Истиқлолияти давлатӣ – замина ва дастовардҳои муҳими он

№110-111 (4693-4694) 08.09.2023

Дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ баъди пош хӯрдани Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС), Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии хешро эълон намуда, ба давлати мустақил табдил гардид. Гузашта аз ин яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳибихтиёрии пурра ва воқеии Тоҷикистонро бояд қонунӣ мегардонд, ин қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон буд.

Шӯрои Олии Тоҷикистон 24-уми ­августи соли 1990 дар сессияи дуюм даъвати дувоздаҳум Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистонро қабул намуд. Ҳангоми қабул намудани ин ҳуҷҷати муҳим Тоҷикистон ба ҳайати ИҶШС дохил мешуд. Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон заминаи устувори ҳуқуқии истиқлолияти давлатӣ ва қадами аввалин оид ба тайёр намудани лоиҳаи нави ­Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз ба даст овардани соҳибихтиёрии давлатӣ яке аз бузургтарин дастоварди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳиб­ихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».

Бояд қайд кард, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ дар миқёси давлатҳои пасошӯравӣ яке аз таҷрибаи аввалин буда, он дар шумори даҳ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил мешавад.

Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмини адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст.

Маҳз, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ташаккули  Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии барпо намудани давлатдорӣ таҳким ёфт.

Дастоварди дигари муҳими Истиқлолияти давлатӣ инСозишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Созишномаи мазкур 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расидааст. Созишномаи аслӣ аз 4 саҳифа иборат буда, ба он зиёда аз 30 созишномаи дигар, ки дар тӯли то соли 1997 омода шудаанд, замима гардидааст.

Созишномаи мазкур аз 4 бахши асосӣ иборат мебошад: бахши ҳуқуқӣ (самти қонунгузории мамлакат), бахши низомӣ (масъалаҳои низомӣ), бахши муҳоҷирин (масъалаҳои гурезаҳо) ва бахши сиёсӣ (масъалаҳои намояндагии мухолифин дар мақомоти давлатӣ, парламенти касбӣ ва ғ).

Истиқлолияти давлатӣ аз ваҳдати миллӣ вобастагии қавӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ иброз доштаанд: «Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт».

Ҳуҷҷатҳои қабулшуда дар бахши ҳуқуқӣ, хусусан самти қонунгузорӣ, ки дар созишномаи зикршуда таҷассум ёфтааст, ҳамчун асоси боэътимоди минбаъдаи рушди қонунгузории мамлакат саҳми босазо гузоштааст.

Дар ин росто, ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, густариши равандҳои демократӣ, таъмини рушди устувору бомароми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, барои мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, таҳия ва қабули қонунҳо дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ аз соли 2000 парламенти касбӣ таъсис дода шуда, то имрӯз фаъолияти босамар дорад.

Барои рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастоварди муҳими давлатӣ ин воқеан ҳам, тасдиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба шумор меравад. Стратегияи навбатӣ чор ҳадафи сифатиро барои давлати мо бо фарогирии 15 сол дар бар мегирад: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ; аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунии босуръати Тоҷикистон.

Ҳамчунин, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро, ки марҳилаи якум ва дуюми татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба ҳисоб мераванд, тасдиқ намуд.

Аз ин рӯ, қайд кардан мувофиқи мақсад аст, ки дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Дақиқ муайян намудани зарурати таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муқоисаи онҳо бо қонунҳои амалкунанда, омӯзиш ва муайян намудани мувофиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда ба талаботи замон ва ҷомеа, инчунин, аз нигоҳи илмӣ асоснок намудани онҳо имкониятҳои зиёд доранд ва бояд аз он ҳар чӣ бештар ва самаранок истифода карда шавад.

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ муваффақияти бузург ва дар навбати худ ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Маҳз, дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳти сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ба эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд оғоз намуда, дар ин давра ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, ноил гардид, ки ин ҳам яке аз дастоварди муҳими истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳадафи стратегии халқу давлати Тоҷикистон эълон гардида, бо татбиқи пайгиронаи ин ҳадафи олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гашт. Бо талошҳои хастанопазири роҳбарияти давлат ва миллати тоҷик ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун»-иншооти тақдирсози аср, ба кор дароварда шуд, ки самараи арзишманди истиқлолияти давлатӣ ва қадами устувор дар роҳи таҳкими ҳадафи стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин неругоҳ аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Бояд қайд кард, ки 16-уми ноябри соли 2018 агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки тамоми сокинони мамлакат ин рӯзи фаромӯшнопазири таърихиро солҳо боз интизор буданд, ба кор дароварда шуд. Ҳамон рӯз хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ-и «Душанбе-Роғун» ва дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо 19 дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ ба истифода дода шуд. Баъди ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» вақти зиёд нагузаштааст ва аллакай, то имрӯз дар неругоҳ бештар аз 570 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дуюмин агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» 9-уми сентябри соли 2019 ба истифода дода шудааст. Таърих бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик тафаккури созанда ва қудрати ободгарона дорад, маҳз ҳамин рӯзи соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон кардааст. Баъди гузашти давраи кӯтоҳи таърихӣ кишвари мо аз ҳар ҷиҳат ба як мамлакати мутараққӣ ва пешқадаму ташаббускор дар арсаи олам шинохта шуд. Муҳимтар аз ҳама, Тоҷикистон дар ин рӯз, яъне 9 сентябр боз шоҳиди ду саҳнаи пуршукӯҳу фаромӯшнопазири таърихӣ гардид. Таърих дар пешорӯи миллати сулҳхоҳу ободгари тоҷик имтиҳони ҷиддиро гузошта, исбот намуд, ки ин миллат бо муттаҳидӣ, рафоқат, ҳисси баланди ватандӯстӣ, ақлу заковат ва оянданигарӣ метавонад тамоми мушкилу монеаро паси сар намояд ва дар роҳи интихобнамудааш муваффақ шавад. Маврид ба зикр аст, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш, аз 6 агрегат иборат аст, ки тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳанд. Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. Воқеан, Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳаррики рушди иқтисоди миллӣ ва иншооти бузурги аср аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаҳои устувор мегузорад.

Дар фарҷом бояд қайд кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзӣ ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортару ­пурмасъулият аст».

DSC_4359Аз ин рӯ, вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити муосири ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ ва давлатдории навини тоҷикон қарор дорад.

Равшан РАҶАБЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент