Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, инчунин, барои ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯъҳои «Маърифати экологӣ» ва «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» — ро эълон менамояд.
Онҳо аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор ва то 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда мешаванд.
Шартҳои баргузор намудан аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути рӯзномаи «Садои мардум» (sadoimardum@yandex.ru), сомонаи www.parlament.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор карда мешаванд.
Матолиби пешниҳодшаванда бояд ҷараёни татбиқи силсилаи ташаббусҳои Президенти мамлакат, ба монанди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Соли 2025 — соли ҳифзи пиряхҳо», «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» — ро фаро гиранд.
Довталабон мақола, гузориш, мусоҳиба ва дигар матолибро дар хусуси масоили обшавии пиряхҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера ва манбаъҳои об, кам кардани газҳои гулхонаӣ, татбиқи «иқтисоди сабз» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки дар воситаҳои ахбори омма (рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион) интишор менамоянд, ба комиссия пешниҳод месозанд.
Дар озмунҳо шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳи эҷодӣ, олимону коршиносон, рӯзноманигорон ва донишҷӯёну хонандагон ширкат варзида метавонанд. Шумораи матолиб маҳдуд нест ва метавонанд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шаванд.
Иштироккунанда ба комиссия ариза, ки дар он ному насаб, суроға, ҷои кору таҳсил, рақами телефон ва маълумот оид ба нашри мақолаву асарҳо, наворҳо, гузориш ва мусоҳибаҳо дар воситаҳои ахбори омма нишон дода шудаанд, пешниҳод менамояд. Ба ариза нусхаи мақолаву мусоҳибаҳо дар варақи андозааш А4, бо шрифти Times New Roman Tj 14 замима мегардад. Нусхаи электронии мақола ба суроғаҳои электронии e.k.ekologi@yandex.com ва sadoimardum@yandex.ru ирсол карда мешавад.
Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Барои иштирокчиёни фаъол низ туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.
Масъулони баргузории озмунҳо Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Маҷлиси Олӣ — «Садои мардум» мебошанд.
Аз натиҷаи озмунҳо дар рӯзномаи «Садои мардум», сомонаи расмии www.parlament.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иттилоъ нашр карда мешавад.
Довталабон матолибашонро дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ зери рубрикаи «Ба Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» ва ё «Ба Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Маърифати экологӣ» чоп намуда, сипас, ба суроғаи электронии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон e.k.ekologi@yandex.com ва нусхаи аслиро ба суроғаи ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 42 бояд равон намоянд.
ҚАРОРИ
ШӮРОИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021 бармеоянд, инчунин барои ҷалби олимону мутахассисон, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмун тасдиқ карда шаванд (замимаи 1).
3. Озмун дар як давр аз 1 март то 1 декабри соли 2022 баргузор ва то 20 январи соли 2023 ҷамъбаст карда шавад.
4. Шартҳои баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тавассути рӯзномаи «Садои мардум», сомонаи www.parlament.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма интишор карда шаванд.
5. Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби шарикони рушд ҷиҳати қадрдонии ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли Озмун тадбирҳои зарурӣ андешанд.
6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурииТоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 14 феврали соли 2022, №1055
ЗАМИМАИ 1
НИЗОМНОМАИ
Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» барои мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 декабри соли 2021, бармеоянд, инчунин ҷиҳати татбиқи силсилаи ташаббусҳои Президенти мамлакат ба монанди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Соли 2025 — соли ҳифзи пиряхҳо», «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мегардад.
2. Озмун бо мақсади ҷалби олимону мутахассисон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, донишҷӯён, инчунин хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ, хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва ҳифзи манбаъҳои об доир карда мешавад.
3. Масъулони баргузории Озмун Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияи расмии Маҷлиси Олӣ — «Садои мардум» мебошанд.
БОБИ 2.
КОМИССИЯИ ОЗМУН
4. Ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» (минбаъд — Комиссия) бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
5. Салоҳияти Комиссия
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот ба Озмун;
- омӯзиш ва арзёбии матолиби ба Озмун пешниҳодшуда;
- тасдиқ ва пешниҳоди хулосаи комиссия оид ба ғолибону фаъолони Озмун ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3.
ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
6. Озмун дар як давр аз 1-уми март то 1-уми декабри соли 2022 гузаронида мешавад.
7. Ширкаткунандагони Озмун мақола, гузориш, мусоҳиба ва дигар матолиби худро дар хусуси масоили обшавии пиряхҳо, ҳифзи ҳавои атмосфера ва манбаъҳои об, кам кардани газҳои гулхонаӣ, татбиқи «иқтисоди сабз» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, ки дар воситаҳои ахбори омма (рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион) интишор менамоянд, ба Комиссия пешниҳод месозанд.
БОБИ 4.
ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
8. Дар озмун шаҳрвандон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ё гурӯҳи эҷодӣ, олимону коршиносон, рӯзноманигорон ва донишҷӯёну хонандагон ширкат варзида метавонанд.
9. Ба Озмун матолиби нашршуда метавонанд ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шаванд. Шумораи матолиби ба Озмун пешниҳодшаванда маҳдуд нест.
10. Иштироккунанда ба Комиссия ариза, ки дар он ному насаб, суроға, ҷойи кору таҳсил, рақами телефон ва маълумот оид ба нашри мақолаву асарҳо, наворҳо, гузориш ва мусоҳибаҳо дар воситаҳои ахбори омма нишон дода шудаанд, пешниҳод менамояд. Ба ариза нусхаи мақолаву мусоҳибаҳо дар варақи андозааш А4, бо шрифти Times New Roman Tj 14 замима мегардад. Нусхаи электронии мақола ба суроғаҳои электронии e.k.ekologi@yandex.com. ва sadoimardum@yandex.ru ирсол карда мешавад.
11. Ҳаҷми мақолаю мусоҳиба ва гузоришҳо маҳдуд нест.
12. Матолиби интишоршуда бояд мавзӯъҳои намунавии зерин вобаста ба тағйирёбии иқлимро инъикос намоянд:
- тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он дар Тоҷикистон;
- хисороти вобаста ба тағйирёбии иқлим ва роҳҳои пешгирии он;
- хавф ва таҳдиди тағйирёбии иқлим ва чораҳои мутобиқшавӣ ба он;
- таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва тандурустӣ;
- истифода аз манбаъҳои алтернативии барқароршавандаи энергия (офтоб, шамол, чашамаҳои гарми геотермалӣ);
- татбиқи «иқтисоди сабз» ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ;
- бартарии нақлиёти барқӣ ва зарурати гузаштан ба он;
- таъсири тағйирёбии иқлим ва масоили гендерӣ;
- вобастагии тағйирёбии иқлим ба муҳоҷират;
- тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ;
- ҳифзи захираҳои ҷангалу чарогоҳ ва чораҳои беҳтаркунии ҳолати
онҳо;
- технологияи сарфакорона ҷамъоварӣ кардан ва истифодабарии об;
- ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди татбиқ, мониторинг ва арзёбии лоиҳаю барномаҳо доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.
БОБИ 5.
МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
13. Аъзои комиссия ҳангоми баррасии асар моҳият, мазмун, рӯзмарра будани масъалаҳои дар он дарҷгардида ва мувофиқати он ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ба чоп расидани он дар нашрияҳои маҳаллӣ (шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ), соҳавӣ, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, инчунин вокуниши хонандагон ба матолиби дарҷшударо ба инобат мегиранд.
14. Ғолибони Озмун баъди омӯзиши пурра бо овоздиҳии аз нисф зиёди аъзои Комиссия ба тарафдории номзадҳо муайян карда мешаванд.
15. Комиссияи Озмун ҷаласаи ҷамъбастиро дар муҳлати 10 рӯзи корӣ баъд аз анҷоми Озмун доир карда, натиҷаҳои онро барои тасдиқ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
БОБИ 6.
МУКОФОТОНИДАНИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
16. Ғолибони Озмун дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплому сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда мешаванд.
17. Барои иштирокчиёни фаъоли озмун, ки асарҳои онҳо аз ҷониби Комиссия қайд мегарданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.
18. Маросими қадрдонии ғолибон ва туҳфасупорӣ ба иштирокчиёни фаъол моҳи январи соли 2023 доир мегардад.
19. Аз нитаҷаи Озмун дар рӯзномаи «Садои мардум», сомонаи расмии www.parlament.tj, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иттилоъ нашр карда мешавад.
НАМУНАИ АРИЗА
Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба Комиссияи экологӣ
АРИЗА
Барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Матолиби беҳтарин дар мавзӯи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»
Ному насаб (пурра)______________________________________________
Ихтисос, унвон, вазифа ва ҷойи кор _________________________________
_________________________________________________________________
Номи асару мақола, очерк, асари илмӣ, нигориш, филм, реклама дар мавзӯи экология, ки тавассути воситаҳои ахбори омма нашр ва ё паҳн шудаанд
1._______________________________________________
2._______________________________________________
3._______________________________________________
4._______________________________________________
____________ дар ________ саҳифа замима мегардад
Телефон барои тамос: ____________________________
Суроға _______________________________________________________
Нусхаи шиноснома
Ному насаб имзо