Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2020

Вохӯрӣ бо номзадҳо ба мансаби Президенти мамлакат

№122 (4228) 01.10.2020

Бисту шашуми сентябри соли 2020 дар Қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм вохӯрии интихобкунандагон бо номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, аз Ҳизби аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мироҷ Абдуллоев, аз Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низом Қосим шахси боэътимоди номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон баргузор гардид.

Рустам Латифзода зимни суханронӣ интихобкунандагонро бо муҳтавои барномаи пешазинтихоботии худ шинос намуд. Аз ҷумла, оид ба сиёсати давлатии аграрӣ гуфт, ки мавқеи ин бахш дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат баланд бардошта хоҳад шуд. Вобаста ба таҷдиди соҳа ва ба талабот ҷавобгӯ кардани фаъолияти Вазорати кишоварзӣ ва ба вазорат табдил додани Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар назар аст. Масъалаҳои озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ, баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон, ҳифз ва ба таври оқилона истифода бурдани захираҳои табиат низ мавзӯъҳои дигари суханронии Рустам Латифзода  буданд.

Низом Қосим узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи барномаи пешазинтихобии номзад муфассал ҳарф зад. Вай ёдовар шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлати Тоҷикистонро дар вазъияти ниҳоят душвор ба зимма гирифт ва ҳама шоҳиданд, ки онро дар як муҳлати кӯтоҳ аз чанголи балоҳо раҳо бахшид. Тоҷикистон дар даврони сарварии Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба мамлакати орому амн табдил ёфт, балки рушд намуда, дар қатори давлатҳои инкишофёбанда ҷой гирифт.

Номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев диққати сомеонро ба масъалаи рушди маориф ҷалб намуд. Аз ҷумла, иброз дошт, ки бо мақсади тарбияи мутахассисони боистеъдод ва арзанда барои соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар кор дар соҳаи рушди маориф бояд хубтар ба роҳ монда шавад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»