Бисту нуҳуми декабри соли 2014 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласа доир гардид, ки дар он як масъала — «Дар бораи ташкил кардани участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ» баррасӣ гардид.
Мутобиқи моддаҳои 12 ва 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд.
Дар асоси қарори мазкур дар давлатҳои хориҷаи зерин 35 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд: дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия (шаҳри Вена), Аморати Муттаҳидаи Араб (шаҳри Абу Забӣ), Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (шаҳри Кобул), Ҷумҳурии Беларус (шаҳри Минск), Шоҳигарии Белгия (шаҳри Брюссел), Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (шаҳри Лондон), Ҷумҳурии Қазоқистон (шаҳри Остона), Давлати Қатар (шаҳри Давҳа), Ҷумҳурии Қирғизистон (шаҳри Бишкек), Қувайт (шаҳри Ал-Қувайт), Ҷумҳурии Мисри Араб (шаҳри Қоҳира), Ҷумҳурии Озарбойҷон (шаҳри Боку), Ҷумҳурии Федеративии Германия (шаҳри Берлин), Ҷумҳурии Исломии Покистон (шаҳри Исломобод), Федератсияи Россия (шаҳри Москва), Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (шаҳри Ар-Риёз), Ҷумҳурии Туркия (шаҳри Анқара), Ҷумҳурии Туркманистон (шаҳри Ашқобод), Украина (шаҳри Киев), Ҷумҳурии Ӯзбекистон (шаҳри Тошкент), Ҷумҳурии Франсия (шаҳри Париж), Ҷумҳурии Халқии Хитой (шаҳри Пекин), Ҷумҳурии Ҳиндустон (шаҳри Деҳлӣ), Конфедератсияи Швейтсария (шаҳри Женева), Штатҳои Муттаҳидаи Америка ( шаҳри Вашингтон), Ҷумҳурии Исломии Эрон (шаҳри Теҳрон), Япония (шаҳри Токио), консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Алмаато, Дубай, Истанбул, Екатеринбург, Уфа, Қундуз, Мазори Шариф ва Файзобод.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»