22 феврали соли 2018 бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» семинари машваратӣ доир шуд.
Мушовири Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Саидакрам Ғайратзода иброз намуд, ки дар низоми ҷаҳонии ҳифзи иҷтимоӣ якчанд модел, аз ҷумла модели тиббӣ, иҷтимоӣ ва ғайра истифода мешаванд. Пас аз конференсияи Париж (ноябри соли 2015) ва қабул гардидани Ҳадафҳои рушди устувор аксар маврид роҳандозӣ намудани модели иҷтимоию экологӣ талқин гардида, аз бисёр ҷиҳат ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ мувофиқ мебошад.
- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 чунин изҳор доштанд: «… мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил гардем, диёрамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида баланд бардорем».
Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи иҷтимоии маъюбон аз самтҳои афзалиятнок буда, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд. Ҳанӯз чанд сол муқаддам, дар яке аз баромадҳояшон Президенти кишвар ба маъюбон ва дигар табақаҳои осебпазири ҷомеа муроҷиат карда, изҳор намуданд, ки «ман шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам!».
Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон таъкид намуданд, ки: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».
Айни замон дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳри таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои иҷтимоии давлатии маъюбон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Нотиқ барои тақвияти ин сухан минҷумла чунин гуфт:
- Ҳоло дар ҷумҳурӣ 146725 маъюб ба қайд гирифта шуда, ба онҳо вобаста ба гурӯҳи маъюбӣ нафақа пардохт мешавад. Аз ҷумла, маъюбони гурӯҳи I — 14067 нафар, гурӯҳи II — 70174, маъюбони гурӯҳи III — 36238 ва кӯдакони маъюб 26246 нафар мебошанд.
Дар баробари ин, дар аксар санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ, ба монанди кодексҳои андоз, тандурустӣ, манзил, меҳнат ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи маориф» ва ғайра муқаррароти махсус оид ба танзими ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии маъюбон ҷой дода шудааст.
- Бо мақсади таъминоти маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ дар шаҳри Душанбе «Заводи протезию ортопедӣ» ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Кӯлоб фаъолият мекунад. Соли 2017 аз ҷониби корхонаи мазкур ба маъюбон 867 аробачаи маъюбӣ, 2145 асо, 211 дона дастгоҳи шунавоӣ, 875 ҷуфт асобағал, 137 адад роҳгардак (ходунок) ва ғайра дастрас шуд, ки нисбат ба соли 2016- ум зиёдтар мебошад. Муҳимтар аз ҳама, «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2016-2020» қабул гардида, айни замон дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст.
Дар анҷом кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои пешниҳодкарда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Т. ФАРРУХПАЙ,
«Садои мардум»