Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»

№72 (4022) 22.06.2019

 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, бо дарназардошти камбудиҳои дар зер зикршуда:

- моддаи 29 Қонун хилофи талаботи моддаҳои 2 ва 3 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро танзими ҳуқуқии муносибатҳои марбут ба боҷи давлатӣ танҳо ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб буда, дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории он амалӣ карда мешавад;

- дар сурате ки шабакаҳои мелиоративии дохилихоҷагӣ наметавонанд шабакаи дохилиассотсиатсиягӣ бошанд, бар хилофи талаботи қисми 1 моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар сархати нуҳуми моддаи 1 таҳти мафҳуми «шабакаи мелиоративии дохилихоҷагӣ» ҳамзамон калимаҳои «(дохили ассотсиатсия)» истифода шудаанд;

- бар хилофи талаботи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва банди 21 зербанди ё) Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар сархати якуми қисми 2 моддаи 6, сархати панҷуми моддаи 9, қисми 4 моддаи 22 ва қисми 1 моддаи 26 Қонун калимаҳои «феҳрист» (ҳамчун исми хос) ва «ассотсиатсия» нодуруст ифода гардидаанд;

- нақшаи истифодабарии об тибқи сархати сеюми моддаи 11 ва сархати ҳаштуми қисми 4 моддаи 22 тасдиқ, вале тибқи сархати сеюми қисми 1 моддаи 12 ва сархати нуҳуми қисми 4 моддаи 22 Қонун, мувофиқа карда мешавад, ки дар маҷмӯъ хилофи моддаи 69 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

- новобаста аз он ки тибқи Қонуни амалкунанда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2014, № 755 мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзим ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи истифодабарандагони об Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, дар моддаи 6 Қонун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими фаъолияти ассотсиатсияи истифодабарандагони об, дар матни якчанд моддаҳо (8, 11, 12, 15, 18 ва ғайра) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ дарҷ шудааст. Илова ба ин, аз мазмуни сархатҳои якум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 12 Қонун маълум нест, ки кадом мақоми ваколатдори давлатӣ дар назар дошта шудааст;

- дар сархати якуми қисми 2 моддаи 15 Қонун калимаҳои «дар минтақаи хизматрасонӣ фаъолияти хоҷагидорӣ баранд» истифода шуда, онҳо ба қонунҳои соҳавӣ мансубият дошта, доираи фаъолияти субъектҳои аъзои ассотсиатсия набударо маҳдуд мекунанд.

Ҳамзамон, бо инобати он ки меъёрҳои дар сархатҳои чорум — шашуми Қарори мазкур овардашуда ба талаботи моддаҳои 40 ва 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» низ мухолифат мекунад, мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» ҷонибдорӣ карда нашавад.

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     М. Убайдуллоев

ш. Душанбе, 12 июни соли 2019, № 672