Понздаҳуми марти соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.
Ба кори ҷаласа шурӯъ менамоем.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала пешниҳод шудааст.
Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. «Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа + (ЛДСК+)»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа + (ЛДСК+)» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Бо мақсади тақвият бахшидани амнияти озуқавории мамлакат, тадриҷан кам намудани осебпазирии аҳолӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим, ҷорӣ намудани усулҳои муосири истеҳсолоти кишоварзии ба иқлим мутобиқ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии Ҷамоат ва хонаводаҳое, ки аз тағйирёбии иқлим зарар мебинанд, Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа + (ЛДСК +)» ба имзо расид, ки айни ҳол ба баррасии шумо пешниҳод мегардад.
Созишнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мамлакат 20 — уми декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз 4 қисмати асосӣ, аз ҷумла таҳкими иқтидори бахши давлатӣ вобаста ба идоракунии захираҳои табиии ба тағйирёбии иқлим тобовар, таҳкими иқтидори Ҷамоат барои мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути сармоягузорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии маҳалҳои алоҳида ва гурӯҳи осебпазири аҳолӣ тавассути равишҳои бозорӣ ва идоракунии лоиҳа, иборат мебошад.
Маблағи умумии лоиҳа 37,8 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ мегардад. Аз ин маблағ 31,1 млн. доллар грант ва 6,7 млн. доллари амрикоӣ қарз мебошад.
Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5,9 млн. доллари амрикоиро дар бар мегирад, ки он тавассути пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ амалӣ мешавад.
Қарзи ҷалбшаванда имтиёзнокии баланд дошта, муҳлати пардохти он 40 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ 10 сол ва меъёри ҳаққи хизматрасонӣ 1,48 фоизро ташкил медиҳад.
Шартҳои пешниҳодгардидаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқ аст. Лоиҳаи мазкур дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, амалӣ мегардад.
Дар баробари дигар тадбирҳои амалишаванда, сатҳи зиндагии тақрибан 100 ҳазор хонаводаи камбизоат дар 400 деҳаи шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Бохтар, Кӯшониён, Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Хуросон, Кӯлоб, Панҷ, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Вахш, Восеъ, Ёвон, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Мастчоҳ ва Зафаробод тадриҷан беҳтар гардида, татбиқи лоиҳа соли 2023 оғоз гардида, муҳлати амали он то соли 2030 пешбинӣ шудааст.
Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад. Марҳамат.
Рустам ЛАТИФЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа + (ЛДСК+)», ки 20-уми декабри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва 9-уми январи соли 2023 дар шаҳри Рим ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи зикршуда барои гурӯҳҳои зерин пешбинӣ гардидааст:
а) аҳолии деҳот, ки камбизоатанд;
б) аҳолии деҳот, ки хоҷагии натуралӣ ва нимнатуралиро пеш мебаранд, бахусус онҳое, ки мехоҳанд ба кишоварзии бештар ба самти тиҷоратӣ нигаронидашуда гузаранд;
в) аҳолии деҳоти шуғли нопурраи меҳнатидошта.
Мақсади лоиҳа мусоидат ба гузариши кишвар ба траекторияҳои рушди устувор бо партовҳои кам ба муҳити зист ва усулҳои истеҳсоли кишоварзии ба иқлим мутобиқ дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамчунин, лоиҳа ба ҳадафҳои худ тавассути таҳкими иқтидори бахши давлатӣ дар идоракунии захираҳои табиии ба иқлим тобовар, беҳтар кардани банақшагирии Ҷамоат ва дастрасӣ ба захираҳои сармоягузорӣ барои идоракунии экосистемаҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, дастгирӣ тавассути равишҳои бозории диверсификатсияи манбаъҳои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ҳамчун унсури устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ноил хоҳад гардид.
Ҳадафи он ба ҳадафу афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» пурра мутобиқ мебошад.
Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми марти соли 2023 расмиёти дахлдорро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон гузаштааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур бо моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.
Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа + (ЛДСК+)» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем.
Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода дода мешавад. Марҳамат.
Сарвиноз МАҶИДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода, Амонулло Хайрулло, Бахтиёр Аҳмадзода ва Комрон Исмоилиён таҳия гардидааст.
Ҳадафи асосии лоиҳаи қонуни мазкур, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои узви ИДМ ва анъанаҳои миллӣ, ба нишони эътибору эътирофи хизматҳои шоистаи собиқадорону кормандони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҳокимияти олии қонунгузорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ, ҷалби таваҷҷуҳи васеи омма ба нақш ва аҳамияти фаъолияти асосии ин мақомот ба ҳисоб меравад.
Муқаррар намудани рӯзҳои ид барои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми сентябри соли 1999 ва барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот санаи аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани аввалин қонунҳои даврони соҳибистиқлолӣ: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот» 1-уми декабри соли 1994 пешниҳод мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти дохилиро мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, он ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Амонулло ХАЙРУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Пеш аз ҳама, аз номи муаллифон мехоҳам миннатдориамонро ба шахсоне, ки ин пешниҳоди моро оид ба эълон намудани санаи 26-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Маҷлиси Олӣ пазируфтанд, иброз намоям.
Воқеан, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пештар бо дигар номҳо маъруф буд, дар таърихи давлатсозии Ватани азизамон саҳми калидӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки дар давраҳои хеле мушкилу ҳассос, мақомоти олии қонунгузор сутунпояи мустаҳками давлат буду халқи шарафманди мамлакатамон бо чашми умед ба ин ниҳод назар менамуданд.
Дар таърихи навин, маҳз қарорҳои оқилонаи қабулнамудаи мақомоти олии қонунгузор дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, бо интихобнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат, ба нигоҳдории давлатамон, хомӯшгардонии оташи ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо ва барқарорнамоии хоҷагии халқ асос ва замина гузошт.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дар аксари давлатҳои пешрафтаи демократию ҳуқуқбунёди ҷаҳон, мақомоти олии қонунгузор – Маҷлиси Олии иборат аз ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолият намуда истодааст.
Боиси ифтихори мост, ки Рӯзи иди касбии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҷониби мо – вакилони даъвати шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад.
Хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қабул гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Сайфиддин СУННАТӢ,
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ