Бинобар пешрафти ҷомеа ва тақозои замон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омадааст. Яке аз ҳадафҳои асосии тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда покизаву беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ аст, зеро бақои миллат ба забони вай вобастагии қавӣ дорад. Забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳу мақоми сазовори худро ишғол намуда, инкишоф меёбад. Бо дарназардошти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ аз 4 октябри соли 2011 зарурати ҳамоҳанг намудани истилоҳҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳриру такмили нави имлои забони тоҷикӣ пеш омадааст. Аз ин рӯ, аксарияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти забонӣ доранд, ки онҳоро метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд:
- маънои васеъ доштани мафҳум:
Дар қисми чоруми моддаи ҳaфтум ва банди якуми моддаи панҷоҳу шашум пешниҳод шудааст, ки ибораҳои «марзиву маъмуриро» ба ибораҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шавад.
Дар қисми чоруми моддаи ҳаштум пешниҳод мегардад, ки калимаи «Ташкилотҳои» ба «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад.
- хусусияти мушаххаскунандаю дақиқкунанда доштани истилоҳ ва ибораҳо:
Дар қисми дуюми моддаи шонздаҳум пешниҳод шудааст, ки калимаи «эълоншуда» ба калимаи «муқарраргардида» иваз карда шавад.
Дар мавриди унвони боби шашум ва моддаи ҳафтоду шашум пешниҳод мешавад, ки ибораи «Ҳокимияти маҳаллӣ» ба ибораи «Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ» иваз карда шавад.
Қисми аввали моддаи ҳафтоду ҳаштум дар таҳрири нав пешниҳод мешавад, ки тибқи он «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд».
Дар қисми дуюми моддаи мазкур пешниҳод шудааст, ки калимаи «марзӣ» ба «ҳудудӣ» ва дар қисми панҷуми он ибораи «мақомоти ҳокимияти маҳаллиро» ба ибораи «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро» иваз карда шаванд.
- хусусиятҳои такмил ва дақиқу аниқ намудани қисмҳои модда:
Ба моддаи чордаҳум ду тағйирот пешниҳод шудааст. Дар қисми дуюми модда пешниҳод шудааст, ки калимаҳои «маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро» ба калимаҳои «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ» иваз карда шаванд.
Ба қисми сеюми моддаи мазкур пешниҳод гардидааст, ки ибораи «сохти конститутсионӣ» ба ибораи «асосҳои сохтори конститутсионӣ» иваз карда шуда, баъди он ибораҳои «амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» илова гарданд.
Пешниҳод шудааст, ки дар қисми сеюми моддаи сиву дуюм баъди ибораи «ҳизбҳои сиёсӣ» аломати «,» гузошта шуда, ибораи «дигар шахсони ҳуқуқӣ» илова карда шавад.
Дар моддаи сиву ҳафтум пешниҳод шудааст, ки калимаи «пулӣ» ба калимаи «пардохтшаванда» иваз карда шавад.
Дар робита ба ин, қисми сеюми моддаи шасту якум дар таҳрири нав ифода шудааст. Тибқи он «Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд».
- хусусияти дақиқкунанда ва мақсадро хубтар ифода намудани истилоҳ:
Дар қисми якуми моддаи ҳаждаҳум пешбинӣ шудааст, ки калимаи «ҳаққи зиндагӣ» ба калимаи «ҳуқуқ ба ҳаёт» иваз карда шавад.
Дар қисми чоруми моддаи бистум пешниҳод шудааст, ки калимаи «ҷиноӣ» ба калимаи «ҷиноятӣ» иваз карда шавад.
Дар қисми якуми моддаи ҳафтоду чорум пешниҳод шудааст, ки калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
Дар моддаи ҳаштоду чорум дар қисми сеюми модда пешниҳод шудааст, ки ибораи «Тарзи ташкил» ба ифодаи «Тартиби таъсис, ташкил» ва дар қисми панҷуми модда низ калимаи «Ташкили» ба калимаи «Таъсиси» иваз карда шаванд.
- хусусияти якхела истифода кардани истилоҳ ва ибораву калимаҳо:
Дар қисми сеюми моддаи панҷоҳу якум пешниҳод шудааст, ки ибораи «ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ» ба ибораҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар» иваз карда шавад.
Пешниҳод мешавад, ки дар банди ҳаждаҳуми моддаи шасту нуҳум калимаи «қарордодҳои» ба калимаи «шартномаҳои» иваз карда шавад.
Пешниҳод шудааст, ки дар тамоми матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
- хусусияти конститутсионӣ надоштани меъёр:
Ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи бисту ҳаштум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст ва тибқи он «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».
- истифодаи вожаҳои ноби тоҷикӣ:
Дар қисми якуми моддаи сиву ҳаштум пешниҳод шудааст, ки калимаи «туризм» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад.
- истифодаи роиҷи истилоҳ:
Дар қисми якум ва сеюми моддаи 40 пешниҳод мегардад, ки мувофиқан калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» ва калимаи «дар» ба калимаи «таҳти» иваз карда шаванд.
- мувофиқати истилоҳ ва ибораву калимаҳо:
Дар моддаи чилу панҷум пешниҳод шудааст, ки калимаву таркибҳои «додани» ва «вазифаи ҳар як кас мебошад» ба калимаҳои «супоридани» ва «ҳатмист» иваз карда шавад.
Омилҳои зикршуда далели онанд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба мақсадҳои олии худ ноил гардидани мардуми Тоҷикистон комилан мусоидат менамоянд.
Наргис РАҲМОНОВА, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон