Ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ оид ба арзёбии интихобот аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) фаъолиятро ҷиҳати мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд ва онҳоро 28 сентябри соли равон раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) Худоёрзода Бахтиёр Тавар таҳти роҳбарии Ивилина Алексиева — Робинсон ба ҳузур пазируфт.
Худоёрзода Бахтиёр Тавар қайд кард, ки ҷиҳати шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон КМИР дар самти фаъолгардонии электорат, пешбурди корҳои иттилоотию машваратӣ, истифодаи платформаҳои нави иттилоотӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби назарраси занон дар ҳайати комиссияҳои интихоботӣ, волонтёрон, риояи чораҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии пандемияи СOVID — 19, омодагии комиссияҳои интихоботӣ ва дигар масъалаҳои вобаста корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.
Ҷонибҳо, инчунин, доир ба дигар масъалаҳои вобаста ба муқаррароти қонунгузории интихоботии кишвар, низоми интихоботӣ, вазифаҳои комиссияҳои интихоботӣ ва нақши мушоҳидони байналмилалию миллӣ дар раванди интихобот мубодилаи афкор намуданд.
Дар ин бора аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иттилоъ доданд.