Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020

Вохӯрӣ бо номзадҳо ба мансаби Президенти мамлакат

№122 (4228) 01.10.2020

Дар толори  Кохи ба номи Лоиқи шаҳри Панҷакент номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода,  аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикис­тон Абдуҳалим Ғаффорзода, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон  Рустам Раҳматзода, аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев бо интихобкунандаҳо мулоқот ороста, муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботии худро шарҳ доданд.

Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимзода — шахси муътамади номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат варзида, дар баробари тафсири нуктаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб афзуд, ки дар он рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисоди мамлакат дар ҳафт соли оянда пешбинӣ шудааст.

Т. СОЛЕҲЗОДА