МУАРРИФИНОМА
Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич Ватанов якуми феврали соли 1962 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №29-и зодгоҳаш (соли 1979) ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1984 бомуваффақият хатм менамояд.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ҳамчун нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фархор оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои масъули мақомоти судӣ, аз ҷумла судяи суди вилояти Кӯлоб, муовини раиси суди вилояти Хатлон кор кардааст. Бо дарназардошти таҷриба ва масъулияти баланди корӣ ӯ моҳи майи соли 1995 ба вазифаи раиси Суди шаҳри Душанбе таъин гардида, то соли 2000 фаъолият намуд. Солҳои 2000-2007 муовини якум, муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Якуми апрели соли 2007 дар интихоботи миёнадаврии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати сеюм) интихоб гардидааст.
28 феврали соли 2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати чорум) интихоб шуд.
Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷониби Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ бо медали нуқраи «20-солагии АБП ИДМ» ва медали «Барои мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байнипарламентӣ» мукофотонида шудааст.
Муаллифи се асари илмӣ – тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафсири Шартномаи хариду фурӯши манзил ва китоби «Дастур барои машваратчиёни халқӣ» мебошад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.
Аз ҷониби ҲХДТ Маҳмадалӣ Ватанов аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1 маротибаи сеюм номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудааст.
Маҳмадалӣ Ватанов дар мақомоти судии кишвар фаъолияти густурда дорад. Ӯ аз зинаҳои поёнӣ то болоии ин мақомот дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Дар амалисозии сиёсати ҳуқуқии давлат ва таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ саҳми босазо дорад.
Хусусан фаъолияти ӯ дар ин самт дар парлумони касбӣ тақвият ёфт.
Таҷрибаи аз мақомоти судӣ гирифтааш имкон доданд, ки дар эҷоди қонунҳо донишу маҳорати худро пурсамар истифода барад. Чунин салоҳиятро ба вакилон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардааст. Мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошанд.
Маҳмадалӣ Ватанов бо истифода аз чунин ҳуқуқи конститутсионӣ дар раванди қонунэҷодкунӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ фаъолона иштирок намуда истодааст. Тӯли ҳашт соли фаъолият дар Парлумон ӯ тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу таҷрибаи худро барои қонунҳое, ки эъмори давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаро таъмин менамоянд, равона сохт.
Танҳо дар давраи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аз ҷониби Маҳмадалӣ Ватанов лоиҳаи 12 қонун таҳия ва пешниҳод шудааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» бори нахуст таҳия ва қабул шудаанд.
Мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мутобиқати лоиҳаи қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» баррасӣ намуда, ба онҳо хулоса медиҳанд ва ба ҷаласаҳои Шӯро ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоянд.
Ба салоҳияти Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла қонунгузорӣ оид ба тафсири Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон, оид ба низоми судӣ, мукофотҳои давлатӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ оид ба авф ва татбиқи он дохиланд.
Маҳмадалӣ Ватанов ҳамчун раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон якҷоя бо аъзои кумита кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки лоиҳаи қонунҳои таҳия ва пешниҳоднамудаи онҳо мутобиқ ба талаботи қонунэҷодкунӣ бошанд. Маҳмадалӣ Ватанов дар таҳияи лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расондани кумак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи авф» ва ғайра иштирок намуда, ҷиҳати мукаммалгардонии онҳо таклифу пешниҳодҳо кардааст.
Ба салоҳияти Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон қабули арзу шикояти шаҳрвандон низ дохил аст. Маҳмадалӣ Ватанов ба ҳайси раиси кумита танҳо соли 2014 зиёда аз 400 нафарро қабул намуда, дар доираи ваколати худ ба онҳо кумак расондааст.
Дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалидошта низ ӯ иштироки фаъолона дорад. Маҳамадалӣ Ватанов аз соли 2010 раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Самтҳои асосии Барномаи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маншаъ мегирад. Тавассути бевосита дар фаъолияти парлумони касбӣ иштирок намудан мехоҳад дар амалисозии воқеии волоияти қонун дар ҷомеа, тақкими асосҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, рушди устувори иқтисодии кишвар, боз ҳам беҳтар гардондани зиндагии мардум саҳми муносиб дошта бошад.
Мехоҳад дар таҳияи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, лоиҳаи қонунҳои марбут ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар таҳрири нав, «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ», таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҷрибаю маҳорати касбии худро истифода барад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»