22 майи соли 2016 – Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ

Вакилон дар назди мардум

№58 (3538) 05.05.2016

Аз 26 апрел то 4 майи соли равон гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатшои Рӯзадор, Бибидавлат Авзалшоева вобаста ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияҳои Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон, Мурғоб ва шаҳри Хоруғи ВМКБ вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯриҳо, аз ҷумла, зикр шуд, ки бо дарназардошти рушду нумӯъ ва пешрафту инкишоф ҷомеа талаб мекунад, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳким ёфта, шакли идоракунӣ боз ҳам муназзаму мукаммал гардад. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими сулҳу Ваҳдат ва тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат намояд. Ин пешравӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардуми Бадахшон дар сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳур меёбад.

Ҳамчунин, намояндагони мардумӣ бо кору фаъолияти қисме аз ҳавза ва участкаҳои раъйдиҳӣ шинос гардиданд.

 Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»

***

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул 27 — 28 апрел ва 2 — юми майи соли равон дар деҳаҳои ба номи А. Ҷомӣ, ­Гулистон, Янгитурмуш, Навҷувон, Меҳнатобод ва Дониёрқули деҳоти «Меҳнатобод», деҳаҳои Маҳсулобод, Афзалӣ, Бибихурам,  Навобод, Тоҷикобод, Ш. Шоҳтемур, Н. Қара­боеви шаҳраки Бохтариён ва маркази ноҳияи Бохтар бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд. Ҷобирзода Тоҳир Гул зикр кард, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикис­тон, тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйироти Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар идома номбурда аз ибтикороти амалинамуда ва нақшаҳои неки Роҳбари мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикис­тони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Иқдомоти дар ин самт амалишуда ва амалимегашта дар доираи се ҳадафи стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ сурат гирифта, ба раванди муттасил табдил ёфтааст.

Ҷобирзода Тоҳир Гул афзуд, ки Конститутсия ҳамчун муайянкунандаи асос­ҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо мебошад. Инкишофу пешрафти ҷомеа, хусусан давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбанд, идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа босуръат пеш рафта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ баланд гардад, сулҳу ваҳдат ва қонунияту тартиботи ҷамъиятӣ устувор ва мустаҳкам шавад.

Дар доираи мулоқоти худ бо интихобкунандгон ­Ҷобирзода Тоҳир Гул, ҳамчунин аз участкаҳои интихоботӣ дидан намуд.

 Далер Мерганов, «Садои мардум»

***

Дар ноҳияи Муъминобод вохӯрии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Пӯлод Муҳиддиниён ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Абдуҳалим Ғаффоров бо раъй­диҳандагони ҳавзаи раъйпурсии Муъминобод №60 баргузор гардид.

Раиси ноҳия Тоирхон Амиршозода дар оғоз баромад карда, мақсад аз ҷамъомадро шарҳ дод. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ва омодагиҳо ба рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ изҳори андеша намуданд.

Дар ҷамъомад қайд гардид, ки ҳавзаи раъйпурсии Муъминобод №60 ва участкаҳои раъйпурсии он барои дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаи муҳим пурра омодаанд.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»

***

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтовар Сафаров дар деҳоти «Киров»-и ноҳияи Вахш бо интихобкунандагон мулоқот намуда, роҷеъ ба аҳамият ва моҳияти пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсии умумихалқӣ маълумоти мукаммал дод.

Бахтовар Сафаров, аз ҷумла иброз намуд, ки мақсади асосӣ аз ин пешниҳод таъмини рушди устувору бардавоми ҷомеа ва соҳаҳои мухталифи он мебошад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «Мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул  ва амалӣ карда мешаванд».

Бахтовар Сафаров инчунин зикр намуд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ҷиҳати мусоидат ва амалӣ намудани ин мақсади олӣ кумак мерасонанд.

Дар анҷом Бахтовар Сафаров ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфт.

 М. СУЛТОНОВ, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

*** 

Бо мақсади шарҳ додани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар вилояти Хатлон вохӯрию мулоқот доир намуданд. Аз ҷумла, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Мирзодавлат Сабурзода, Мирзоанвар ­Аҳмадов, ­Ҳокимҷон Холиқов ва Олимҷон Бобоев 26-уми апрел дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ бо аҳолӣ суҳбат ­карданд.

Вакилон оид ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳодшаванда, сабабу зарурати ворид намудани онҳо сухан ронда, зикр намуданд, ки пешниҳодҳо ба хотири беҳбудбахшии рӯзгори мардум аст. Ҳамчунин, тағйиру иловаҳо боиси пойдории сулҳу субот дар ҷомеа хоҳад шуд.

Худи ҳамон рӯз вакилони парлумон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ вохӯрӣ намуданд.

 ***

Комиссияи ҳавзавии раъй­пурсии Қӯрғонтеппа №44 бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар наз­ди «Кохи Ватан» ва кӯчаю маҳаллаҳои маркази вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ — раъйдиҳии умумихалқӣ, бо иштироки аҳли ҷамотчигӣ ва гурӯҳи калони ҷавонон 26-уми апрели соли равон таҳти унвони «Ман овоз медиҳам» аксия доир намуд.

Ҷамъомадро раиси комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Қӯрғонтеппа №44 Амонулло Ашӯрзода ифтитоҳ бахшид. Сипас, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Муродзода, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Солиямоҳ Қосимова суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба таҳкими давлатдорӣ дар Тоҷикистон, инкишофи минбаъдаи ҷомеа, ҳамчунин беҳбуд бахшидани зиндагии мардум имконият фароҳам меоваранд.

Баъдан, бо мақсади ба сокинони шаҳр фаҳмондани аҳамияти ин маъракаи муҳим ва даъвати онҳо барои иштироки фаъолона гурӯҳи ҷавонони ­фаъол ба маҳаллаю кӯчаҳо рафта, ба мардум китоб­чаю буклет, варақаю дастурҳо тақдим намуданд.

 Давлат Султонов, «Садои мардум»

***

Бо мақсади шарҳ додани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 апрел дар деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ӯрунхӯҷаев №15 Ҷаббор Ахмедов бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Ҷаббор Ахмедов тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо ба Конститутсия ташреҳ дода, гуфт, ки дар шароити ҳассосу зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва бархӯрди қуд­ратҳо баҳри амалӣ намудани аҳдофи сиёсии худ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ногузир аст. Ҳадафи меҳварии ин иқдом, ҳамчунин таҳкими раванди демократикунонӣ,  ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини амнияти ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон, дар маҷмӯъ рушд ва пешрафти ҷомеа мебошад.

Ҳамин гуна мулоқот дар маҳаллаи Чашмаи арзанаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Турсунова бо сокинони маҳалла баргузор шуд.

Гулбаҳор Турсунова дар баробари тавзеҳ додани бандҳои тағйирпазири Конститутсия афзуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиндагии шоиста ва сазовори мардуми кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад ва Тоҷикистонро ҳамчун давлати воқеан ҳам демокративу дунявӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад.

 Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»

***

Дар толори мактаби президентии шаҳри Бӯстон ва қасри фарҳанги деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият ва ҳадафҳои он» бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷаббор Ахмедов доир ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳият ва ҳадафҳои таърихии он  сухан ронда, зикр кард, ки тағйирот бештар ба низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ ва фаъолияти онҳо бо институтҳои ҷамъиятӣ бо дарназардошти манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатдории миллӣ нигаронида шудааст.

- Вобаста ба ташаккули ҷомеа ва ниёзмандиҳои пешомада ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсия аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд ва амри муқаррарист. Масалан, Бразилия 64 маротиба, Венесуэла 30 маротиба, Гурҷистон 19 маротиба ба конститутсияашон тағйирот ворид намудаанд, — гуфт Ҷ. Ахмедов.

Сипас, номбурда тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо ба ­Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дод. Таъкид гардид, ки тағйиру иловаҳо барои таҳкими равандҳои демократикунонӣ,  ҳуқуқу озодиҳои инсон, низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини амнияти ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ба рушди ҷомеа нигаронида шудаанд.

 С. Абдувосит, «Садои мардум»