17 марти соли 2017 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар соли 2016» баргузор гардид.
Дар он масъулони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иштирок карданд.
- Масъалаи иҷтимоӣ дар сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад, — таъкид намуд раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Тибқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 2 млрд. 153,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2015-ум 20,9 млн. сомонӣ ё 1,0 фоиз зиёд мебошад. Қисми хароҷоти он 2 млрд. 211,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2015-ум 235,9 млн. сомонӣ ё 11,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 2 млрд. 121,7 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки дар қиёс ба соли 2015-ум 226,0 млн. сомонӣ ё 11,9 фоиз зиёд мебошад.
Ибтикори муҳим дар ин давра ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2016 таҳти №697 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» мебошад. Дар асоси фармони мазкур андозаи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд шуда, нафақаи меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд, 30 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол зиёд гардиданд ва қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия шуданд. Дар натиҷаи татбиқи фармони зикршуда андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнатӣ 274 сомонӣ, суғуртавӣ 284 сомонӣ, иҷтимоӣ 144 сомониро ташкил намуд. Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ бошад, 272 сомониро ташкил намудааст.
Ҳ. Қурбонзода, инчунин гуфт, ки дар баробари натиҷаҳои бадастомада, соли 2016 баъзе омилҳо барои рушди устувори соҳа ва таъмини саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ расониданд. Аз ҷумла, қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, новобаста аз он ки 150,0 млн. сомонӣ кам шуда, 2 млрд. 484,4 млн. сомонӣ муқаррар гардида буд, 86,7 фоиз таъмин шуд. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, соли гузашта нақшаи андози иҷтимоӣ дар вилояти Суғд 92,0 фоиз, Хатлон — 91,2, шаҳри Душанбе — 82,3, ВМКБ — 100,3 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 95,9 фоиз таъмин гардид.
Ҷой доштани ҳолатҳои сари вақт пардохт ва дастрас нагардидани нафақа, тартибу бозҳисобии нафақа, ҳолатҳои аз худ намудани маблағҳои нафақа, сари вақт бозпас нагардонидани маблағҳои нафақагирони фавтида ва кӯчбаста аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки боиси нигаронии шаҳрвандон гардидааст.
Бо мақсади омӯзиши иҷрои «Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар соли 2016» ва мушкилоти ҷойдошта тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2016 аз ҷониби аъзои Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ якҷо бо намояндагони мақомоти дахлдор дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Бохтар, Ҳамадонӣ, Восеъ ва шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон таҳлили маблағгузории пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар соли 2016 гузаронида шуд. Муайян гардид, ки дар раёсатҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ин шаҳру ноҳияҳо кор дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои пардохти саривақтии нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои номбурда баҳри амалӣ намудани фармони зикршуда бозҳисобии нафақа гузаронида шуд.
Маълум гардид, ки қарздории нафақа дар соли 2016 дар ин шаҳру ноҳияҳо мавҷуд нест, аммо дар баъзе ҳолатҳо реҷаи муайянгардидаи пардохти нафақа, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тасдиқ гардидааст, риоя намешавад.
Дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ нақшаи андози иҷтимоӣ дар соли 2016-ум 90,4% ва аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ 77,7% таъмин гардидааст. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар баъзе ҳолатҳо маоши кормандони ташкилотҳои буҷетӣ сари вақт пардохт намешавад.
Сипас, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмудинов оид ба корҳои анҷомёфта маълумоти мухтасар дода, минҷумла гуфт:
- Таъминоти нафақа яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он мусоидат ба рушди сармояи инсонӣ ва дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон дар пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аз лаҳзаҳои аввали ислоҳот дар низоми таъминоти нафақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 17 сол гузашт. Дар ин солҳо ба ҷойи низоми азнавтақсимкунии таъминоти нафақа низоми бо принсипҳои суғуртавӣ асосёфтаи таъминоти нафақа ҷорӣ карда шуд. Дар марҳилаи аввали ислоҳот, соли 1997, дар қонунгузории нафақа бо мақсади замина гузоштан ба низоми суғуртавии таъминоти нафақа тағйироти муҳим ворид карда шуд.
Марҳилаи дигари ислоҳоти нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз 1 январи соли 2013 шурӯъ гардид ва имкон фароҳам омад, ки устувории молиявии низоми нафақа таъмин гардад.
Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рӯ ба инкишоф ниҳод ва дар панҷ соли охир андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 1,6 баробар афзоиш ёфт.
Соли 2016, новобаста аз номуътадилии вазъи иқтисодии ҷаҳон, ки ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро расонид, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2 млрд. 153,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2015-ум 20,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Талаботи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ соли 2016 пурра маблағгузорӣ гардида, дигар уҳдадориҳои кафолатноки иҷтимоии давлатӣ низ сари вақт таъмин шуданд.
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гузариш ба низоми худмаблағгузорӣ ва аз дотатсия баровардани шаҳру ноҳияҳо дар таъмини нафақа, инчунин истифодаи самаранок ва сарфаи маблағҳои буҷетӣ ба роҳбарӣ гирифта шуда, 65 млн. сомонӣ маблағҳои Буҷети ҷумҳуриявӣ сарфа шуданд.
Дар доираи гузариш ба низоми худмаблағгузорӣ, аз ҳисоби маблағҳои мусоидати молиявӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дар дотатсиябуда низ 98,8 млн. сомонӣ сарфа шуд.
Дар баробари ин, ҳанӯз ҳам камбудиҳо ҷой доранд. Бо мақсади бартараф намудани онҳо ва таъмини шаффофият дар истифодаи мақсадноку пардохти суроғавии маблағҳои нафақа тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла, ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои беасос муқаррар намудани гурӯҳ ва нафақаи маъюбӣ ва таъмини шаффофият дар ин раванд, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташхиси такрории тиббию иҷтимоӣ гузаронидани гирандагони нафақаҳо аз рӯи маъюбӣ соли 2016 низ идома ёфт ва то 1 январи соли 2017-ум 69627 нафар аз муоинаи такрории тиббӣ гузаронида шуданд. Дар натиҷа, пардохти нафақаи 12847 нафар, ки гурӯҳи маъюбиашон тасдиқ нагардид, қатъ шуд. Айни замон 8064 нафар нафақагири дигар дар ташхиси такрорӣ қарор доранд.
Натиҷаи санҷишҳои аудитории иҷрои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо мақсади дурустии иҷрои қисми даромади буҷет ва шаффофияти он ҳисоботи алоҳида аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва намуди пардохтҳои иҷтимоӣ омода ва бо сохторҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқоиса нашудааст. Вобаста ба рӯёнидани фоизҳои муайян аз ҳисоби бақияи миёнаи хронологии амонатҳои дархостӣ дар суратҳисобҳо, байни Агентӣ ва БДА ҶТ «Амонатбонк» созишнома ё тартиби алоҳида таҳия нагардидааст.
Муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимӣ Зафар Исмоил дар ин робита чунин ибрози назар кард:
- То 1 январи соли 2017 дар суратҳисоби Агентӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» бақияи маблағи андӯхти нафақавӣ 226 млн. 893 ҳазор сомонӣ, андози иҷтимоӣ 262 млн. 181 ҳазор сомонӣ, бо рубли Федератсияи Россия 140,6 ҳазор сомонӣ, бо доллари ИМА 63,4 ҳазор сомонӣ, бо евро 7,3 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 489 млн. 286 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бинобар ин, зарур аст, ки роҳбарияти Агентӣ бо масъулини БДА ҶТ «Амонатбонк» тартиби ҳисоб намудани фоизҳоро барои бақияи маблағҳои буҷети Агентӣ таҳия намуда, ҷиҳати ворид намудани онҳо ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа чораҳои амалӣ андешанд.
Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду моҳи соли 2017 ҷиҳати дурустии истифодабарии маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар соли 2016 дар баъзе сохторҳои Агентӣ санҷишҳои аудиториро амалӣ намуд, ки айни ҳол идома дорад.
Муайян шуд, ки яке аз камбудиҳои асосӣ дуруст ба роҳ намондани корҳо байни раёсатҳои Агентӣ, филиалҳои дар шаҳру ноҳияҳо будаи БДА ҶТ «Амонатбонк» ва раёсатҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад. Аз беназоратии масъулини соҳа баъд аз фавти нафақагирон нафақаи онҳо ҳисобӣ мегардад. Натиҷаи санҷиши аудиторӣ дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе нишон дод, ки муҳлати бозпас гардонидани нафақаи гирифтанашудаи нафақагирон, ки тибқи расмиёт 4 моҳ муқаррар гардидааст, риоя нашуда, то 1 январи соли 2017 дар филиалҳои №03 ва №04 БДА ҶТ «Амонатбонк» нафақаи 237 нафақагири фавтида ба маблағи 230,8 ҳазор сомонӣ нигоҳ дошта шудааст. Як қисми ин маблағҳо аз ҳисоби нафарони дар солҳои 2012- 2013 фавтида мебошад.
Санҷиш дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъин ва пардохти нодурусти нафақаро дар 8 ҳолат ба маблағи 9353,51 сомонӣ, пардохти нафақа баъд аз фавти нафақагирон дар 44 ҳолат ба маблағи 10331,0 сомонӣ ва ҳолатҳои нигоҳдории нафақаи нафарони фавтидаро дар филиали № 43-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар 89 ҳолат ба маблағи 28449,85 сомонӣ ошкор намуд ва маблағҳо барқарор карда шуданд.
Чунин камбудиҳо дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд ба маблағи 50822,65 сомонӣ, шаҳри Душанбе -15328,68 ва дар дигар раёсатҳои дар шаҳру ноҳияҳобудаи Агентӣ ба маблағи 20645,01 сомонӣ ошкор шудаанд.
Дар шаҳри Ҳисор бошад, аз тарафи Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бар хилофи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 таҳти № 437 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» дар 8 ҷамоати деҳот беасос 81 оила ҳамчун камбизоат эътироф шуда, ба онҳо ғайриқонунӣ кумаки унвонии иҷтимоӣ ба маблағи 22,6 ҳазор сомонӣ ва кумакпулӣ барои дафн 64,8 ҳазор сомонӣ пардохт шудааст.
Роҷеъ ба масъалаи баррасишуда, инчунин муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова гузориш дод. Зикр шуд, ки ҳаллу фасли тадриҷии масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони барҷомонда ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва осебпазир яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф гардид. Давлат чораҳо андешида истодааст, ки ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ худро бидуни ҳифзу ҳимоя эҳсос накунанд. Бо ин мақсад соли 2016 ҷиҳати пардохти нафақа, кумакпулиҳо ва ҷубронпулиҳо аз Буҷети давлатӣ зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ» дар 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 21,5 миллион сомонӣ равона гардида, андозаи он дар як сол 400 сомонӣ муқаррар шудааст.
Механизми мазкур дар охири соли 2017 дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ ҷорӣ мешавад ва барои ин 41,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Соли сипаришуда барои пардохти ҷубронпулӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷиҳати истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ 17,8 миллион сомонӣ ва пардохти кумакпулӣ ба оилаҳои камбизоате, ки кӯдаконашон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил мекунанд, 3,9 миллион сомонӣ равона шуд.
Барои пардохти кумакпулии давлатӣ ба кӯдакони то 16-солаи мубталои вируси норасоии масунияти бадан соли 2016 1,4 миллион сомонӣ равона шуд, ки андозаи он 280 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои пардохти кумакпулӣ ба хизматчиёни давлатӣ ҳангоми ба нафақа баромадан дар ҳаҷми се музди меҳнати моҳона ва дар сурати вафоти хизматчии давлатӣ ба аъзои оилаи ӯ дар ҳаҷми панҷ музди меҳнати моҳона пардохт мешавад, ки ин маблағ соли 2016 мутаносибан 269,1 ҳазор сомонӣ ва 80,1 ҳазор сомониро ташкил дод.
Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки зимни маърузаҳо махсус зикр гардид, хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути кортҳои пардохтӣ мебошад. Дар ин маврид раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зикр кард, ки вобаста ба рушди техника ва технологияи муосир «Амонатбонк» доираи фаъолияти худро дар самти истифодаи кортҳои пардохтӣ сол аз сол васеъ намуда истодааст.
Айни замон пардохти нафақа тавассути кортҳои пардохтӣ дар 59 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба 592 ҳазор нафар ё 91,2 фоиз ҷорӣ гаштааст.
Ҷиҳати хизматрасонӣ ба дорандагони кортҳои пардохтӣ 222 банкомат ва 835 нуқтаи пардохти пули нақд (ПОС-терминалҳо) мавриди истифода қарор доранд.
Инчунин, роҷеъ ба масъалаи баррасишуда вакилони Маҷлиси намояндагон А. Ғаффоров, С. Усмонзода, М. Қодирова, М. Шарофиддинова, Р. Қудратов, Б. Акрамзода, М. Ахмедов, Ҷ. Маҷидзода, Л. Раҷабова, Т. Ҷобирзода андешаронӣ намуда, ба пурсишҳои додаашон посух гирифтанд.
Дар хотима, бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти баёнгардида, қарор ва тавсияҳо қабул шуд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ