Нуҳуми декабри соли равон бо ташаббуси Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ чорабинии идона таҳти унвони «28 қадами устувори ҳизби мардумӣ» баргузор гардид.
Зимни суханронӣ дар ифтитоҳи чорабинӣ раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода иброз намуд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти 28-сола тавонист ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намояд. Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фарогири ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳои ҷомеаи мо мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми ноябри соли равон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҳхдт зикр карданд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии сокинони Тоҷикистон нақши муассир дошта, дар ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум саҳми бориз дорад. Вазифаҳои асосии ҳизб дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сенздаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд.
Ба таъкиди Раиси ҳхдт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад. Ишора шуд, ки кумитаҳои иҷроияи ҳхдт якҷо бо сохторҳои ваколатдори соҳаҳои гуногун ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва зина ба зина беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро дар маркази диққат қарор медиҳанд. Илова бар ин, барои беҳсозии вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтар гардонидани шароити оилаҳои серфарзанд мусоидат мекунанд.
- Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид, ки бо мақсади боз ҳам густариш бахшидани корҳо аъзои Фраксияи ҳизбро дар парлумони мамлакат зарур аст ҳамкориро бо кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвият бахшида, донишу малака ва маҳорату таҷрибаро ба хотири амалӣ кардани барномаҳои ҳизб ва татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» равона созанд, — таъкид кард Фозил Обидзода.
Оид ба масъалаи мавриди назар вакилони Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода, Ҳуснигул Одиназода, Зоир Раҳмонзода ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» Наҷибулло Оқилзода маърӯза карданд.
Дар интиҳо як қатор вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон бо Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз шуданд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгири Н. Алиев