Такмили қонунҳо фаъолиятро тавсеа мебахшанд

№81 (3718) 08.07.2017

Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ се сол аст, ки фаъолият мекунад. Дар шароити кишвар, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, таъсиси ин сохтор амри воқеист. Суҳбати хабарнигорамон бо директори хадамоти мазкур Замонзода Мадамон Амирхон ин ва дигар масъалаҳоро дар бар мегирад.

 

-Табиист, ки ҳар як сохтор фаъолияти хешро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш мебарад. Дар хадамот, ки навтаъсис аст, ин раванд чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?

- Дар ҷумҳурӣ то соли 2010 қонун дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ вуҷуд надошт ва корҳои назоратӣ дар асоси дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мешуд. Биноан, 29 декабри соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» қабул гардид.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна дуюмин давлатест, ки дорои ин қонун мебошад. Дар асоси қонун 1 августи соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ таъсис ёфт. Он мақоми ваколатдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ пас аз баистифодадиҳӣ анҷом медиҳад.

Мутахассисони хадамот дар доираи ваколат дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омода намудани пешниҳодот оид ба такмили меъёрҳои соҳавӣ иштирок ва назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ оид ба риояи меъёр ва қоидаҳо ҳангоми таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои таъмир, сохтмони сарбандҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, нақбҳои обгузар ва дигар иншооти гидротехникӣ анҷом медиҳанд. Ба ғайр аз ин, аз ҷониби мутахассисон дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамалу ­тавсияҳои иттилооти техникӣ вобаста ба таъмини бехатарӣ дар иншооти гидротехникӣ омода ва нашр мегарданд.

- Ба назари шумо кадом санадҳо ба такмил ниёз доранд?

- Ин раванд ногузир аст ва лозим меояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа давра ба давра такмил дода шаванд.

Бо ин мақсад лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2014, №511 «Дар бораи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ», лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №436 «Дар бораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи масъалаҳои бехатарии иншооти гидротехникӣ», лоиҳаи Қонуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва барои хулоса ба вазорату идораҳо пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо мақсади мутобиқнамоӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооти гидротехникӣ таҳия шудааст.

Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» самтҳои таъмини фаъолияти иншооти гидротехникиро бо ҳуқуқу уҳдадориҳои моликони иншооти гидротехникӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти назоратӣ муайян ва навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳоро оид ба бехатарии иншоот муқаррар намудааст. Бо вуҷуди ин, ҳолати кунунӣ тақозо дорад, ки барои мушаххас батанзимдарории ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони масъул ва фаъолияти минбаъдаи онҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор иловаҳо ворид гарданд. Дар сурати ҷонибдорӣ ёфтани лоиҳаи қонунҳои мазкур фаъолият боз ҳам беҳтар мегардад.

Мусоҳиб Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»