Таъмини шаффофият дар мадди аввал

№27 (4923 28.02.2025

ИНТИХОБОТЯке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи демократӣ интихобот ба ҳисоб меравад. Тамоми шаҳрвандони кишвар, ки аз 18-сола болоянд, дар интихобот ширкат варзида, ба тарафдории номзади арзанда раъй медиҳанд. Мардумсолорӣ, ки решаҳои таърихӣ дорад, ҳанӯз аз замони Куруши Кабир ва фарҳанги Юнони бостон маншаъ гирифта, дар замони нав  яке аз муҳимтарин ва беҳтарин шакли идоракунии сиёсии ҷомеа гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳиб­истиқлолӣ демократикунонии ҳаёти ҷомеа тақвият ёфт ва бо ташаккул ёфтани ниҳоди идоракунии президентӣ солҳои 90-уми қарни гузашта аввалин интихобот доир шуд. Ҳамин тавр, аз тариқи раъйпурсӣ қабул шудани Конститутсия, ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба он, интихобот ва раъйпурсии парлумонӣ дар чорчӯбаи қонунгузорӣ ва қонунҳои байналмилалӣ баргузор гардидаанд.

Мусаллам аст, ки ниҳоди иҷтимоӣ дар ҷомеа зина ба зина ташаккул ёфта, татбиқи  он боз ҳам дар зинаҳои болотар ба роҳ монда шуда, меъёрҳо ва шаффофияти он низ такмил меёбад. Дар Тоҷикистон низ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ интихобот ва раъйпурсӣ зина ба зина такмил ёфта, он ба меъёр­ҳои байналмилалӣ мутобиқ шудааст. Дар ҳар давраи интихоботӣ Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо назардошти пешниҳодҳои созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва меъёрҳои қонунгузории кишвар раванди интихоботро муайян месозад.

Тайи солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ бо назардошти меъёрҳои давлати демократию дунявӣ ҳизбҳои гуногун, ки ҳар кадоме дорои барномаву оинномаи хешанд, вориди майдони сиёсӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои худ бо роҳи мусолиматомез сабқат мекунанд. Имрӯз дар Тоҷикистон гуногунии ақидатӣ ҷой дошта, ҳизбҳо ҷиҳати расидан ба ҳокимияти сиёсӣ аз роҳҳои машруъ истифода менамоянд.

Айни ҳол кишвар дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ қарор дорад ва дар он ҳизбҳои сиёсии кишвар вориди корзори интихоботӣ гардида, намояндагони хешро пешниҳод намудаанд ва ҳамарӯза тибқи реҷаи тасдиқнамудаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор мегардад.

Ҳамчунин, байни намояндагони ҳизб­ҳои гуногун дебат сурат гирифта, барои онҳо шароити якхела ҷиҳати таблиғи барномаҳояшон фароҳам оварда шудааст. Онҳо аз рӯйи меъёри муқаррарнамудаи қонун тавассути расонаҳо, аз ҷумла радиову телевизион, рӯзномаҳо, инчунин, аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, таблиғи барномаи пешазинтихоботии хешро ба роҳ мондаанд. Илова бар ин, ҳамарӯза тавассути шабакаҳои телевизионӣ барномаҳо оид ба тартиби баргузории интихобот доир шуда, ин имкон медиҳад сатҳи худшиносӣ ва донишҳои ҳуқуқии мардуми кишвар боло бурда шавад.

Дар маҷмуъ, барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳидаи худпешбар имкониятҳои якхелаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, ҳеҷ гуна табъизи ҳуқуқию сиёсӣ ҷой надорад. Нозирони хориҷӣ ҷиҳати мушоҳида намудани шаффофияти интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар ин раванд иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои байналмилалӣ омода аст нозиронро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷиҳати назорати шаффофияти интихобот пазироӣ намояд.

Муҳимтар аз ҳама, руҳияи мардуми кишвар созанда аст ва онҳо дар саросари кишвар ба ин маъракаи муҳим, ки ҳаёти сиёсии 5 соли ояндаро муайян месозад, бетараф нестанд. Онҳо хуб медонанд, ки сарнавишти ояндаи кишвар аз интихоби огоҳонаи онҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳама талош меварзанд, то дар вохӯрии номзадҳо ширкат варзида, барномаҳои онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, суол­ҳо ва мушкилоти хешро дар миён гузоранд. Ин ҳолат нишондиҳандаи он аст, ки мардуми кишвар сатҳи баланди худшиносӣ ва маърифати баланди ҳуқуқиву сиёсӣ доранд ва барои сарнавишти ояндаи кишвар бетараф нестанд.

Акбар САЛИМОВ,

ходими калони илмии АМИТ