Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2020

Суғд. Интихобот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда хоҳад шуд

№122 (4228) 01.10.2020

Чунин буд хулосаи намояндаи Комиссияи интихоботии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил (ИДМ) Евгений Козяк ва узви Комиссияи марказии интихобот ва раъй­пурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Мадумаров, ки ба вилояти Суғд ташриф оварда, бо вазъи тайёрии ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ ошно шуданд.

Меҳмонон, аз ҷумла, ҳавзаи интихоботии №26, участкаҳои интихоботии №22 ва №53 -и шаҳри Хуҷандро аз назар гузаронда, бо ҷараёни омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос ва бо масъулин суҳбат карданд.

Евгений Козяк зимни суҳбат бо намояндагони ВАО изҳор дошт, ки «аз корҳои омодагӣ ба интихобот дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қаноатмандам. Дар участка ва ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихобкунандагон шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Корҳои омодагӣ ба интихобот, аз ҷумла ташвиқоту тарғибот, пешниҳоди маълумот дар бораи номзадҳо ва барномаи онҳо, таъсиси гӯшаҳои иттилоотӣ, хуб ба роҳ монда шудааст». Вай, ҳамчунин, афзуд:

- Мо, як гурӯҳ мушоҳидони байналмилалӣ дар арафаи интихобот ба Тоҷикистон омадем, то ҷараёни баргузории маъракаи муҳими сиёсиро назорат намоем. Ман ҳамчун намояндаи Комиссияи интихоботии ИДМ аз соли 2005 дар якчанд интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаам. Бовар дорам, ки мардуми Тоҷикистон дар интихоботи навбатӣ низ фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзанда раъй хоҳанд дод.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»