Ё татбиқи Созишномаи грантии «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» чӣ гуна сурат мегирад?
26 ноябри соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои оби водии Фарғона» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа муҳокимаи парламентӣ «Оид ба татбиқи Созишномаи грантӣ (гранти № TFOA6507) «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» баргузор гардид.
Зимни он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуд, ки дар раванди татбиқи лоиҳа корҳои назаррас, аз қабили беҳтар намудани назорати истифодабарӣ ва тақсимоти об бо роҳи барқарор кардани дарвозаҳои обтақсимкунӣ, сохтмони обченкунакҳо дар сарҳади об ва таъмини ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо обченкунакҳо барои истифодаи оқилонаи оби полезӣ, амалӣ гардид.
- Ҳамчунин, Оинномаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон тасдиқ ва системаи билингӣ, яъне пардохти ғайринақдӣ дар ҳавза аз моҳи январи соли 2020 дар 14 ассотсиатсияи истифодабарандагони об ҷорӣ гардидааст. Маркази идораи лоиҳа дар баланд бардоштани сатҳи тавонмандии ташкилотҳои давлатии хоҷагии оби 5 ноҳияи зерҳадафи лоиҳа кори зиёдеро иҷро кардааст, — гуфт Рустам Латифзода.
Зикр гардид, ки дар доираи лоиҳа истифода намудани системаи билингӣ мувофиқи мақсад мебошад. Зеро дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ҷорӣ намудани системаи мазкур натиҷаи хуб дода истодааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ба воситаи система дар ҳама минтақаи мамлакат ҷорӣ гардад.
- Ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани мақоми дастгирии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ҷиҳати расонидани кумакҳои машваратӣ, методӣ ва иттилоотӣ барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ ва касбии кормандон пешниҳод шуд. Тибқи маълумот, бо сабаби набудани маблағ ин кор амалӣ карда нашуд. Дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ҳалли ин масъала мувофиқи мақсад аст. Зеро агар кормандони ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об донишу малакаи хуби истифодаи системаи обёриро соҳиб набошанд, пас самараи корҳо баъди ба охир расидани татбиқи лоиҳа натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, — афзуд Р. Латифзода.
Сипас, мушовир оид ба мониторинг ва арзёбии лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» Бозоралӣ Раҳмонов дар бораи татбиқи «Созишномаи грантии «барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд иброз дошт, ки он дар се минтақаи ҳавзаи дарёи Зарафшон – шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ва ду ноҳияи ҳамшафати ҳавзаи Сирдарё – Шаҳристон ва Деваштич татбиқ шуда истодааст.
- Барои татбиқи лоиҳа аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаи идоракунии захираҳои водии Фарғона» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва роҳбарии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, Бонки ҷаҳонӣ корҳои назаррас амалӣ шуданд, — гуфт Бозоралӣ Раҳмонов ва мисол овард, ки дар шаҳру навоҳии зикршуда 1031 км ҷӯйборҳои дохилихоҷагӣ, 3737 канал барқарор шуданд. Дар иҷрои корҳои барқароркунии каналҳои хурди дохилихоҷагӣ 3500 нафар аз оилаҳои камбизоат иштирок карданд. Дар натиҷаи ин тадбирҳо дар масоҳати 30 ҳазор гектар ҳолати обтаъминкунӣ беҳтар гардид.
Қайд шуд, ки солҳои охир, бинобар фарсуда ва аз кор баромадани дастгоҳҳои обкашӣ, таъминоти оби полезӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ мушкил гашт. Чунин ҳолат дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ мушоҳида мешуд. Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент аз 700 то 1000 га замини обӣ бо сабаби норасоии об фақат барои кишти лалмӣ истифода мешуданд. Дар доираи лоиҳа барқарорсозии 10 пойгоҳи обкашӣ дар шаҳри Панҷакент ва чор пойгоҳ дар ноҳияи Айнӣ ба анҷом расонида шуд.
Самти дигари лоиҳа ба иҷрои корҳои барқарорсозии чоҳҳои амудӣ равона шудааст. Дар ин бобат дар ноҳияи Деваштич 13 ва дар ноҳияи Шаҳристон 7 чоҳи амудӣ барқарор шудааст. Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки барои беҳтар намудани назорати истифодабарӣ ва тақсимоти об 529 дарвозаи хурду калони обтақсимкунӣ барқарор ва 41 обченкунак сохта шуда, 3 садд ба дарозии 2681 метр барқарор гардидааст.
Муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Сабур зикр кард, ки соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ аз бахшҳои афзалиятнок ва муҳимтарини комплекси агросаноатӣ ва иқтисоди кишвар ба ҳисоб рафта, дар таъмини иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум саҳми назаррас дорад.
- Бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии соҳа сармояи хориҷӣ ҷалб гардида, 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 90,146 млн. доллари ИМА татбиқ шуда истодааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмиру барқарорсозии иншооти обёрӣ ва инфрасохтори он равона карда шудааст, — иброз дошт Ҷумъазода Сабур.
Дар фарҷом, пас аз шунидани маърӯзаҳо саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифта, бо дарназардошти таклифу эродҳо, тавсияҳо қабул шуданд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ