22 январи соли ҷорӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолзанони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Занон ва интихобот» мизи мудаввар баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода роҷеъ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва саҳми занону бонувони мамлакат дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ ибрози назар карданд.
Сипас, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибов муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳ дод.
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Дилноза Аҳмадзода доир ба дастгирии ҷавонон, иштироки онҳо дар корҳои созандагиву ободонӣ ва маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода суханронӣ карда, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуд. Мавсуф бо итминон зикр кард, ки ҷавонон дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона иштирок хоҳанд намуд.
Дар интиҳои ҳамоиш иштирокдорон ба саволҳои худ доир ба интихобот ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»