22 майи соли ҷорӣ Созмони Милали Муттаҳид дар сессияи 72-юми Ассамблеяи генералӣ дар бораи «Ҳамгиройии байни СММ, парламентҳои миллӣ ва Иттиҳоди байнипарлумонӣ» қарор қабул намуд.
Дар боби 21 — уми он омадааст, ки аз сессияи 72 — юми Ассамблеяи генералӣ ҳар сол 30 июн бояд Рӯзи байналмилалии парламентаризм қайд карда шавад. Ассамблеяи генералӣ ба давлатҳои аъзо, зерсохторҳои СММ ва ташкилоти ғайридавлатӣ тавсия дод, ки ин рӯзро таҷлил ва тарғиб намоянд.
Дар ин бора намояндаи расмии муншии умумии СММ Бренден Варма хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки 27 марти соли 2017 Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ пешниҳоди Комиссияи доимӣ оид ба фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзишро дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии парламентаризм ба Иттиҳоди байнапарлумонӣ ироа намуда буд.
30 июн бесабаб интихоб нашудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1889 дар Париж аввалин конференсияи байнипарлумонӣ баргузор гардида, таърихи Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки алҳол парламентҳои 178 давлати дунёро муттаҳид намудааст, аз он ибтидо мегирад.
Кӯшишҳои якҷояи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Иттиҳоди байнипарлумонӣ замина фароҳам оварданд, ки дар самти тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ибтикори зиёд амалӣ шавад.
Дар ин бора сомонаи расмии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иттилоъ додааст.
«Садои мардум»