Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷиргатол мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» комиссияи ноҳиявии интихоботии ноҳия ташкил гардид. Фаъолияти ин комиссия хуб ба роҳ монда шудааст.
-Имрӯзҳо дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд, -гуфт дар суҳбат раиси комиссияи ноҳиявӣ Р.Сангаков. -Масъулини интихобот аз ҳисоби шахсони масъул ва маъруфи ноҳия гурӯҳҳои корӣ ташкил кардаанд ва онҳо мунтазам дар деҳа, чойхона-фароғатгоҳҳо бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд.
Дар ноҳияи Ҷиргатол 40 ҳавза ва 52 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Шумораи овоздиҳандагон 27729 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 696 нафар бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд.
Ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 81 нафар, аз ҷумла даҳ нафар занон аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва худпешбарӣ ба қайд гирифта шудаанд.
***
Бо қарори комиссияи ноҳиявии интихоботии ноҳияи Нуробод № 39 ҳавзаи интихоботӣ ва 52 участкаи интихобота таъсис дода шудааст. Чор деҳоти ноҳия- «Ҳакимӣ», «Муҷихарф», «Сафедчашма» ва «Комсомолобод», ки 26388 овоздиҳанда доранд, ба ҳавзаи интихоботии якмандата оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Файзобод №11 дохил мебошанд.
Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов, «Хумдон» ва шаҳраки Дарбанд бо 10681 овоздиҳанда ба ҳавзаи интихоботии якмандата оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии Рашт №12 ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Шумораи умумии интихобкунандагон дар ноҳия 37069 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 889 нафар ҷавононе мебошанд, ки бори аввал дар интихобот ширкат варзида, овоз медиҳанд.
Дар ҳавза 87 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 15 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва аз тариқи худпешбарӣ барои соҳиб шудан ба мандати вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбарӣ шудаанд.
-Мо итминони комил дорем, ки интихобот дар ноҳия дар сатҳи баланд мегузарад ва тамоми овоздиҳандагон дар он фаъолона ширкат меварзанд, — гуфт дар суҳбат раиси комиссияи ноҳиявӣ М.Пудинаев.
Д. МИРЗО, «Садои мардум»