4 июни соли 2021 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар самти рушди соҳаи маориф» суҳбати гирди миз баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, тақвият бахшидани инкишофи соҳаи маориф ва илм, беҳбуд бахшидани сатҳу сифати донишомӯзии толибилмон ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор пайваста тадбирҳои судманд меандешанд.
Ҳамкории сохторҳои гуногуни давлатӣ бо мақсади танзим ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, дониши хонандагон ва омода намудани мутахассисон масъалаи рӯзмарра буда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки: «роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд».
- Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки ин масъаларо баррасӣ намуда, камбудӣ ва сабабҳое, ки садди ҳамкорӣ миёни соҳаҳо мешаванд, баррасӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро муайян намоем, — гуфт Дилрабо Мансурӣ.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб иброз дошт, ки тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми кишвар, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 140 ҳолати ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ҷой дорад.
Яке аз мушкилоти зинаи таҳсилоти томактабӣ нокифоя будани маблағгузорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бетафовутии раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Тавре ки дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо мебошад. Соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест».
Гавҳар Шарофзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои калидӣ ва сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоӣ қарор дода, ба рушди он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
То ҳол як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян намуда, ба дастрасии баробар ба таҳсилот, ҳалли масъалаҳои гендерӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рафъи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ равона гардидаанд.
Давлат муносибатҳои бахши давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро оид ба пешбурди соҳаи маориф дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ дар банди 3 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муайян кардааст. Мутобиқи талаботи он, «Давлат бо мақсади рушди соҳаи маориф ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд».
Вазорати маориф ва илм ба ҷои кор таъмин намудани хатмкардагони гурӯҳҳои буҷетии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 таҳти №262 ва моддаҳои 24 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бояд амалӣ намояд.
Вазорату идораҳое, ки муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, тибқи моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ба хатмкунандагони онҳо роҳхат дода, бо кор таъмин намудан ва раванди ба кор рафтани онҳоро ҷиддӣ назорат бояд кунанд.
Инчунин, дар робита ба иҷрои стратегия ва барномаҳои давлатӣ ҳамкориро бо Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Вазорати молия, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Прокуратураи генералӣ, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра дар сатҳи баландтар бояд ба роҳ монанд.
Ба андешаи Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм — муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкориҳои байнисоҳавӣ дар соҳаи маориф — ҳамоҳангсозии амалҳои сохторҳои гуногуни ҷомеа (тандурустӣ, фарҳанг, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра) барои иҷрои фаъолиятҳое мебошад, ки дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассисон дар ҳама зинаи таҳсилот равона гардидааст.
Ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, мудофиа, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ зич аст.
Вазорату идораҳои мазкур муассисони бархе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ буда, оид ба таъсис ва барҳамдиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, таҳсилоти махсус ва марказҳои таҳсилоти калонсолон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамоянд.
Илова бар ин, нақшаю барномаҳои таълимӣ, адабиёти таълимии муассисаҳои таълимии соҳаҳои марбутаро баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод менамоянд ва нашри онҳоро вобаста ба имконоти молиявӣ амалӣ мекунанд.
Ҳамчунин, дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ, инчунин, баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолияти муассисаҳои таълимии сохтори худ ва раванди иҷозатномадиҳӣ ба онҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд.
Сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Маҳмадуллозода Бахтовар Зафар аз он ёдовар гардид, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳар сол нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбиро таҳия менамояд.Тайи панҷ соли охир дар асоси онҳо зиёда аз 500 ҳазор ҷой барои таҳсил пешниҳод шуд. Яке аз дастовардҳои назарраси замони Истиқлолияти давлатӣ таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намуд.
Айни замон тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавии он довталабон ба 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 67 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ қабул мегарданд. Фаъолияти марказ бо истифода аз технологияи муосир ва барномаи махсуси электронӣ бе таъсири омилҳои инсонӣ ба таври автоматӣ ва шаффоф сурат мегирад.
Ислоҳоти қайдгардида ба ҷавонони кишвар имкон дод, ки бо донишу савия ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дохил гардида, соҳиби касбҳои муосири ба талаботи бозор ҷавобгӯ шаванд.
Дар хотима вобаста ба масъала вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода, Солеҳа Холмуҳаммадзода, Ғайрат Азиззода, Ҳаёт Одина, Раъно Бобоҷониён, Саодатшо Матробиён ва Нозим Сидиқов, сардори шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ низ андеша баён дошта, пешниҳодҳои ҷолиб намуданд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ