Дар сатҳи баланди демократӣ ва бо риояи принсипу арзишҳои байналмилалӣ баргузор гардидани интихоботи Президенти ҷумҳурӣ аз сатҳи иштироки интихобкунандагон дар ин маъракаи сиёсӣ вобаста аст. Воқеан, дар мамлакат халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилон амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.
Ҳокимияти давлатие, ки сарчашмаи ягонаи он халқ ба ҳисоб меравад, дар асоси таҷзияи он ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ сохта мешавад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ аслан тавассути интихобот ва ё бо усули таъинӣ таъсис меёбанд. Аз ин бармеояд, ки интихобот аз ҷумлаи маъракаҳои сиёсиест, ки тавассути он фаъолияти қонунии сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин ва василаи сиёсӣ ва ҳуқуқие арзёбӣ мегардад, ки рушди босубот ва муназзами давлат ва ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин менамояд. Дар шароити давлати ҳуқуқбунёд таъсис ва таъмини фаъолияти ниҳодҳои демократии изҳори иродаи шаҳрвандон, махсусан ширкати онҳо дар интихобот, бояд мақсад ва вазифаи аввалиндараҷаи давлатро ташкил намояд. Мувофиқан, масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагон ҷиҳати иштироки фаъоли онҳо дар маъракаҳои интихоботӣ бояд маҳз ба ҳамин навъи зарурият асос ёбад.
Модоме ки дар шароити давлати демократӣ халқ асоси ҳокимияти давлатӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ пазируфта мешавад, интихоби мақомоти калидии мамлакат ба зиммаи ӯ вогузор аст, маҷмӯан идораи мамлакат ба вай вобаста шудааст, таъмини масъулияти шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ бобати иштироки фаъол дар маъракаҳои интихоботӣ, аз масъалаҳои умда арзёбӣ мегардад.
Шаҳрвандон бояд донанд, ки изҳори иродаи онҳо зимни маъракаҳои интихоботӣ, барои ташкили шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдории миллӣ ва тақдири наслҳои оянда, нақши ҳалкунанда дорад.
Гузашта аз ин, интихобот яке аз қадимтарин падидаҳои ҷомеаи башарӣ ва унсури ҷудонопазири ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ба ҳисоб рафта, чун ифодаи олии ҳокимияти халқ, воситаи амалишавии соҳибихтиёрии халқ, василаи қонунӣ гардонидани ҳокимият, роҳи ташаккули мақомоти олии давлатӣ, интихоби шахсони арзанда ба вазифаҳои муҳими давлатӣ, пайравӣ ва нишон аз арзишҳои умумибашарӣ ва демократӣ доштани давлат маънидод карда мешавад.
Чун шакли идораи кишвар мувофиқи қисми 2-и моддаи 1-уми Конститутсия ҷумҳурии президентӣ аст, мазмун дар он ифода меёбад, ки Президенти кишвар аз ҷониби шаҳрвандон ба муҳлати муайян интихоб карда мешавад. Интихоб шудани Роҳбари давлат ва ташкил шудани мақомоти олии давлатӣ тавассути интихобот аз табиати шакли идораи ҷумҳуриявӣ бармеояд. Яъне, ҷумҳурӣ чунин шакли идоракунист, ки дар он мақомоти олии давлатӣ ба муҳлати муайян интихоб мешавад. Тавассути интихобот шаҳрвандон имкон пайдо менамоянд, ки беҳтарин намояндаро барои иҷрои ормону ирода ба вазифаҳои масъул интихоб намоянд. Дар асоси қонунгузорӣ айни замон бо роҳи гузаронидани интихобот вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, вакилони ҷамоат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз ҷониби шаҳрвандон интихоб карда мешаванд.
Бо дарназардошти муҳимияти мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми шохаҳои ҳокимияти олии давлатӣ боби 4-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президент» ном дошта, мувофиқи моддаи 64 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ба ҳисоб рафта, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмиалии Тоҷикистон мебошад.
Нақши интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ дар инкишофу пешравии ҷомеа ва рушди давлати демократӣ назаррас аст. Яке аз дастовардҳои муҳими интихоботи Президенти Тоҷикистон он аст, ки дар давлат мақоми олии ҳокимияти давлатӣ – Президент ташаккул ёфта, ба воситаи он Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия интихоб карда мешавад. Президент ҳамчун рамзи давлат ва ифодакунандаи якдилии миллат дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ташкили мақомоти давлатӣ, таъин ва озод кардани кадрҳо, намояндагии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, таъмини амният, мудофиа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дорои ваколатҳои муайян мебошад. Маҳз фаъолияти самаранок ва бомароми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои боэътимоди ҳуқуқиву ташкилии фаъолияти муназзами рукнҳои муҳими давлатдориро дар кишвар фароҳам оварда, барои ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва шарафи шаҳрвандон, ҳифзи сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, хизмати содиқона ба халқ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагонии ҳар як фарди кишвар мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти авзои ноороми сайёра, хурӯҷ ва паҳншавии бемории сироятии COVID — 19 дар ҷаҳон, таъсир ва паёмадҳои ногувори он, инчунин фаъол гаштани амалҳои ҷиноятпешаи гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, беш аз пеш ба амнияту бехатарии кишвар ва ҳифзи якпорчагии он хатару таҳдидҳоро ба миён оварда, зарурияти оҷилан андешидан ва амалӣ сохтани чорабиниҳои дахлор ва тадбирҳои судмандро бо мақсади ҳифзи амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, сиҳатии аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тақозо менамояд. Бояд эътироф намуд, ки Президент дар ҷомеаи кунунӣ ҳамчун рамзи давлат, ваҳдату якдилӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидии сокинон ба ҳисоб рафта, саҳми ӯ ҳамчун Сарвари давлат дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъмини ваҳдати миллӣ, зиндагонии арзанда ва пурнишоти сокинони кишвар ва боло бурдани нуфузу эътибори мамлакат дар арсаи байналмилалӣ беназир аст. Аз ин рӯ, дар чунин лаҳзаҳои ҳассос мардуми сарбаланду тамаддунофари тоҷик, ҳамчунин рукнҳои давлатдорӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ниёзи бештар ба фаъолияти бобарор, роҳбарӣ ва роҳнамоии Президенти кишвар ҳамчун Сарвари давлат доранд.
Чун дар арафаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, масъалаи таъмини масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагонро бобати иштироки фаъол дар интихоботи қарибалвуқӯъ бояд хеле мубрам шуморем. Шаҳрвандон бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар интихобот ширкат намоянд, дар самти муайян намудани дурнамои инкишофи давлатдорӣ бетарафӣ ихтиёр накарда, иродаашонро ба ҷонибдории номзади мувофиқ ва арзанда изҳор намоянд.
Ширкати фаъоли интихобкунандагон дар маъракаи интихобот аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии онҳо вобаста аст. Бинобар ин, тақвият бахшидан ба масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагон роҷеъ ба ширкати ҳатмӣ ва фаъолонаи онҳо дар интихобот бояд аз таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии онҳо оғоз ёбад. Маъмулан, фарҳанги ҳуқуқӣ сатҳи умумии дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва муносибати воқеии ҷомеаро ба падидаҳои ҳуқуқӣ ифода менамояд. Ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон аслан тавассути таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ба даст меояд. Мувофиқан, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо эътирофи он, ки таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ғайриимкон мебошад, «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2009-2019» дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 таҳти №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2008 таҳти №233 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 баён гардидаанд» қабул карда (29 апрели соли 2009 № 253), қисме аз вазорат ва идораҳои давлатиро масъули татбиқи он намудааст. Мақсади асосии барнома аз баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолияти сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ ва ғайра иборатанд. Бинобар ин, таҳкими маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон, бояд дар заминаи маҳз ҳамин санади ҳуқуқӣ ва мақсаду вазифаҳои дар он дарҷгардида ба роҳ монда шавад. Зеро таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҳаҷман хеле васеъ буда, таҳкими донишҳои ҳуқуқиро дар самти ҳуқуқҳои интихоботӣ низ фаро мегирад.
Фарҳанги сиёсӣ бошад, маҷмӯи донишҳои сиёсӣ ва эътимоди шаҳрвандонро дар хусуси воқеияти сиёсӣ ифода намуда, дар тарз ва натиҷаҳои фаъолияти сиёсии одамон зоҳир мегардад. Аз ин бармеояд, ки фарҳанги сиёсӣ бештар ҷанбаи фаъолнокӣ дошта, пеш аз ҳама, амалишавии эътиқоду эътимод ва ормонҳои сиёсии мардумро дар ҳаёти воқеӣ тақозо дорад. Маълум мешавад, ки мавҷудияти сатҳи дахлдори фарҳанги сиёсӣ дар ҷомеа масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагонро бедор намуда, ширкати фаъоли онҳоро дар маросими интихобот таъмин менамояд.
Натиҷаи таҳлилҳои муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки иштироки фаъоли шаҳрвандон дар маъракаҳои интихоботӣ, дар давлатҳое бештар ба назар мерасад, ки сокинони он аз сатҳи олии фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бархӯрдоранд, яъне қонунгузории интихоботии кишварро хеле хуб медонанд, дар хусуси номзадҳо иттилои кофӣ ба даст меоранд, дарк менамоянд, ки ормонҳо ва ғояҳои сиёсиашон тавассути фаъолияти сиёсии кадом номзад ва ё аҳзоби сиёсӣ татбиқ мегарданд ва ниҳоят, раъйро ба ҷонибории онҳо изҳор медоранд. Самараи ин ҳолатро дарк намуда, давлатҳои мутамаддин роҳ ва усулҳои анъанавии таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии интихобкунандагонро тақвият дода, аз пайи коркарди усулҳои муосири таъмини фаъолнокии иштирокчиёни ҷараёни интихобот гардидаанд. Низоми интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвияти масъулияти шаҳрвандии интихобкунандагон барои ширкати фаъол дар интихобот, бояд маҳз аз ҳамин нуқтаи назар таҷдид шавад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон тавассути роҳ ва усулҳои гуногун ба даст омада метавонад. Маъмултарин роҳи расидан ба ин ҳадаф дар шароити муосир истифодаи чорабиниҳои иттилоотӣ мебошад. Иттилооти ҳуқуқӣ яке аз асосҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ба шумор рафта, тарғиби дурусти он барои бунёди шакли нави шуури шаҳрвандони мамлакат, ки яке аз олитарин талаботи давлати ҳуқуқӣ аст, заминаҳои муҳим эҷод менамояд. Дар арафаи интихобот бояд бо истифода аз имконоти матбуот ва ҷалби васеи ҳуқуқшиносон чорабиниҳои иттилоотиро ба таври васеъ амалӣ созем. Дар роҳи таъмин ва таҳкими фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии интихобкунандагон тарз ва усулҳои гуногун мавриди истифода қарор мегиранд, ки маъмултарини онҳо маҳз ВАО ҳастанд Воқеан, асри ҷадид ин асри иттилоот аст ва ВАО, ки аз ҷумлаи таъминкунандагони асосии фазои иттилоотӣ ҳастанд, ҳамчунин аз судмандтарин василаҳои тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардум арзёбӣ мегарданд. Пас дар шароити ҳозира зарурати таъмини камолоти фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ба назари эътибор гирифта шуда, аз ин василаҳо муттасилан истифода мебаранд. Мувофиқан, иқдомоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар дар самти роҳандозӣ намудани шарҳу тавзеҳи интихобот ва масъалаҳои марбут ба он, бо истифода аз имконоти телевизион, радио, рӯзнома ва шабакаҳои фаъоли интернетӣ, шоистаи таҳсин аст.
Дар ин самт, лозим аст, ки ба шаҳрвандони мамлакат бобати низоми интихоботӣ, усул ва шаклҳои ширкат дар интихобот ва дар маҷмӯъ, талаботи қонунгузории амалкунандаи интихоботии кишвар маълумоти муфассал манзур карда шавад. Дар натиҷаи анҷом додани тадбирҳои таблиғотию иттилоотӣ шаҳрвандон бояд зарурати иштирок дар интихоботро дарк намоянд ва мавқеи шаҳрвандиро рӯзи интихобот ҳатман муайян созанд.
Баргузор намудани конфронс, семинар ва суҳбатҳои гирди мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои ҳуқуқи интихоботӣ низ дар роҳи таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии интихобкунандагон нақши муҳим бозида метавонанд. Танҳо зарур аст, ки дар ин навъи чорабиниҳо намояндагони табақа ва қишрҳои гуногун, махсусан онҳое, ки аз ҷараёни таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ каме дар канор мондаанд, ҷалб шаванд.
Дарвоқеъ, таъмини маърифатнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон, бедор намудани эҳсоси масъулиятшиносӣ ва қарзи шаҳрвандӣ дар замири онҳо аз ҷумлаи масъалаҳои хеле муҳим ба шумор мераванд. Давлатҳои мутамаддин ҷиҳати муваффақ шудан дар ин самт иқдом ва тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ намуда, пайваста аз думболи коркард ва татбиқи барномаю дурнамо ҳастанд.
Дар радифи таҳкими фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии интихобкунандагон, мусоидат бахшидан ба бедоршавии ҳисси масъулиятшиносӣ ва дарки қарзи шаҳрвандии онҳо ҷиҳати ширкати фаъол доштан дар маъракаи интихобот низ аз масъалаҳои мубрам буда, тарғибу ташвиқот ва тасмимҳои иловагиро тақозо доранд. Зиёда аз ин, дар доираи танҳо пахши як навори эфирӣ фаро гирифтани ҷузъиёти интихобот амали номумкин аст. Аз ин рӯ, дар роҳи тарғибу ташвиқи интихобот ва мувофиқан баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии интихобкунандагон, афзудани масъулияти шаҳрвандии онҳо бобати ширкати фаъолона доштан дар ҷараёни интихобот, зарурият ба ҷустуҷӯ ва коркарди роҳ ва усулҳои иловагӣ ба миён меояд. Ҳамчунин. бояд хотирнишон сохт, ки кори фаҳмондадиҳии қонунгузорӣ ва маҷмӯан тартиби интихобот, ҷалби васеи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро мехоҳад. Бинобар ин, сохторҳои дигари иҷтимоиро низ лозим аст, ки бетарафиро ихтиёр накарда, зарурияти интихоботро барои ривоҷи минбаъдаи давлатдории миллӣ, дурнамои инкишофи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат беғаразона тарғиб намоянд. Аз мактабҳои таҳсилоти умумӣ, олӣ то ба зинаҳои болоии сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ (махсусан, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ) бояд дар хусуси интихобот ҷамъомад, конфронс, суҳбатҳои гирди мизҳои мудаввар ва дигар навъи нишастро баргузор намоянд. Дар ин замина, ҳатман ва мунтазам таъкид карда бояд шавад, ки интихобот василаи асосии ширкати шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва сиёсӣ буда, ба ин восита дурнамои зиндагонии наслҳои оянда низ муайян мегардад.
Инчунин, дар хотир бояд дошт, ки интихоботи дарпешистода омили муҳим ва навбатии таҳкими бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, густариши демократия, таъмини зиндагии арзандаи сокинони кишвар, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, пойдориву бардавомии давлат, роҳи асосии муттаҳидкунандаи миллат ба нафъи пешрафту шукуфоии кишвар ба ҳисоб меравад. Он ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванд, ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо менамояд.
Натиҷаи баргузории интихоботҳо дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди озод ва ихтиёрӣ будани иштирок, фоизи ширкати шаҳрвандон дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ тамоюли болоравиро касб намудааст. Ин, албатта, падидаи нек ва гувоҳи он аст, ки шаҳрвандони кишвар дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсии кишвар, низоми идоракунӣ ва давлатдорӣ аз боби масъулиятшиносӣ ва иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар назди давлату миллат кор гирифта, муҳим будани овози худро барои таъмини пешрафт ва дурнамои дурахшони Ватан дарк намудаанд. Ва ҷойи ифтихор аст, ки фарҳанги ҳуқуқии интихобкунандагон сол то сол боло рафта истодааст. Яқин аст, ки онҳо интихоботро на танҳо ҳамчун як василаи амалишавии ҳуқуқҳои сиёсӣ, балки воситаи асосии саҳм гузоштан дар ҷодаи идоракунии ҳаёти сиёсии ҷомеа пазируфтаанд. Эҳсос кардаанд, ки дарёфти роҳи дурусти пешрафт ва тараққиёт дар мамлакат маҳз аз интихоби дурусти онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, боисрор бояд таъкид сохт, ки интихоби дуруст омили ҳама гуна пешравиҳост.
РАҲМОН Дилшод,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният