
Ҷобирзода Тоҳир Гул ҳамчунин иброз дошт, ки зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ рабт дорад.
Дар маҷмӯъ, омилу равандҳои зикргардида тақозо менамоянд, ки тағйиру иловаҳои зарурӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шаванд, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистон боз ҳам таҳкиму такмил ёбад, пеш равад ва халқи Тоҷикистон ба мақсадҳои олии худ ноил гардад, — илова намуд дар хатми суханрониаш Ҷобирзода Тоҳир Гул.
Дар фарҷом ҳозирин бо қаноатмандӣ аз шарҳи пешниҳоднамудаи Ҷобирзода Тоҳир Гул иброз доштанд, ки баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми Роҳбари мамлакат аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, дар раъйпурсӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»