4 ноябри соли равон нишасти матбуотии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири ҳақиқии давлатии адлия Салимзода Шерхони Одина оиди вазъи назорати прокурорӣ вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузории амалкунанда доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Салимзода Ш.О. изҳор намуд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсии ҷомеа маҳсуб ёфта, танзими муносибатҳои он аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарчашма мегирад.
Дар ин раванд, бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур аз тарафи мо ба ҳама прокуророни поёнӣ дастуру супоришҳо ҷиҳати таъмини назорати иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд. Аз онҳо талаб карда шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар самти мазкур таъмин намуда, ҳангоми санҷишҳои прокурорӣ, вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ мазмуну муҳтавои қонунгузории зикргардидаро пурраю ҳаматарафа ба самъи аҳолӣ расонида, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда ва стандартҳои байналмилалӣ баргузор гардидани маъракаи мазкур мусоидат намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо кафолати ба таври шаффоф ва демократӣ гузаштани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
Тибқи маълумотҳо дар ин давра ба КМИР ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот танҳо 4 муроҷиати роҳбарияти ҲНИТ ва бахшҳои он ворид гардид. Мо ба ин муроҷиатҳо шинос шудем, онҳо масъалаҳоеро дар бар мегиранд, ки ба салоҳияти комиссияҳои интихоботӣ мансуб мебошанд ва сари вақт баррасӣ гардида, аз натиҷааш ба муаллифони онҳо хабар дода шудааст.
-Дар мавриди ҷамъоварии имзоҳои интихобкунандагон барои дастгирии пешниҳоди номзадҳо ба мансаби Президентӣ ба мақомоти прокуратура ягон аризаю шикоят ворид нагардидааст. Танҳо баъзе маълумотҳо оид ба ҷой доштани қонуншиканиҳо дар вақти ҷамъоварии имзоҳои интихобкунандагон барои дастгирии номзадии О.Бобоназарова аз шабакаи Интернет ва воситаҳои ахбори омма дастраси мо гардид, ки дар маҳалҳо масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ягон қонуншиканӣ, аз ҷумла ҷой доштани ҷиноят ошкор карда нашуд,- изҳор дошт Салимзода Шерхони Одина.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»