Бисту панҷуми сентябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Масъалаҳои зерин: «Гузориши роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2013 таҳти №39 «Дар бораи муқаррар намудани тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ба нозирони миллӣ, нозирони байналмилалӣ ва намояндагони воситаи ахбори омма пешниҳод намудани нусхаҳои протоколҳои комиссияи участкавии интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ, комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа гузориши роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Додоев шунида шуд.
- Яке аз муқаррароти муҳими ин қарор, ки дар бандҳои якум ва дуюм зикр ёфтаанд, аз он иборат аст, ки барои ташкили ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзади ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаришуда, гурӯҳҳои ташаббускор ташкил карда мешаванд, — гуфт дар гузориши худ Абдуманон Додоев.
- Субъектоне, ки номзадро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудаанд, рӯйхати гурӯҳҳои ташаббускорро бо зикри насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷойи кор ва истиқомат, ҳизбияти онҳо ва роҳбарони гурӯҳҳоро тартиб дода, ба он муҳр мегузоранд, ки ин ҳуҷҷат асоси ҳуқуқии фаъолияти онҳо дар давраи ҷамъоварии имзои шаҳрвандон мебошад.
Аз 17 то 24-уми сентябри соли ҷорӣ ба ҳизбҳои наҳзати исломӣ, аграрӣ, демократӣ, сотсиалистӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, коммунистӣ ва иттифоқи ҷавонон, ки номзадҳоро ба мансаби президентӣ пешбарӣ кардаанд, 4000 нусхагӣ барои ҷамъоварии 212.000 имзо ва аз ин зиёд варақаҳои имзо- ҷамъоварӣ дода шуданд ва онҳо ба ҷамъоварии имзоҳо шуруъ кардаанд.
Сарфи назар аз ин, ҳоло ҳам нофаҳмию норозигиҳо байни намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии баъзе шаҳру ноҳияҳо, ба таври пурра риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби чӣ гурӯҳҳои ташаббускор ва чӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба миён меоянд.
Ба маълумоти шахсони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо расонида шуд, ки ҷамъоварии имзоҳо ба фаъолият кардан ё накардани ташкилоти ибтидоӣ ва тарафдор доштан ё надоштани ин ё он ҳизб иртибот надошта, ҳар як шаҳрванд, ки ҳуқуқи интихоб кардан дорад, ба тарафдории номзади ин ё он ҳизб ихтиёрӣ ва озодона ҳуқуқи имзо кардан дорад.
Маъракаи мазкур рӯзи 7 октябри соли ҷорӣ хотима меёбад ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои ташаббускор муқаррароти Қарори КМИР-ро аз 31 августи соли 2013 қатъиян риоя намуда, ҷамъоварии на камтар аз 210.000 имзои шаҳрвандонро бояд дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонанд.
Дар навбати худ КМИР масъалаи мазкурро зери назорати доимии худ қарор дода, ба намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён таъкид намуд, ки ҷараёни имзоҷамъоварӣ аз ҷониби аъзои КМИР, кормандони дастгоҳи Комиссияи марказӣ ва комиссияҳои ҳавзавӣ зери назорати қатъӣ қарор дода, кӯшишҳои вайрон кардани муқаррароти қонун ва қарори дахлдори КМИР-ро сари вақт пешгирӣ намоянд.
Масъалаи дуюми рӯзнома мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи ба нозирони миллӣ, нозирони байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма пешниҳод намудани нусхаҳои протоколҳои комиссияи участкавии интихобот дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ, комиссияи ҳавзавии интихобот дар бораи натиҷаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муҳокима шуд. Вобаста ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Дар ҷаласа намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»