Муҳокимаи парламентӣ

68 дарсади биноҳои маъмурии шаҳраку деҳот ба таъмир ниёз дорад

№120 (4070) 08.10.2019

DSC_6197Чоруми октябри соли 2019 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Такмил бахшидани заминаҳои ҳуқуқии рушди низоми идоракунии маҳал ва тавсеаи асосҳои ҳуқуқии ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар маҳал» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки дар дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, намояндагони кумитаҳои рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок доштанд. 

Вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсидинзода иброз кард, ки «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур такони ҷиддӣ бахшид. Вале, тавре Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар иброз намуданд: «Барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест». Аз ин хотир, барои идома бахшидан ва амалигардонии ҳадафҳои гузошташуда солҳои 2019-2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки ба инкишофи инфрасохтори деҳот  мусоидат хоҳад намуд. Татбиқи ташаббуси мазкур аз сатҳи амалигардии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» вобаста аст.

Иттилоъ дода шуд, ки масъалаи зикршуда аз ҷониби Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди омӯзиш қарор гирифт. Мавзуна Шамсидинзода аз натиҷаи сафар ва суҳбату мулоқот бо сокинони минтақаҳои зикршуда муфассал маълумот дод.

- Маълум гардид, ки дар маҳалҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» корҳои муайян ба анҷом мерасанд, — гуфт вай ва мисол овард, ки дар ноҳияи Ванҷ бо иқдоми мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии деҳот пули мошингард ва корхонаи хурди истеҳсоли шарбат бунёд ёфтааст. Таҷрибаи кори мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ оид ба ташкили гурӯҳҳои амонатгузори ҷамъиятӣ низ хело ҷолиб ва қобили дастгирист.

Дар деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон корхонаи хурди коркарди меваи тут бунёд ёфтааст, ки фаъолияти он ба пешрафти зиндагии аҳолии деҳот мусоидат менамояд. Сохтмони пул дар болои дарёи Ғунд, таъсиси корхонаи хурди равғани «Ангат», бунёди боғҳои нав дар деҳаи Систи ноҳияи Ишкошим низ бо дастгирии мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ боиси таҳсин аст.

Мавзуна Шамсидинзода таъкид кард, ки барои танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода мешаванд. Бо ин мақсад аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» тағйиру илова ворид карда шуд. Ҳоло омӯзиши рафти татбиқи қонунгузории номбурда идома дорад. Ҷиҳати такмил додани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» низ таклифу пешниҳодҳои зарурӣ омода карда хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар маҳалҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки дар асоси онҳо вазифаҳои мақомоти идоракунии маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, зарурат пайдо шуд, ки сохторҳои зарурӣ низ таъсис дода шаванд. Дар ин замина, бо мақсади пешбурди ислоҳот дар низоми идоракунии маҳал, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мусоидат дар рушди баробари минтақаҳои кишвар бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидғуфрон Абдулло гуфт, ки мувофиқи маълумоти оморӣ ва таҳлилҳои гузаронидашуда муайян гардид, ки дар ҷумҳурӣ 430 ҷамоат, 370 ҷамоати деҳот ва 60 ҷамоати шаҳрак фаъолият менамояд. Аз ҷумла, дар ВМКБ — 45, вилояти Суғд — 115, вилояти Хатлон — 155 адад ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 115 адад ҷамоат мавҷуд мебошад. Асоси пешбурди фаъолияти кории ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, таъмин будани онҳо бо бинои маъмурӣ, ашё ва таҳҷизот, воситаи нақлиёт ба ҳисоб меравад.Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз 430 ҷамоати шаҳрак ва деҳот 374 ададаш дорои бинои маъмурӣ ва 56 адад ё 13 фоиз иҷоранишин мебошанд. Ҳолати иҷоранишинӣ дар шаҳрҳои Ҳисору Панҷакент ва ноҳияҳои Шуғнон, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Хуросон, Восеъ, Ёвон, Шаҳритус, Ҷайҳун, Ҷ. Балхӣ ва Рӯдакӣ ба назар мерасад. Тибқи маълумот, 294 ё 68 фоизи биноҳои маъмурии шаҳрак ва деҳот ба таъмир ниёз дорад. Қисми зиёди биноҳои маъмурии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот солҳои 1930-1970-и асри гузашта сохта шудаанд.

DSC_6186 Саидғуфрон Абдулло зимни шарҳи фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қайд кард, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 17 майи соли 2004, №28) «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 6 «Муносибати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»-ро муайян намудааст. Аммо, татбиқи ин модда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бошад, меъёри Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 5 августи соли 2009, №549) «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», моддаи 6 — «Дастгирии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва моддаи 7 — «Муносибати мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ба таври дахлдор риоя намешавад.

Дар мавриди яке аз ваколатҳои ҷамоатҳо дар соҳаи иқтисод ва молия, яъне, таҳия ва тасдиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрак ва деҳот, С. Абдулло иброз дошт: «Таҳлилҳо нишон доданд, ки барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар ягон ҷамоати шаҳраку деҳот (ба истиснои ВМКБ) таҳия ва тасдиқ нашудаанд. Зимни таҳлили барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳия камбудии зиёд муайян карда шуданд.

Ҳамчунин, қайд шуд, ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист чораҳо андешида, оид ба беҳбудии шароити манзилию маишии аҳолӣ, ҳифзи саломатӣ, муҳофизати муҳити зист ва ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта (нигоҳдорӣ ва ободонии роҳҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, манбаъҳои обтаъминкунӣ, бозорҳои маҳаллӣ, инчунин нигоҳдории қабристонҳо ва таъмини тозагии маҳал аз партовҳо) ва тасдиқи қоидаҳо бояд корҳои муайянеро амалӣ намоянд.

- Аммо, вазифа ва ваколатҳо байни сатҳҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, инчунин мақомоти худидоракунӣ, ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки воситаҳои давлат беҳсозиро талаб мекунад. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ баҳри иҷрои салоҳияти ба онҳо вогузошта ҷиҳати амалӣ намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта захираҳои зарурӣ надоранд. Фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) ҳамчун сатҳи идоракунии ба аҳолӣ наздик ба талабот ҷавобгӯ нест, — гуфт С. Абдулло.

Дар охир, бо дарназардошти эроду таклифҳои аз тарафи иштирокчиён баёншуда, қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул гардиданд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев