Понздаҳуми марти соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор ва вобаста ба рӯзномаи он, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирифт, Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои сарҳадӣ
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»
3. Дар бораи лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи аввал сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дода мешавад.
Раҷабалӣ РАҲМОНАЛӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои сарҳадӣ дар доираи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 10 июли соли 2015 дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия ба имзо расидааст.
Созишнома ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муҳофизати сарҳади давлатӣ, таъмини бехатарӣ дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ, инчунин ошкор намудан ва бастани роҳҳои ба ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани шахсоне, ки дар фаъолияти террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ даст доранд, мусоидат мекунад.
Созишнома, ки аз муқаддима ва 14 модда иборат аст, самтҳои ҳамкориро пурра ва ба таври мушаххас танзим менамояд. Аз ҷумла ҳамкорӣ ва амалҳои муштарак доир ба гузаронидани чорабиниҳои мувофиқашуда, мубодилаи маълумот оид ба вазъият дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ, табодули таҷриба оид ба нигоҳ доштани низоми сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низом дар нуқтаҳои гузаргоҳҳо аз тариқи сарҳади давлатӣ, мубодилаи санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани ҷаласаҳо, конфронсҳо, семинарҳо ва дигар вохӯриҳои корӣ доир ба сарҳадро дар бар мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир дар натиҷаи ба роҳ мондани робитаҳои самаранок ва мутақобилан судманд миёни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баҳри таъмини амнияти сарҳади давлатии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шудааст.
Ҳамчунин, вазъияти мураккаби сиёсӣ — амниятӣ дар шароити муосир, пурзӯр гардидани фаъолияти созмонҳои террористӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, ҳамчун воситаи муваффақ гардидан ба амалҳои ҷиноятӣ, зарурати муборизаи дастаҷамъонаро ба миён овардааст.
Аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Суфиев Хайрулло дода мешавад.
Хайрулло СУФИЕВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои сарҳадӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2017, № 1106 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мақсад аз пешниҳоди созишнома таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи муҳофизати сарҳади давлатӣ ва таъмини бехатарӣ дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ, инчунин ошкор намудан, бастани роҳҳои ба ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ, ҷудоихоҳӣ ва экстремистӣ машғуланд, мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи номбурдаро ҳамаҷониба омӯхта, ҷонибдорӣ намудаанд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 9 марти соли 2017 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баррасӣ намуд ва он аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ гардид.
Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба масъалаҳои сарҳадӣ ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Оид ба масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.
Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мақсади асосӣ аз таҳияи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани мизони амалкунандаи пардохтҳои гумрукӣ зимни воридоти автомашинаҳои нав мебошад.
Амали мазкур ба дастгирии бахши соҳибкорӣ, аз ҷумла, рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ ва нав кардани парки автомобилии кишвар равона гардидааст, ки дар оянда барои ташкили хизматрасониҳои нақлиётӣ дар доираи стандартҳои муосир мусоидат менамояд.
Дар лоиҳаи қонун мутобиқ ба Номгӯйи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ 8702 автомобил барои интиқоли мусофирон, 8703 автомобили сабукрав, 8704 автомобил барои интиқоли борҳо ва 8705 автомбили таъиноти махсусдошта шомил гардидааст.
Бо дарназардошти он ки дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми воситаҳои нақлиётии «нав» ё «истифоданашуда» вуҷуд надорад, ба хотири ба миён наомадани гуногунфаҳмиҳо ва омилҳои бавуҷудоварандаи ҳолатҳои коррупсионӣ, зимни анҷом додани расмиёти гумрукии воситаҳои нақлиёт мафҳуми «мошинҳои нав» (қаблан истифоданашуда) дар таҳрири зайл ифода ёфтааст: «воситаи нақлиётие, ки аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад».
Воридоти автомашинаҳои нав (истифоданашуда) дар оянда ба беҳтар гаштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, тозагии муҳити зист ва пайдо намудани сарчашмаҳои иловагии андозбандӣ ва ғанигардонии Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи баррасишаванда аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
Ҷобирзода Тоҳир Гул: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонун ҷиҳати иҷрои банди 23 Нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2016 ва дастгирии соҳибкорӣ таҳия шудааст.
Тибқи он ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» вобаста ба имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида, ки аз 9 қисм иборат аст, қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:
«10. Дар соли 2017 барои воридоти автомашинаҳои нави (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705» пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 50 фоиз аз меъёрҳои амалкунанда муқаррар карда шавад.».
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дастгирӣ ёфт.
Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: - Оид ба ин масъала савол доред?
Ҷаббор АХМЕДОВ: — Ҳаҷми тахминии маблағе, ки тибқи меъёри ҷоришаванда ба фоидаи мардум сарфа мегардад, чӣ қадар аст?
Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Соли 2016-ум 229 автомашинаи нав ворид шудааст, ки аз он 72 адад андозбандишаванда будааст. Пардохтҳои гумрукии 72 автомашина тақрибан наздик ба 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Агар имсол низ ҳамин миқдор автомашинаи нав ворид шавад, пас наздик ба се миллион сомонӣ ба фоидаи ширкатҳо ва шахсони чунин автомашинаҳоро воридкунанда сарфа мешавад.
Бахтовар САФАРЗОДА: — Барои автомашинаҳои барориши соли 2017, ки моҳи январи ҳамин сол вориди Тоҷикистон шуда, пардохти гумрукиашон сад фоиз анҷом ёфтааст, меъёри моддаи қонун оид ба панҷоҳ фоиз ситонидани пардохти гумрукӣ татбиқ мегардад ё не?
Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Тибқи моддаи 2 лоиҳаи қонуни мазкур мавриди амал қарор додани муқаррарот аз якуми январи соли 2017 нишон дода шудааст, яъне тибқи қонунгузорӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, тасдиқ шуд ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа дода мешавад.
ОЛИМЗОДА Насим Хоҷа: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори аввал таҳия гардидааст, аз 2 фасл, 29 боб ва 223 модда иборат мебошад. Ҳангоми таҳияи он қонунҳои амалкунандаи соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосӣ истифода гардидааст, вале бо мақсади ягонагии мафҳумҳо ва меъёрҳо, аз байн бурдани мухолифати баъзе ҳолатҳои дар қонунгузории соҳавӣ мавҷудбуда ба онҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст.
Бо қабули кодекси мазкур аз эътибор соқит донистани 16 қонуни марбут ба соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.
Кодекс шароит фароҳам меорад, ки:
- қонунгузории соҳаи тандурустӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, санадҳои зерқонунии соҳавӣ мутобиқ гардонда шавад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар соҳаҳои алоқаманд мутобиқ карда шаванд;
- номутобиқатӣ байни матни забони давлатӣ ва забони русии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мафҳумҳои асосии қонунгузории соҳаи тандурустӣ бартараф карда шавад;
- ба қонунгузории соҳа баъзе мафҳумҳои нав ворид ва мафҳумҳое, ки дар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда буданд, ба монанди аккредитатсия дар соҳаи тандурустӣ, бархӯрди манфиатҳо, донорҳои қарордодии хун, тандурустӣ, саломатӣ, кумаки паллиативӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, назорати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, экспертизаи сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва ғайраҳо шарҳ дода шаванд;
- моддаҳои нав ворид ва моддаҳои дар қонунҳои амалкунанда мавҷудбуда такмил дода шаванд;
- намуд ва шаклҳои кумаки тиббӣ (моддаҳои 58 ва 59), ки дар қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ нашуда буданд, мушаххас гардонда шаванд;
- намудҳои экспертиза дар соҳаи тандурустӣ, ки дар сатҳи қонунгузорӣ номукаммал буданд ё бо фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирифтанд, муайян гарданд;
- меъёри нав, ба монанди танзими бархӯрди манфиатҳо ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти тиббию фарматсевтӣ (моддаи 62), ки дар қонунгузории амалкунанда мавҷуд набуд, ворид карда шавад;
- таҳлили этикии маводи доруворӣ (моддаи 123), ки аз назари қонунгузории амалкунанда дур афтода буд, ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, баъзе меъёрҳои нав доир ба фурӯши чаканаи доруворӣ дар муассисаҳои тиббии дурдаст (қисми 2, моддаи 61), ба фаъолияти тибби хусусӣ машғул шудани мутахассисони ҷавон (қисми 3, моддаи 61), хизматрасониҳои тибби халқӣ (қисми 4, моддаи 81), имтиёзҳои кормандони хурди тиббӣ, ки дар муассисаҳои тиббии рӯҳӣ кор мекунанд (қисми 3, моддаи 184) низ дар лоиҳаи кодекс пешбинӣ шудааст.
Вакилони арҷманд, дар маҷмӯъ, лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи тандурустӣ ба танзим дароварда, ба татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи саломатӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, дараҷаи некуаҳволии одамон ва зиндагии хушбахтонаи ҳар як шахс нигаронида шудааст.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС : Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашӯрова Гулбаҳор дода мешавад.
Гулбаҳор АШӮРОВА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 августи соли 2016 таҳти рақами № 792, барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Қобили зикр аст, ки кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи кодексро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмили он 175 таклифу пешниҳод манзур намуданд. Пешниҳодҳо бо иштироки намояндаи кумитаи масъул, мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтанд.
25 ноябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодоти ироагардида баррасӣ гардид ва 104 пешниҳод пурра, 11-тои он қисман қобили қабул дониста шуд, 60 таклиф қабул нагардид.
Инчунин, 6 марти соли ҷорӣ дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров чанд таклифу пешниҳод доир ба лоиҳаи кодекс манзур гардид, ки бо истифода аз онҳо ва мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ меъёрҳои алоҳидаи он такмил дода шуданд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати қабули лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳед.
Раис: — Оид ба ин масъала савол доред?
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, Мусалам Қодирова, Ҷамшед Саидов, Саидҷаъфар Усмонзода, Лутфия Раҷабова, Гулбаҳор Назирӣ, Аҳматҷон Қобилов ва Дилрабо Мансурӣ ба масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба сифати доруворӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, теъдоди муассисаҳои хусусии соҳа, ислоҳ намудани камбудиҳо, вазъи имрӯзаи тибби оилавӣ ва рушди минбаъдаи он, вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ ва бемории сил, хизматрасониҳои ройгони тиббӣ, вазъи солимии репродуктавии занон савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Раис: — Кӣ баромад мекунад?
Абдураҳмон Холиқзода: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!
Имрӯз воқеан як рӯзи таърихӣ дар раванди қонунэҷодкунии парлумони касбист. Афзалияти фаъолияти имрӯзаи парлумон дар кодификатсияи меъёрҳои ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ зоҳир меёбад, ки аз таъкидҳои пай дар пайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.
Бояд таъкид намуд, ки низоми ҳуқуқии миллии кишвари мо дар шохаи авруосиёии оилаи ҳуқуқии романӣ — олмонӣ қарор дошта, тайи беш аз 150 соли охир асосан таҳти таъсири арзиш ва усулҳои ҳамин оилаи ҳуқуқӣ шакл гирифта, рушд намудааст.
Бо қабули Кодекси тандурустӣ, ки 16 қонуни соҳавиро дар як сарчашма гирдоварӣ кард, мо на танҳо ба анъанаи қонунэҷодкунии оилаи ҳуқуқии романӣ — олмонӣ, балки ба эҳёи хотираи ҳуқуқии халқ, ки замоне бо қонунҳои кодификатсияшудаи Вандидод, Қонунномаи Сосониён ва дигар сарчашмаҳои кодификатсияшуда машҳури олами бостон гардида буд, иқдом кардем.
Аҳамияти амалии кодификатсия шудани меъёрҳои соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ба ташкили бонизоми кор ва фаъолияти пурсамари мақомоти масъул мусоидат карда, истифодаи меъёрҳои онро дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ таъмин намуда, ихтилоф ва номуназзамии меъёрҳои ҳуқуқии соҳаро ба маротиб паст мегардонад.
Ҷавҳари ин ҳама дастовардҳо дар таъмини ҳуқуқи инсон ба саломатӣ зоҳир мегардад, ки давлат тавассути меъёрҳои умумӣ, ташхисӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои дар ҳамин кодекс пешбинишуда эътироф, ҳифз ва кафолат додааст.
Аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба ҷонибдории кодекс овоз диҳед.
Лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон модда ба модда, боб ба боб ва яклухт ба овоз монда шуда, тасдиқ шуд ва вобаста ба он қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ,
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ