Вохӯриҳои якҷоя бо интихобкунандагон

№135 (3120) 24.10.2013

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Мутобиқи нақша номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон то ин дам дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Қайроққум, Мастчоҳ, Спитамен, Ашт, Зафаробод ва Ғончӣ дар алоҳидагӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуданд. Ҳамчунин, мутобиқи қисми 1 моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд.

Аз ҷумла дар толори Театри халқии шаҳри Истаравшан, Қасри фарҳанги шаҳри Исфара, толори маҷлисгоҳи хоҷагии деҳқонии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, коллеҷи технологии ноҳияи Зафаробод, толори Театри ба номи Ш. Бурҳонови ноҳияи Спитамен номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо интихобкунандагон мулоқот оростанд. Дар ин вохӯриҳо номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо аз ҳадаф ва барномаҳои пешазинтихоботии худ ба мардум маълумот дода, ба саволҳои сершумор посух гуфтанд. Ҳамчунин, тибқи нақша дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ вохӯрии якҷояи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон доир хоҳад гашт.

Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»