Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

20 март рӯзи фарҳанг низ таҷлил мегардад

№44 (3681) 25.04.2017

 Ба ин қарор омаданд вакилони маҷлиси намояндагони маҷлиси олии ҷумҳурӣ

DSC_0055

 Бисту якуми апрели соли 2017 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1.  Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2.  Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3.  Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, №527»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия».

РАИСИКУНАНДА: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» сухан ба сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб дода мешавад.

Абдуфатоҳи ҒОИБ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ислоҳоти ба қонунгузорӣ дар қисмати таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ воридгардида ва иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 2016, № 147 (31-2) дар иртибот ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардидааст.

Хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баромадан ба нафақа хусусиятҳои хоси худро дар қиёс ба низоми нафақаи умумӣ доро мебошад. Ин аст, ки дар қонунгузории соҳавӣ, аз ҷумла Кодекси гумрук, вобаста ба рутба синни ниҳоии баромадан ба нафақа муқаррар гардидааст.

Бо дарназардошти нигоҳ доштани қувваи корӣ дар хизмати давлатӣ, буҳрони молиявӣ ва имкониятҳои Буҷети давлатӣ ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми апрели соли 2005 № 137, тағйиру иловаҳо ворид ва синни ниҳоӣ баланд бардошта шудааст.

Агар ба хароҷоти миёнаи маблағ­ҳои буҷетӣ ҳангоми бо меъёрҳои амалкунанда ба нафақа баромадани кормандони мақомоти гумрук назар афканем, пас барои нигоҳ доштани корманд дар вазифаи нозир аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар як моҳ 1037 сомонӣ маблағ сарф мегардад. Ҳангоми дар 50-солагӣ ба нафақа баромаданаш, бо дарназардошти собиқаи хизматии 25 — сола, ба ӯ 830 сомонӣ нафақа таъин карда мешавад.

Дар сурати ба муҳлати се сол зиёд намудани маҳдудиятҳои вобаста ба синну сол, тибқи таҳлилҳои гузаронида, сарфаи маблағҳои буҷетӣ, масалан барои як нозир дар як сол зиёда аз 30,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар 11 моҳи соли 2016, бинобар расидан ба синни ниҳоии хизмат дар мақомоти гумрук, ба 25 нафар нафақа таъин карда шуд, ки се нафар сардори раёсат, як нафар муовини сардор, ҳафт нафар сардори шуъба, ҳафт нафар сарнозир, панҷ нафар нозири калон ва ду нафар нозир мебошанд. Аз ҳисоби шахсони ба нафақа баромада дар давоми сол, ҳангоми зиёд будани синни ниҳоии хизмат дар мақомоти гумрук, маблағҳои буҷетӣ тақрибан 463 000 сомонӣ сарфа мешуданд. Бинобар ин, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 5001 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад.

Масоили дигаре, ки боиси таваҷҷуҳ аст, пардохт намудани кумакпулии яквақта ба кормандони мақомоти гумрук ҳангоми ҷавоб шудан аз хизмат ва баромадан ба нафақа барои собиқаи хизматӣ ба шумор меравад. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми июли соли 1996, № 332 дар сурати аз хизмат озод шудани корманд бо асосҳои ба шаъну шарафи хизматчии давлатӣ иснодоваранда, ӯ аз гирифтани кумакпулии яквақта маҳрум мегардад. Аммо асоси мазкур дар моддаи 5002 Кодекси гумрук пешбинӣ нагардидааст. Аз ин рӯ, ба моддаи мазкур муқаррароти зарурӣ илова карда мешавад, зеро заминаи ҳуқуқии он мавҷуд аст.

Қобили қайд аст, ки тибқи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми июни соли 2016, № 478  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми майи соли 1997 аз эътибор соқит дониста, дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Тибқи моддаи 62  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «танбеҳи қатъӣ» чун яке аз намудҳои ҷазои интизомӣ нисбат ба кормандон татбиқ карда мешавад. Дар моддаи 491-уми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки номгӯйи намудҳои ҷазои интизомиро муқаррар менамояд, «танбеҳи қатъӣ» вуҷуд надорад. Бинобар ин, зарурати ворид намудани илова ба ин моддаи кодекс ба миён омад.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда бо такя ба меъёрҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон омода гардидааст. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи нишондодҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016 бармеоянд, ба моддаи 345-уми Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 13 илова карда шуд, ки тибқи муқаррароти он воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ) дар асоси номгӯйи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Тағйиру иловаҳои боқимонда хусусияти техникӣ доранд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

 НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти кодекси мазкур бо ислоҳоти ба қонунгузорӣ дар қисмати таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ воридгардида ва аз пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ таҳия шудааст.

Бо дарназардошти нигоҳ доштани қувваи корӣ дар хизмати давлатӣ, буҳрони молиявӣ ва имкониятҳои Буҷети давлатӣ ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид ва синни ниҳоӣ баланд бардошта шуд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 18 июли соли 1996 № 332, дар сурати аз хизмат озод шудани корманд, бо асосҳои иснодоваранда ба шаъну шарафи хизматчии давлатӣ, ӯ аз  гирифтани кумакпулии яквақта маҳрум мегардад. Аммо асоси мазкур дар моддаи 5002 Кодекси гумрук пешбинӣ нагардидааст.

Дар моддаи 491 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки номгӯйи намудҳои ҷазои интизомиро муқаррар менамояд, «танбеҳи қатъӣ» вуҷуд надорад. Бинобар ин, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 5001, 5002 ва моддаи 491 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба миён омад.

Инчунин, ба моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон банди 13 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«13) воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ). Рӯйхати иншооти сайёҳӣ,  номгӯй ва миқдори таҷҳизоту маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда  ҷонибдорӣ намуданд. Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.

Аз шумо — вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад.

 Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи 4956-уми худ, ки 28 апрели соли 2004 баргузор гардид, Қатъномаи 1540-ро қабул намуд, ки муҳтавои он аз пешгирии паҳншавии яроқи ядроӣ, химиявӣ, биологӣ ва воситаҳои интиқоли онҳо, ки барои сулҳу амният ва бехатарӣ дар сатҳи байналмилалӣ хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд, иборат буд.

Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои аъзоро уҳдадор менамояд, ки бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии яроқи ядроӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва воситаҳои дастрасии онҳо қонунҳои худро ба талаботи қатънома мутобиқ намоянд.

Бо дарназардошти уҳдадории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва иҷрои қатъномаи мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 феврали соли 2016, № 54 қарорро «Дар бораи тасдиқи Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид» қабул намуд. Дар Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои байналмилалӣ нақшаи чорабиниҳо доир ба такмил ва амалӣ намудани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои Қатъномаи 1540 ва мутобиқгардонии онҳо ба меъёр ва талаботи байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.

Бинобар ин, бо мақсади иҷрои банди 1-уми нақшаи қабулгардида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.

Ҷиҳати таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ, дар асоси банди дуюми моддаи 92- юми Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар мавриди ташкил кардани мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 96 кодекси мазкур ба миён омадааст. Бинобар ин, ба хотири бартараф намудани мухолифат дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва танзими ҳуқуқии онҳо, пешбинӣ шудааст, ки ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот бо мазмуни «аз қисми 1 моддаи 96 рақами «124» хориҷ карда шавад» ва моддаи 961 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Моддаи 961. Мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ

Мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ дар доираи салоҳияти худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаи 124 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд.

Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақоми танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои он ҳуқуқ доранд».

Қабул гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва такрор­шавии фаъолияти мақомоти назоратиро дар ин самт бартараф менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

 САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мувофиқи тағйиру иловаи пешниҳодшуда, ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 961 илова мешавад, ки тибқи он салоҳияти баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои бехатарии радиатсионӣ ба зиммаи мақомоти танзимкунандаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ, яъне Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вогузор карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 13 апрели соли 2017 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодирзода Абдуҷаббор дода мешавад.

Абдуҷаббор ҚОДИРЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтиcодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароти наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтори судии кишвар ворид карда шудаанд ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2016, №698, ки тибқи он Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  барҳам дода шудааст, инчунин ҷиҳати иҷрои банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти  судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2017, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 таҳти №327 тасдиқ гардидааст (бо тағйироте, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2016 ворид карда шудаанд), марбут ба масъалаи такмили меъёрҳои қонунгузории мурофиавӣ вобаста ба тартиби баррасии парвандаҳо ва дигар масъалаҳое, ки барои таҳкими мурофиаи иқтисодӣ аҳамиятнок мебошанд, таҳия гардидааст.

Таъиноти хусусӣ санади мустақили судӣ буда, новобаста ба ҳалнома қабул карда мешавад. Асоси баровардани таъиноти хусусӣ муайян кардани ҳолатҳои вайронкунии қонун аз тарафи шахсони мансабдор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамъияту хоҷагиҳо буда, суд барои бартараф кардани чунин ҳолатҳо ва дар оянда пешгирӣ кардани он барои чораҷӯйӣ таъиноти хусусӣ ирсол менамояд. Қабули чунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ мувофиқи мақсад ва ба манфиати кор мебошад.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

 Шарофиддин СИРОҶОВ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1124 аз 13 марти соли 2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он ҳафт таклифу пешниҳод карданд, ки онҳо пурра ва қисман қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул 13 апрели соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои  Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои воридгардидаро баррасӣ намуд. Бо дарназардош­ти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Аз ҷумла, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи  ташаббуси қонунгузорӣ, ба моддаи 1861 қисми 2 илова ва қисми 6 хориҷ карда шуд.

Инчунин, таклифҳои дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров пешниҳодгардида ба эътибор гирифта шуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба он овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Барои баррасии масъала — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадиён  дода мешавад.

 Ҷамшед НУРМАҲМАДИЁН:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 20 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», баён гардиданд ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2017, №АП- 820 тасдиқ шудааст, омода гардидааст.

Лоиҳаи қонун, инчунин ба рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, тавассути ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ва таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ, нигаронида шудааст. Дар сурати қабул гардидани он воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуда, даромадҳо аз фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият, аз санаи бақайдгирии давлатӣ, аз андоз аз фоида озод мегарданд. Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Лоиҳаи қонун 13 апрели соли 2017 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ гардид.

Аз шумо, муҳтарам вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

Акрамзода Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таҳияи он рушди соҳаи сайёҳӣ ба шумор рафта, воридоти масолеҳу таҷҳизот барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва даромадҳо аз фаъолияти сайёҳӣ, аз санаи бақайдгирии давлатӣ, ба муҳлати панҷ сол озод карда мешавад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз таклифҳои пешниҳодшуда чорто пурра ва якто қисман қабул шуд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан оид ба ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дода мешавад.

 МИРАЛИЁН Қиёмиддин Абдусалимзода:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар шароити иқтисоди бозорӣ барои мамлакати мо, ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф, дарёфт ва ташаккули манбаъҳои гуногун ва муносиби мусоидаткунанда барои рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бисёр муҳим аст. Зимнан, шомил намудани соҳаи сайёҳӣ ба қатори ин манбаъҳо барои Тоҷикистон, ки саршори захира ва сарватҳои мансуби сайёҳӣ ва ҳанӯз кашфношуда мебошад, тадбири саривақтӣ ва ояндадор ба шумор меравад.

Ҷиҳати рушди ин соҳаи барои устувории иқтисодиёт бисёр муҳим амалӣ сохтани тадбирҳои пай дар пай ва ташаккул додани низоми муназзами фаъолияти институтҳо зарур аст. Чунончӣ, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аз пардохтҳои андозию гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоту масолеҳи сохтмонии иншооти сайёҳӣ ва аз пардохти андоз аз фоида озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз қабили ҳамин тадбирҳо мебошад.

Тадбири дигаре, ки дар ин самт дар тақвият ба дастурҳои муттасили Пешвои миллат аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шудааст, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» мебошад. Боиси зикр аст, ки дар доираи ин лоиҳа беш аз 30 навоварӣ ва механизми муосири банизомдароварандаи муносибатҳо ва таҳкимбахши иқтисодиёт муқаррар гардидаанд. Аз ҷумла, ташкили инфрасохтори муосири хизматрасонии сайёҳӣ ва даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор барои рушди ин самт метавонад заминаҳои мусоид фароҳам орад. Бинобар ин, ҷорӣ кардани имтиёзҳои андозбандӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ қобили дастгирӣ буда, аз институтҳои татбиқкунандаи он истифодаи самаранок ва бомароми он тақозо мешавад.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Барои баррасии масъала — Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маб­лағгузории соҳаи энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, № 527» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нурмаҳмадиён Ҷамшед дода мешавад.

 Ҷамшед Нурмаҳмадиён:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудааст, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Барои расидан ба ин ҳадаф имрӯзҳо сохтмони иншооти энергетикӣ бомаром идома дорад, ки маблағгузории он аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ба роҳ монда мешавад.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағ­гузории соҳаи энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016» пешниҳод мегардад, ки   Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 530,0 млн. сомонӣ ба муҳлати 5 сол бо меъёри 2 (ду) фоизи солона ба муомилот барорад.

Коғазҳои қиматноки ба муомилот баровардашуда тибқи шартнома ба ҶСК НБО «Роғун» супорида  мешавад ва ҶСК НБО «Роғун» векселҳои мазкурро ба Бонки миллии Тоҷикистон мегузорад. Бонки миллии Тоҷикистон дар навбати худ векселҳоро қабул намуда, 530 млн. сомониро ба суратҳисоби муросилотии ҶСК НБО «Роғун» мегузаронад.

Дар ҳолати тасдиқ гардидани қарори мазкур Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶСК НБО «Роғун» Нақша – чорабиниҳоро оид ба маблағгузории соҳаи энергетика ва бозгардонии маблағҳои ҷудошуда таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

Ҳамчунин, қайд намудан зарур аст, ки бо сабаби тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 феврали соли ҷорӣ бозхонд гардидани иҷозатномаи ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк», ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016 таҳти № 527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» тағйироти дахлдор ворид карда мешавад. Аз ҷумла:

- дар сархати якуми банди 1-уми қарор рақам ва калимаҳои 3 850 000 000 (се миллиарду ҳаштсаду панҷоҳ миллион) сомонӣ ба рақам ва калимаҳои «3 320 000 000 (се миллиарду сесаду бист миллион) сомонӣ иваз карда, аз сархати дуюми банди 1 қарор ва дар замимаи 1 қарор — рақамҳои «3, 4» хориҷ карда мешаванд. Инчунин, замимаҳои 3 ва 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016 № 527 аз эътибор соқит мегарданд.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қарори мазкурро оид ба додани ризоят тасдиқ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

 Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 12 декабри  соли 2016, № 527» маблағгузории соҳаи энергетикаро бо роҳи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 530,0 млн. сомонӣ ба муҳлати 5 сол бо меъёри 2 (ду) фоизи солона пешбинӣ менамояд.

Инчунин, бо сабаби бозхонд гардидани иҷозатномаи ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк» тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017, № 10-11 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, № 527 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» маблағи қарзҳои ҷудошуда  (3 850 000 000 — се миллиарду ҳаштсаду панҷоҳ миллион сомонӣ) ба маблағи 530 миллион сомонӣ кам карда мешавад.

Пешниҳоди мазкурро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ карданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, ки 13 апрели соли 2017 баргузор гардид, пешниҳоди мазкур бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.

Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки пешниҳоди мазкурро ҷонибдорӣ ва барои ризоят овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба додани ризоят ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории соҳаи энергетика ва ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2016, № 527» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Оид ба масъала – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

 Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

 - Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ҷараёни такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ва мақоми қонунгузори ҷумҳурӣ идома дорад ва дар ин раванд ба баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади бартараф кардани мухолифат  байни ду санади меъёрии ҳуқуқӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя  ва дастгирии давлатии   соҳибкорӣ», инчунин мутобиқ намудани онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, таҳия гардидааст.

Дар асоси лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз ваколатҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ масъалаҳои таҳия ва тасдиқи шаклҳои ҳисоботи идоравӣ, варақаи санҷиш, меъёрҳои муайян кардани дараҷаи хавфнокии фаъолияти соҳибкорӣ ва мувофиқаи нақшаҳои санҷишии мақомоти санҷишии ҷумҳурӣ, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» пешбинӣ шудааст, хориҷ карда мешаванд.

Ваколатҳои номбурда дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба зиммаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ вогузор шудаанд. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ мусоидат менамояд. Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Сафаров Раҷабалӣ Худоёрович дода мешавад.

 Сафаралӣ РАҶАБОВ:

 - Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» таҳия гардидааст.  Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба  Нуруллоевна дода мешавад.

 Насиба Содиқова:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки мувофиқи он 20 март дар тақвими расмии кишвар ҳамчун Рӯзи фарҳанг ба расмият дароварда мешавад. Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонун арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ, ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи фарҳанг ва ба ин васила ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба фарҳанг мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  №1148 аз 10 апрели соли 2017 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 13 апрели соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон баррасӣ намуданд. Дар натиҷа, лоиҳаи қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд.

Аз шумо – вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Сухан оид ба масъалаи мазкур ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.

 ИСМОИЛЗОДА ЗуфарьМуртазохон:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Яке аз самтҳои хатарноки раванди ҷаҳонишавӣ ин олудаву  аз байн бурдани фарҳангу тамаддуни давлатҳои дар ҳоли рушд ва миллатҳои хурд мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорроҳа ё нуқтаи сарҳадии ду тамаддун – Ғарб ва Шарқ қарор дорад. Бинобар ин, мо бояд боифтихор аз фарҳангу тамаддуни бою пурғановати худ бо тарҳрезии тадбирҳои мушаххас онро ҳифз кунем, пояи асосии Истиқлолияти давлатӣ ва ҳувияти миллиро таҳким бахшем. Фарҳангу одоби шарқиёнаи миллии мо, махсусан муқаддасии оила, хонавода, ҳурмату эҳтироми падару модар ва калонсолон, одоби оиладорӣ, муошират, меҳру шафқати ҳамдигарӣ ва ғайра аз бузургтарин дастовардҳои таърихии мо ба шумор мераванд. Имрӯз бошад, зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла таъсиррасонии тамаддуни ғайр тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар технологияҳои муосир, хатари коста гаштани ин муқаддасот ба вуҷуд омадааст. Мо, мардуми  миллати тамаддунофари тоҷик, бояд дар ин давраи сарнавиштсоз аз ҳарвақта бештар масъулиятноктару ҳушёр шуда, пеши  ин хатарро гирем ва ба наслҳои оянда муқаддасоти милливу таърихиро бо тамоми зебоияш расонем.

Боиси ифтихор аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳё, таҳким ва рушди минбаъдаи фарҳангу тамаддуни миллӣ аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ силсилаи иқдом ва чорабиниҳои сатҳи ватаниву байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Лоиҳаи қонуни мазкур низ яке аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими пояҳои фарҳанги миллӣ ва дар маҷмӯъ яке аз омилҳои муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъалаи охирин шурӯъ мекунем.

Доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.

 АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ:

- Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини  гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим  Абдуллозода, Мавзуна Шарофидинова ва Муҳаббатшо  Рузадор  бо мақсади мутобиқ намудани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бардоштани ихтилофоти  қонунгузорӣ, мутобиқ намудан ба талаботи имлои забони давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2016 №998 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»-ро мавриди омӯзиш  қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 29 таклиф  пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 14 таклиф пурра ва 3 таклиф қисман қабул гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул, 13 апрели соли ҷорӣ, бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардида баррасӣ гардида, бо дарназардошти таклифу пешниҳод ва эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

  Лоиҳаи қонун ба овоз монда шуда, қонун қабул ва вобаста ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ