Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

791 тадбир дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025»

№79-80 (4341-4342) 19.06.2021

DSC_273516 июни соли 2021 таҳти раёсати  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз Абду, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷи­кистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Азизмамад, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон Назурулло ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа 8 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳишмандам нисбати рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ»

4. Дар бораи мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, қитъаи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ашурзода Абдулҳафиз Абду дода мешавад. Марҳамат.

Абдулҳафиз АШУРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади таҳкими минбаъдаи Суди конститутсионӣ дар мамлакат таҳия гардидааст.

Дар асоси Паёми зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 таҳти рақами 1242 «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021» қабул ва тасдиқ гардид.

Дар иртибот ба иҷрои банди 3 барномаи зикршуда ва ҷиҳати боз ҳам такмил додани фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, муайян намудани тартиби баррасии масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда ва такмили баъзе аз муқаррароти қонуни конститутсионии мазкур, бо дарназардошти таҷрибаи судҳои конститутсионии давлатҳои пешқадами дунё, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Cуди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.

Лоиҳаи пешниҳодшуда давоми мантиқии татбиқи принсипи конс­титутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ ва табдил додани ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ба механизми эътимодноки ҳифзи манфиатҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ва дигар субъектони ҳуқуқ арзёбӣ мегардад.

Зимнан, Суди конститутсионӣ қисми ҷудонашавандаи ҳокимияти давлатӣ ва судӣ маҳсуб ёфта, табиист, ки фаъолияти он вобаста ба вақт ба беҳбудӣ ва таҳким ниёз дорад.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ беҳбуд бахшида, дар он доираи субъектҳои муроҷиат, тартиби татбиқи салоҳият, фаъолияти мурофиавӣ ва дигар масъалаҳо такмилу мавриди танзими мушаххас қарор гирифтанд.

Лоиҳа аз 19 қисм иборат буда, дар он талабот нисбат ба судяи Суди конститутсионӣ, ки бояд Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, дониш ва таҷрибаи худро барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд, истифода кунад, ваколатҳояшро бо маҳорати касбӣ иҷро намояд ва сазовори номи судя бошад, пешбинӣ шудааст.

Тибқи иловаи қисми 5 моддаи 8 муқаррар шудааст, ки судяи Суди конститутсионӣ ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ, инчунин, дар муносибатҳои ғайрихизматӣ бояд аз содир намудани ҳама гуна амале, ки боиси паст задани обрӯи ҳокимияти судӣ, қадр ва номуси судя мегарданд ё беғаразона, одилона ва холисона будани амали вайро зери шубҳа мегузоранд, худдорӣ намояд.

Дар доираи муқаррароти Конститутсия баҳри мушаххас ва возеҳу фаҳмо гурӯҳбандӣ намудани салоҳияти Суди конститутсионӣ, қисми 2 моддаи 34 дар таҳрири нав пешниҳод шуда, дар бобати аз байн бурдани такроршавии меъёр қисми 3 хориҷ карда шуда, бо дарназардош­ти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ қисми 4 қисми 3 ҳисобида мешавад.

Бо мақсади таъмини идомаи мантиқии такмили салоҳияти касбӣ, моддаи 40 қонуни конститутсионӣ, ки доираи субъектҳои муроҷиатро ба суд пешбинӣ менамояд, дар таҳрири нав ифода шуда, меъёрҳои такрорёбанда аз он хориҷ карда мешаванд.

Инчунин, бори нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муроҷиат ба Суди конститутсионӣ дар масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун, дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, тавзеҳоти дастурии пленумҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Баҳри тамдид намудани муҳлати бо дархост муроҷиат намудан ба Суди конститутсионӣ аз ҷониби субъектҳои муроҷиат ҳуқуқ ва пешбинӣ намудани кафолати иловагии баррасии дархост, тибқи муқаррароти нави моддаи 42 қонуни конститутсионӣ аз шаш моҳ ба як сол дароз карда мешавад.

Бо дарназардошти такмили фаъолияти мурофиавии Суди конститутсионӣ ва мушаххас намудани тартиб ва мавзӯъҳои баррасишаванда, қисми 2 моддаи 44 дар таҳрири нав пешбинӣ шуда, ба ин модда қисми 4 бо мазмуни нав илова карда мешавад. Чунончи, тартиби пешниҳод ва баррасии ­масъалаи ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда мешаванд, мушаххас нишон дода шуда, нисбат ба масъалаҳои зикршуда қабули хулоса пешбинӣ гардидааст.

Иловаи мазкур мақсади марказии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ арзёбӣ мегардад. Бо мақсади таъмини мазмуну муҳтавои назорати судии конститутсионӣ, таъмини волоияти Конститутсия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар тағйири ба қисми 2 моддаи 50 воридшуда пешбинӣ мешавад, ки Суди конститутсионӣ метавонад аз талабаш даст кашидани муроҷиаткунандаро рад кунад, агар дар санади меъёрии ҳуқуқии мавриди баҳс қароргирифта вайроншавии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии дигар шахсон муайян гардад.

Бори нахуст ба матни қонуни конститутсионии мазкур, аз ҷумла, ба моддаи 55 қисми 6 мавқеи ҳуқуқии Суд пешниҳод шудааст, ки тибқи он, мазмуни қарор ва дигар санадҳои Суди конститутсионӣ мавқеи ҳуқуқии Судро, ки ба Конститутсия мувофиқат менамояд, ифода мекунад. Зимнан, мавқеи ҳуқуқии Суди конститутсионӣ фаҳмиши фалсафию мантиқӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоии судяҳоро, ки зимни баррасии парванда манзур карда мешаванд ва хилофи Конститутсия намебошанд, дар назар дорад.

Дар лоиҳаи қонуни конститутсионӣ, инчунин, дигар масъалаҳои мурофиаи судӣ, аз ҷумла, таъини парванда барои баррасӣ дар мурофиаи судӣ, уҳдадории тарафҳо ва муҳтавои протоколи мурофиаи судӣ мушаххас пешбинӣ шудаанд, ки хусусияти таҳрирӣ доранд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур, ки бо дарназардошти амалияи ҷаҳонӣ ва таҷрибаи судҳои конститутсионии давлатҳои дар ин самт пешрафта ва таҷрибадошта таҳия гардидааст, барои густариши фаъолияти Суди конститутсионӣ мусоидат менамояд.

Қабули он имконият медиҳад, ки минбаъд Суди конститутсионӣ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо самаранок иҷро намуда, ҷиҳати ҳифзи Конститутсия, таъмини волоияти меъёрҳои он ва таҳкими қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат саҳми босазо гузорад.

Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ҳамин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он ҷиҳати иҷрои банди 4 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 таҳти №1242 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2021 таҳти №698  барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил 37 таклифу пешниҳод манзур кардаанд, ки аз онҳо 28 таклиф пурра, 4 пешниҳод қисман қабул гардида, 5 -то қабул нашуданд.

Кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ онро мавриди баррасӣ қарор дода, пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба талаботи моддаҳои 14, 19, 20 ва боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷавобгӯ мебошад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дода мешавад. Марҳамат.

Завқӣ ЗАВҚИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ҷиҳати иҷрои банди 6-и нақшаи чорабиниҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 17 январи соли 2020 таҳти №АП-1325 аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Он ҳамчун марҳилаи дуюми татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегӣ, аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ёфтан ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар омода гардидааст.

Дар лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» рушди устувори макроиқтисодӣ дар асоси се сенария: буҳронӣ, воқеъбинона ва шиддатнок, пешбинӣ шуд. Дар онҳо вазъи тағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID-19, низоъҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои абарқудрат, оқибатҳои тағйирёбии иқлим, афзоишёбии ҳиссаи саноат дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД), сармоягузорӣ, манбаъҳои нави рушд, тағйирнопазирии ҳиссаи маблағгузорӣ ба бахши иҷтимоӣ нисбат ба ММД ва дигар омилҳои дохилӣ ва беруна ба назар гирифта шудаанд.

Сенарияи шиддатнок афзоиши миёнасолонаи иқтисодиётро дар сатҳи 7-10 фоиз, ҳиссаи сармоягузориҳои хусусиро дар ММД то 10 фоиз ва ҳиссаи саноатро дар ММД аз 22,5 то 26,3 фоиз пешбинӣ менамояд.

Дар маҷмӯъ, тӯли панҷ сол ММД-и номиналӣ 1,8 маротиба (аз 92.1 то 167.7 млрд. сомонӣ) ва ММД ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 маротиба (аз 9303 то 15971 сомонӣ) зиёд мегардад.

Вобаста ба ин, нақшаи чорабиниҳои лоиҳаи барнома аз 791 тадбири мушаххас (аз ҷумла, дар бахши воқеии иқтисодиёт 245 тадбир, сармоягузориҳо — 41, бахши иҷтимоӣ — 416, волоияти қонун — 41 ва дигар бахшҳо 48 тадбир) бо арзиши умумии 115,3 млрд. сомонӣ таркиб ёфта,  муҳлати иҷро ва мақомоти иҷрокунанда (аз ҷумла, 51,3 млрд. сомонӣ ё 44,5 фоиз буҷет, 35,1 млрд. сомонӣ ё 30,4 фоиз шарикони рушд ва 28,9 млрд. сомонӣ ё 25,1 фоиз бахши хусусӣ) нишон дода шудаанд

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба захираву имкониятҳои ба таври зарурӣ истифоданашуда дар боби алоҳидаи барнома манбаъҳои иловагии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешбинӣ гардидаанд, аз ҷумла:

1. Иқтисоди рақамӣ дар таъмини рушди иқтисодии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нақши муҳимро бозида, ҳиссаи он дар ММД аз 12 то 40 фоизро ташкил медиҳад ва дар Тоҷикистон аз 5 фоиз зиёд намудани он дар назар аст.

2. Тоҷикистон дорои захираҳои кофӣ барои рушди иқтисоди «сабз» буда, тибқи ҳисобҳои коршиносон иқтидори энергияи офтобии Тоҷикистон қариб 16 трлн. кВт/соат, аз ҷумла, аз ҷиҳати техникӣ асоснокшуда 13 млрд. кВт/соат дар як солро ташкил медиҳад.

3. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираву имкониятҳои васеи зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди изофашуда дар соҳаҳои истеҳсолоти миллӣ аз ҳисоби рушди соҳаҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, металлургӣ, кимиё, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва ташкили корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта, пилла ва пӯст, истеҳсол, бандубаст, нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти хӯрока, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, металҳои ранга, сангҳои қиматбаҳо, ангишт ва истеҳсоли номгӯи васеи масолеҳи сохтмонӣ мебошад. Вобаста ба ин тадбирҳо, ҷиҳати азнавтаҷҳизонӣ ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, кластерҳои азими агросаноатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии рақобатпазири дорои баланди арзиши иловашуда бо дарёфти бозори фурӯши онҳо, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва брендҳои машҳури ҷаҳонӣ барои истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ ба нақша гирифта шудаанд.

4. Мавҷудияти зиёда аз 3500 ­навъи гиёҳи шифобахш ва табобатӣ дар кӯҳи Тоҷикистон барои рушди саноати дорусозӣ муҳим арзёбӣ гардида, пурра истифода намудани имкониятҳои мавҷуда дар ин самт пешбинӣ шудааст.

5. Ҷумҳурии   Тоҷикистон дорои имкониятҳои бузурги транзитиву сайёҳӣ буда, рушди сайёҳии фароғативу рекреатсионӣ, кӯҳнавардию шикор, экосайёҳӣ, таърихӣ, фарҳангиву динӣ ва инчунин, сайёҳии табобатӣ-тиббӣ (хизматрасониҳои дандонпизишкӣ, нейроҷарроҳӣ, ҷарроҳии пластикӣ, пайвандкунии узвҳои бадан ва ғайра) барои таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Тавассути ташкили инфрасох­тори муосири боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ, содагардонии расмиёти транзити борҳо ва мусофирон, ҷорӣ намудани сиёсати фазои «осмони кушод», афзоиш додани саҳми мустақими бахши сайёҳӣ дар ММД-и кишвар ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он то 15 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро дар суҳбати гирди миз ба аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳо ва дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд, ки аз ҷониби шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба он баҳои баланд дода шуд.

Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои амалисозии он бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфта, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021 таҳти №168 маъқул дониста шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ манзур гардидааст.

Он дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия мавриди баррасӣ  қарор гирифта, бо дарназардош­ти таклифҳои судманд такмил дода шуд, ки вобаста ба ин ба муҳтарам вакилон миннатдорӣ иброз медорам.

Ва хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло МАШРАБ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, барои таъмини иҷрои марҳилаи дуюми «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» (СМР-2030) таҳия гардидааст.

Дар низоми банақшагирии стратегии кишвар ба ҳайси ҳуҷҷати асосӣ СМР-2030 баромад намуда, дар он ҳадафҳои асосӣ ва афзалиятҳои рушди дарозмуҳлат дарҷ шудаанд. Муқаррар гаштани принсипҳои рушди минбаъда – превентивӣ, индустриалӣ ва инноватсионӣ дар марҳилаи аввали татбиқи СМР-2030 дуруст будани самтдории стратегиро собит намуд.

Нишондиҳандаҳои асосии ҷараёни татбиқшавии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» нишон дод, ки ба ҳадафҳо ва вазифаҳои миллии стратегии муайянгардида, дар маҷмӯъ, ноил гардидем ва заминаи мусоид барои рушди устувори минбаъдаи кишвар фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин, дар баробари дастовардҳо, баъзе аз нишондиҳандаҳои алоҳидаи барномаи қаблӣ бо дарназардошти паёмади буҳронҳои иқтисодии глобалӣ, паҳншавии пандемияи COVID-19, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳо, тағйирёбии ноус­тувори нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ, паст шудани фаъолнокии иқтисодӣ ва тағйирёбии иқлим, дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардиданд.

Нишондиҳандаҳои асосии мақсадноки БМР 2021-2025 дар асоси моделҳои муосири макроиқтисодӣ, аз ҷумла модели мувозинати макроиқтисодӣ (Revised Minimum Standart Model – Extended (RMSM-X), модели мувозинати умумӣ (General Equilibrium Modeling) ва ҳамчунин, дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои вазорату идораҳои соҳавӣ барои давраи миёнамуҳлат ҳисоб карда шудаанд.

Хусусияти муҳим ва фарқкунандаи БМР 2021-2025 аз барномаи пешинаи миёнамуҳлати рушд БМР 2016-2020 аз он иборат аст, ки татбиқи ҳадафҳо, афзалиятҳо ва вазифаҳои дар он муқарраргашта дар:

- тақвият бахшидани чораҳои пешгирикунанда дар шароити таъсири манфии падидаҳои буҳронӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон бинобар паҳншавии пандемияи COVID-19;

- мушаххас намудани принсипи индустриалӣ дар чаҳорчӯбаи ҳадафи нави миллии стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид;

- васеъ истифода кардани манбаъҳои дохилии рушд ҳамчун омили асосии таъмини тараққиёти устувори минбаъдаи иқтисоди миллӣ;

- фароҳам овардани заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғли пурмаҳсул;

- ташаккули иқтисоди рақамӣ барои тавсеаи принсипи рушди инноватсионӣ, асос меёбанд.

Дар панҷсолаи оянда сенарияҳои зерин: 1) сенарияи буҳронӣ; 2) сенарияи воқеъбинона; 3) сенарияи шиддатнок пешбинӣ шудаанд. Сенарияи буҳронӣ, бо дарназардошти сустшавии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ, бахусус иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон зери таъсири идомаи паҳншавии пандемияи COVID-19 дар ҷаҳон, ноустувории нархҳои ҷаҳонӣ, коҳишёбии маблағгузории берунӣ (интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ), сармоягузориҳо ва истеъмолот ташкил медиҳад.

Сенарияи воқеъбинона дар заминаи истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, идома додани раванди сохтмони корхонаҳои нави саноатӣ ва барқарорсозии корхонаҳои аз кор бозмонда, таъмини ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, марҳила ба марҳила рақамикунии иқтисодиёт ва ҷорӣ намудани тиҷорати электронӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва ташкили долонҳои нақлиётӣ, рушди низоми молия ва соҳибкорӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва дарёфти бозорҳои нав бо дарназардошти вазъи иқтисоди ҷаҳон пешбинӣ гардидааст.

Дар сенарияи шиддатнок вобаста ба рушди фарогири иқтисодиёт, бахусус рушди бахши хусусӣ ва амалигардонии афзалиятҳои кишвар, афзоиши сармоягузории давлатӣ дар сатҳи 31 фоиз пешбинӣ гардидааст.

Бояд зикр кард, ки нишондиҳандаи асосии сиёсати монетарӣ (сатҳи таваррум) дар доираи 6-8 фоиз ба нақша гирифта шуда, барои амалишавии сиёсати воридотивазкунанда афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ зиёда аз 35 фоиз ба назар гирифта шудааст.

Баҳри дар амал татбиқ намудани иқтисодиёти «сабз» афзоиши ҳаҷми неруи барқ 6,9 млрд. кВт/ соат пешбинӣ гардидааст

Самтҳои афзалиятноки БМР 2021-2025 чунинанд: таъмини устувории макроиқтисодӣ, пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ;  рушди содироти маҳсулот ва хизматрасониҳо,  ташаккули иқтисоди рақамӣ; рушди сармояи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бахши иҷтимоӣ, рушди маҷмӯии минтақаҳои кишвар.

Афзалиятҳои байнисоҳавии БМР 2021-2025 ба мисли таъмини ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва муқовимат ба коррупсия, паст кардани сатҳи нобаробарии иҷтимоӣ ва гендерӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани рушди мутавозини минтақаҳо, таъмини устувории экологӣ ва мутобиқгардонии иқтисоди миллӣ ба тағйирёбии иқлим дар асоси принсипи иқтисоди «сабз» қобили дастгирӣ мебошанд.

Бояд зикр кард, ки бо дарназардошти баланд бардоштани самаранокии захираҳои миллӣ, индикаторҳои таъсиррасони истеҳсолоти саноатӣ дар 5 сол зиёда аз 50 фоиз таъмин мегарданд. Муҳим он аст, ки дар панҷсолаи оянда афзоиши саноати коркард бояд зиёда аз 80 фоиз, иҷрои ҳадафи 3-юми СМР-2030 сатҳи худтаъминнамоӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ то 70 фоиз таъмин гардад. Дар давраи мазкур ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар сол на кам аз 170 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода, сатҳи расмии шуғл ба 75 фоиз расонида мешавад.

Инчунин, амалигардонии мақсаду ҳадафҳои БМР 2021-2025 то 18 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва зиёда аз ду маротиба кам кардани сатҳи камбизоатии шадидро таъмин менамояд.

Ҳамин тавр, дар марҳилаи нав­батии рушди миёнамуҳлат ҷиҳати таъмини суботи макроиқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии он ва диверсификатсияи истеҳсолот, манбаъҳои иловагии зерини рушди устувори иқтисоди миллӣ амсоли зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди изофашуда дар соҳаҳои истеҳсолоти миллӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, иқтисоди «сабз», саноати дорусозӣ, бозори молиявӣ ва фарогирии молиявӣ, истифодаи имкониятҳои хизматрасонии таълимию илмӣ ва транзитӣ ва рушди сайёҳии кишвар, расмикунии иқтисоди ниҳонӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмин мегарданд.

Лоиҳаи барномаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин 51 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 17-то қабул, 9-то қисман қабул ва 25 таклиф қабул нашуд.

Аз ҷумла, параграфи 3-и барнома «§3. Волоияти қонун ва таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ» мавриди таҳлил ва таҷдид қарор дода шуд. Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе аз меъёрҳои параграфи мазкур дар таҳрири нав ифода карда шуданд, ки мазмуну муҳтавои барномаро мукаммалтар намуданд.

Лоиҳаи барнома бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи барномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС:- Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» мегузарем. Аз рӯи он сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» соли 2012 қабул гардида, муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳоеро, ки ба таъмини амнияти нақлиётӣ ва фаъолияти устувори маҷмӯи нақлиёт вобастагӣ доранд, танзим менамояд.

Дар қонуни мазкур принсипҳои таъмини амнияти нақлиётӣ, аз ҷумла, қонуният, риояи мувозинати манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат, ҳамгироӣ бо низоми байналмилалии амният, талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ, инчунин банақшагирӣ ва татбиқи чораҳо оид ба таъмини нақлиётии объектҳои инфрасохтори комплекси нақлиётӣ, аз ҷумла, объектҳои нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ, роҳҳои автомобилгард, нақбу пул, аэродромҳо, фурудгоҳҳо ва объектҳои низоми алоқа, ки фаъолияти маҷмааи нақлиётиро таъмин мекунанд, муайян шудааст.

Мутобиқи моддаи 5 қонуни зикр­шуда муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ пешбинӣ гардидааст, ки сиёсат ва назорати давлатиро дар ин самт амалӣ менамояд.

Сиёсати давлатии соҳаи авиатсияи гражданӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 таҳти №596 ба зиммаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.

Ҳангоми ба зиммаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудани мақоми ваколатдори таъмини амнияти нақлиётӣ, бинобар сабаби мустақил шудани соҳаи авиатсияи гражданӣ таъмини амнияти нақлиётии ин соҳа бе танзими қонунӣ мемонад.

Бо дарназардошти ин, ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкурро мувофиқи мақсад шуморида, пешниҳод мегардад, ки дар тамоми матни қонуни мазкур калимаи «мақоми» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шавад. Қабул ва татбиқи муқаррароти лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида пардохтҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ва ворид намудану такмили дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо намекунад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Аҳмадзода Бахтиёр дода мешавад. Марҳамат.

Бахтиёр АҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

 Қонуни амалкунанда соли 2012 қабул гардида, аз 3 боб ва 15 модда иборат буда ба танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳое, ки ба таъмини амнияти нақлиётӣ ва фаъолияти устувори маҷмӯи нақлиёт вобастаанд, равона гардидааст.

Тибқи он, пешниҳод мегардад, ки дар сархатҳои чорум ва  ҳаштуми моддаи 1 қонуни амалкунанда калимаҳои «мақоми», «ваколатдор» ва «мақоми» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти», «муайян» ва «мақомоти» иваз карда шаванд.

Инчунин, дар моддаҳои 5, 6, 7,  9, 10, 12 ва 13 калимаи «мақоми» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шавад.

Ҳамчунин, аз матни моддаи 2 хориҷ намудани калимаи «(Сарқонуни)» пешниҳод мегардад.

Тағйироти пешниҳодгардида лоиҳаи қонунро мукаммал намуда, номутобиқатӣ ва мухолифати онро бо дигар санадҳои қонунгузории кишвар бартараф менамояд.

Дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2021 таҳти № 713 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 10 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабул намудани онро бо дарназардошти хулосаи Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон маъқул донист.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ гардонида шуда, қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, қитъаи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.

Азим ИБРОҲИМ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди устувор ва бемайлони соҳаи нақлиёту роҳдорӣ диққати махсус дода шуда, дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари ИМА 53 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарду иншооти он амалӣ гардида, дар доираи онҳо зиёда аз 2200 километр роҳи автомобилгард, 300 пул, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ бунёду таҷдид ва 601 адад техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд. Айни замон дар соҳаи нақлиёт 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 694,5 млн. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.

Маҳз вусъатбахшии фаъолият дар партави дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи роҳу нақлиёт имконият фароҳам сохт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳо аз рӯйи сифати роҳҳо аз ҷониби созмони бонуфузи байналмилалии арзёбии рақобатпазирии ҷаҳонӣ гузаронидашуда 20 зина боло рафта, дар байни 141 давлат ҷойи 50-умро соҳиб гардид.

Роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии «Роҳҳои автомобилгарди Осиё №66» буда, барои таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин, баромадан ба бандарҳои обӣ нақши муҳим мебозад.

Қитъаи роҳи автомобилгарди Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон яке аз минтақаҳои душворгузари ин долон ба шумор рафта, ниёз ба таҷдид ва сохтмон дорад.

Бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ ва лоиҳакашии роҳи мазкур 10,2 миллион сомонӣ ҷудо гардида, соли 2016 корҳои ҷустуҷӯӣ ва лоиҳакашӣ ба анҷом расонида шуда буд.

Дар ин замина, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой 2,5 миллиард юан кумаки бебозгашт ҷудо кард, ки 1,5 миллиарди он барои лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, ­қитъаи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон» равона мешавад.

Вобаста ба ин, соли 2019 бо ҷалби кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 1 560 000,00 юани хитоӣ (тақрибан 232 000,00 доллари ИМА) асосноккунии техникӣ — иқтисодии лоиҳаи зикргардида анҷом ёфт.

5 майи соли ҷорӣ лоиҳаи мактубҳои табодулӣ аз тарафи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Тибқи он, ҷудо намудани кумаки бебозгашт аз ҷониби Хитой барои корҳои сохтмонии иншоот ба маблағи умумӣ набояд аз як миллиарду сесаду ҳафт миллион юани хитоӣ (1 307 000 000,00) тақрибан баробар ба 203,9 млн. доллари ИМА (1USD=6,40 юан ба 15.06.2021) зиёд бошад. Хароҷоти дахлдор барои нигоҳдории ширкати хитоӣ оид ба идоракунии муштараки лоиҳа набояд аз бист миллиону панҷсаду шаст ҳазор юани хитоӣ (20 560 000,00) тақрибан баробар ба 3,2 млн. доллари ИМА (1USD=6,40 юан ба 15.06.2021) бештар бошад. ‘

Ҳамчунин, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 36,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла:

- ҷудо намудани қитъаи замин — 0,164 млн. сомонӣ;

- бартараф ва кӯчонидани иншоот — 19,252 млн. сомонӣ;

- идоракунии лоиҳа — 16,310 млн. сомонӣ;

- хароҷоти ғайричашмдошт — 0,357 млн. сомонӣ.

Маблағгузории лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой 98 фоиз ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи муқаррароти мактуби мазкур, ҷониби Тоҷикистон ҷониби Хитойро аз пардохти боҷҳои гумрукӣ барои воридоти техника, таҷҳизот, лавозимот ва ашёи зарурӣ барои истифодаи фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони хитоӣ, инчунин, аз дигар андозҳо ва пардохтҳои марбут ба татбиқи лоиҳа озод менамояд.

Муҳлати татбиқи лоиҳа 36 моҳро ташкил дода, сафарбаркунии пуд­ратчӣ 3 моҳ ва муҳлати кафолатӣ  24 моҳро дар бар мегирад.

Мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, қитъаи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшонро мувофиқи мақсад шуморида, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.

Амонулло ХАЙРУЛЛО:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, қитъаи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон 5 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз татбиқи лоиҳа аз ҳисоби маблағи грантии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба масофаи умумии тақрибан 92,3 км сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон мебошад.

Аз мактубҳои табодулӣ бармеояд, ки ҷониби Хитой ҷудо намудани кумаки бебозгашт барои корҳои сохтмонии иншоот ба маблағи умумии баробар ба 202,6 млн. доллари ИМА ва хароҷоти дахлдор барои нигоҳдории ширкат оид ба идоракунии муштараки лоиҳа баробар ба 3,2 млн. доллари ИМА пешбинӣ намудааст.

Ҷониби Тоҷикистон дар асоси қарордоди сохтмонӣ ва ҷадвали лоиҳа дархости интиқоли маблағро пешниҳод менамояд.

Тибқи муқаррароти мактубҳои мазкур, ҷониби Тоҷикистон як қатор сабукиҳоро, аз қабили озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ барои воридоти техника, таҷҳизот, лавозимот ва ашёи зарурӣ барои истифодаи ҳаррӯзаи кормандон, аз дигар намуди андозҳо ва пардохтҳои ба татбиқ ва амалишавии лоиҳа вобаста, инчунин, ба кормандони муҳандисӣ ва техникӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати вуруду баромад ва кору будубоши онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани мактубҳои табодулии мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи   Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати нақлиёт, субъекти татбиқкунандаи лоиҳа мактубҳои табодулиро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намуданашонро мувофиқи мақсад шуморид.

Мактубҳои табодулии мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки мактубҳои табодулӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе — Кулма, қитъаи Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшонро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи мактубҳои  табодулӣ оид ба татбиқи лоиҳаи қисматҳои қитъаи калидии марҳилаи 2-юми лоиҳаи  сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи  Қалъаихумб — Ванҷ — сарҳади ноҳияи Рӯшон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади бартараф намудани нуқсони қонунгузорӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ ва мушаххас намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида, пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба моддаҳои 10 ва 11 қонуни мазкур пешбинӣ намудааст. Лоиҳаи қонун вобаста ба талаботи нави сиёсати давлат оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ, аз ҷумла ҷудо ва дақиқ намудани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ пешбинӣ менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ба Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия шудааст ва он маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш мекунем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Оид ба масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи сиёсати давлатӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ мебошад. Он ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба моддаҳои 10 ва 11 қонуни амалкунанда пешбинӣ менамояд.

Бо ин мақсад дар моддаи 10 барои мушаххас гардонидани ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии сейсмикӣ сархатҳои нав оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ ва таҳияи барномаҳои илмию техникӣ илова гардида,  сархатҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шудаанд.

Ба моддаи 11 қисми 3 оид ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ нисбат ба назорати риояи меъёру қоидаҳо, регламентҳои техникии шаҳрсозӣ, таҳияи барномаҳои соҳавӣ, санадҳои меъёрӣ, харитаҳои сейсмикии маҳалҳои аҳолинишин ва амалӣ намудани дигар ваколатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон илова шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 7 июни соли 2021 таҳти № 712 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Лоиҳа тамоми расмиёти дохилиро гузаштааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, барои такмил се таклиф пешниҳод гардид, ки дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз онҳо 2 — тоаш қабул қабул карда шуд.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардидаро дар ҷаласаи васеъ  бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Академияи миллии илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад дониста шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мегузарем.

Аз рӯи он сухан ба директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Темурҷон Абдулваҳобзода дода мешавад. Марҳамат.

Темурҷон

АБДУЛВАҲОБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Давлат тавассути қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳамчун истеъмолкунанда барои харидани моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар кафолат медиҳад, инчунин, шаҳрвандонро аз харидории ашёи пастсифате, ки ба вазъи иқтисодии онҳо созгор нест, ҳимоя мекунад ва бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» қабул карда шудааст.

Ҳоло барои баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» пешниҳод мешавад. Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 26 октябри соли 2020 таҳти  № 374 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати мамлакат ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Тағйироти воридгардида лоиҳаи қонунро мукаммал намуда, номутобиқатии онро бо дигар санадҳои қонунгузории кишвар бартараф менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод шуда, мақсади ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон мебошад. Бо дарназардошти дарки муҳимияти масъалаи баррасишаванда лозим ба зикр аст, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз тариқи фароҳам овардани фазои мукаммали қонунгузорӣ хизматҳои шумо, вакилони муҳтарам, қобили арҷгузорист. Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Неъматулло Холбойзода дода мешавад. Марҳамат.

Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА:

- Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мутобиқи талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Қосим, А. Хайрулло, Б. Акрамзода, Н. Холбойзода, Р. Раҳматзода ва Б. Аҳмадзода пешниҳод гардидааст.

Қонуни амалкунанда соли 2004 қабул гардида, ба он панҷ маротиба тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Вале то ҳол норасоиҳои меъёрӣ дар қонуни амалкунанда ҷой дошта, зарурати мувофиқ намудани муқаррароти он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи ҳимояи рақобат» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад.

Мутобиқи қисми 1 лоиҳа ба моддаи 3 қонун, ки ба масъалаҳои ҳуқуқҳои истеъмолкунанда дахл доранд, илова намудани сархати сеюм ва иваз намудани сархати ҳафтум бо мазмуни зерин пешниҳод карда мешавад:

« — ба дастрасӣ ба иттилоот дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;»;

«- ба иваз намудан ё баргардондани моли дорои сифати номатлуб;».

Мувофиқ ба талаботи қисми 2 лоиҳа вобаста ба қисми ҳаштуми моддаи 6 қонун зарурати иваз намудани калимаҳои «зарари аз ин кашидаи истеъмолкунандаро» ба калимаҳои «зарари ба истеъмолкунанда расидаро» дида мешавад.

Дар асоси қисми 3 лоиҳа дар қисмҳои шашум ва даҳуми моддаи 18 қонун иваз намудани калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2020 таҳти № 374 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати мамлакат ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 22 таклифу пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 17-то қабул, 5-то қисман қабул шуданд.

Кумитаи масъул дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, қабул намудани онро ба мақсад мувофиқ ҳисобид. Тағйироти воридгардида лоиҳаи қонунро мукаммал намуда, номутобиқатӣ ва мухолифати онро бо дигар санадҳои қонунгузории кишвар бартараф менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 5, 10, 14, 21, 58-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 1, 7, 40, 49, 50, 51, 55, 56, 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шудааст ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қарор  тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Азизмамад Каримзода дода мешавад. Марҳамат.

Азизмамад КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 қабул карда шудааст, ки он муносибатҳои заминистифодабариро танзим намуда, барои истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ шароит фароҳам меорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуд ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шуд.

Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаи 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба танзим даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Мутобиқи моддаи 26 (1) Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми гурӯҳҳо ва намудҳои замин қитъаҳои заминро ба истифодаи бемуҳлат, муҳлатнок ва ба иҷора дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шаҳрҳо вилоятҳо ва мақомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, сарфи назар аз андозаашон медиҳад, инчунин, тибқи моддаи 29 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат додани баъзе аз намудҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ аз гурӯҳҳои заминҳо танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон амалӣ мешавад.

Дар ҳолати ҷудо намудани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин» қабул мешавад. Ҳолатҳое ба вуҷуд меоянд, ки қитъаи замини додашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи таъинот ва ё мақсади ҷудо кардашудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намегардад. Дар ин ҳолат зарурати беэътибор донистани қарор пайдо мешавад.

Гарчанде қонунгузор додани қитъаи заминро ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда бошад, ҳам қатъи ҳуқуқ ва бекор намудани карорҳои ин мақомро муқаррар накардааст.

Дар асоси қисми 5 моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми онҳо) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шуда ё амали онҳо боздош­та мешавад.

Ҳар сол аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти маҳаллии он ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти он аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ таҳия шуда, он дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тасдиқ карда шуда, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа мегардад ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва бо қарор тасдиқ карда мешавад.

Инчунин, аз тарафи корхонаҳои тобеи кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи нақша корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо гузаронида мешавад ва натиҷаи он тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа гардида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва оид ба тасдиқи он қарори дахлдор қабул карда мешавад. Гарчанде ин корҳо мунтазам амалӣ шаванд ҳам, қонунгузор тасдиқ намудани онҳоро дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накардааст.

Аз ин лиҳоз, барои ба танзим даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳои зерин пешниҳод карда шудааст.

- бандҳои «б», «в» ва «г» бо мазмуни зерин илова карда шавад:

б) беэътибор донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин дар сурати тибқи таъиноти дар он пешбинишуда истифода нашудани қитъаи замин;

в) ҳар сол тасдиқ намудани ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ;

г) тасдиқ намудани натиҷаи баҳисобгирии давлатии масоҳати замин дар ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо.

Бояд қайд кард, ки мақсад аз ворид намудани иловаҳо ба моддаи 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани Кодекси замини ҷумҳурӣ ба дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани салоҳият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бекор намудани қарорҳои қабулкарда дар ҳолати гирифтану додани қитъаҳои замин, инчунин, тасдиқ намудани ҳисоботи солона оид ба заминҳои мавҷуда дар ҷумҳурӣ ва натиҷаи баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро  ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод  доред? Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА: - Ҳоло  дар мамлакат зиёда аз 200 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд. Оё тағйиру иловаҳои воридшуда нисбат ба хоҷагиҳое, ки аз заминҳои дар ихтиёрашонбуда самаранок истифода намебаранд, тасдиқ мешавад? Алҳол дар ҷумҳурӣ бинобар муносибати хунукназаронаи хоҷагидорон чӣ қадар замин бекор мондааст?

Азизмамад КАРИМЗОДА: — Самаранок истифода бурдани заминро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо назорат мекунанд. Агар хоҷагии деҳқонӣ дар муддати ду сол заминро истифода набарад, он ба Фонди шаҳр ва ё ноҳия гирифта шуда ё ба дигар хоҷагии деҳқонӣ дода мешавад. Ибтидои соли 2000-ум дар кишвар заминҳои бекорхобида 30 000 гектарро ташкил медод. Ҳоло ин рақам 4900 гектарро  ташкил медиҳад. Аз сабаби дуруст фаъолият накардани насосҳои обкашӣ алҳол  дар ҷумҳурӣ 21 000 гектар замине, ки бояд обёрӣ мешуданд, ҳамчун замини лалмӣ истифода мешавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло ҚОСИМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз ворид намудани иловаҳо ба моддаи 5 мутобиқ намудани Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани салоҳият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беэътибор донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин дар сурати тибқи таъиноти дар он пешбинишуда истифода нашудани қитъаи замин, ҳар сол тасдиқ намудани ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда ва натиҷаи баҳисобгирии давлатии микдори заминҳо дар ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Лоиҳаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни соли 2021 таҳти № 711 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардидаро 9 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад дониста шуд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 13, 74 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рустам Латифзода, Рустам Шоҳмурод ва Ҷамшед Муртазозода пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз таҳияи он танзими оқибати ҳуқуқӣ вобаста ба  кирдорҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо, аз ҷумла, ҳайвоноти бесоҳиб, яъне мавриди шиканҷа, латукӯб, азобу уқубат қарор додан ё содир намудани ҳаракатҳои дигари зӯроварӣ, ки боис ба маъюбӣ ё ҳалокати онҳо нагардидааст, ҳамчунин тарғиби муносибати бераҳмона бо ҳайвонот ва парандаҳо буда, тибқи талаботи қисми якуми моддаи 277 лоиҳа барои чунин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи  аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ карда мешавад.

 Инчунин, тибқи қисми 2 моддаи мазкур  ҷавобгарии маъмурӣ барои кирдорҳои бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо, ки агар онҳо аз ҳиссиёти авбошӣ, бо бераҳмии махсус, садизм, бо мақсади ғаразнок ва дигар нияти нопоку паст, ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла, интернет, ки боиси маъюбӣ ё ҳалокати онҳо гардидаанд ва ё дар ҳузури шахсони баръало хурдсол содир шуда бошанд, пешбинӣ гардида, ҷазои ҷаримавӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо  таъин мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Кодекси амалкунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 277 ҷавобгарии маъмуриро барои  муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот, ки танҳо боиси ҳалок ё маъюб шудани онҳо гардидааст, инчунин мавриди шиканҷа қарор додани ҳайвонот ва парандаҳо пешбинӣ менамояд, ки он таркиби кирдорҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки дар лоиҳаи баррасишаванда дарҷ гардидааст, дар бар намегирад, ки дар амалия чунин кирдорҳо содир гардида, онҳо дар натиҷа бе оқибати ҳуқуқӣ ва ҷазо боқӣ мемонанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиёти дохилиро тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуда, барои такмил 11 таклиф пешниҳод намуданд, ки  аз онҳо 5 адад қабул, 5 таклиф қисман қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷавобгӯ мебошад.

Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол доред? Марҳамат.

Ғайрат АЗИЗЗОДА: — Ҳар сол  дар фасли баҳор дар ноҳияи Мастчоҳ селаи парандагони мавсимӣ, аз ҷумла, турнаю лаклакҳо дар иншооти барқу обтаъминкунӣ маскун шуда, ба фаъолияти насос­ҳои обкашӣ халал мерасонанд. Баъзан барои кумак аз хизмати шикорчиҳо истифода мешавад. Баъд аз ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оё дар мавриди зикршуда низ ҷарима пешбинӣ шудааст?

РАИС: — Дар ҳудуди фуруд­гоҳ, симчӯби хатҳои баландшиддати барқ ва ғайра, бо дарназардошти таъмини бехатарӣ, халалдор накардани фаъолияти онҳо ҳолати истисноии тарс додану рондани парандаҳо ҷой дорад.

Рустам ШОҲМУРОД: — Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷазо барои кирдорҳои ғаразнок ва аз ҳиссиёти авбошӣ содиршуда дар назар дошта шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ҳоло бо истифода аз фурсати муносиб ордену медал ва ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон сазовор гардидаанд, месупорем.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Хайридин Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Хайридин УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Бо қарори Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  аз 20-уми майи соли 2021 зумрае аз вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои иштироки фаъолона дар фаъолияти Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии халқҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ордену медал ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд. Аз ҷумла:

Бо ордени «Иттиҳод» :

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот  Фаттоҳзода Саидмурод Самад.

Бо медали «Барои таҳкими ҳамкориҳои парламентӣ»:

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода  Сумангул Саид.

Бо Ифтихорномаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил:

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонов Мансур  Саломович

муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Тағозода Ғайрат  Одинахоҷа

муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боқиев Зайнулобиддин Баротович

сардори раёсати ҳуқуқ Комилзода Абдуқодир Ҷафар

сардори Раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандон  Камолов  Ҷалол Асадович

сардори Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Оқилзода  Наҷибулло Нуруллоӣ

мудири шуъбаи матбуот Султонов Муҳаммадато Исоевич

мушовири калони Кумита  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Сафаров Алишер Азизович

сармутахассиси Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашр Ҷалилова Тоҷинисо Додаровна

сармутахассиси Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, коммуникатсионӣ, таҳрир ва нашр Бобоҷонова Шодигул Ӯроқовна

сармутахассиси Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Эсанқулов Абдусамад Эшбуриевич.

РАИС: — Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ