16-уми ноябри соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 85-умин солгарди таъсисёбии Жогорку Кенеш — Шӯрои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки дар тӯли фаъолияташ парламенти Қирғизистон роҳи арзишманди рушдро тай намуда, дар ташаккул ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии кишвари худ саҳми назаррас гузоштааст.
Дар баробари ҳуқуқэҷодкунӣ, парламенти Қирғизистон дар муайянсозии роҳҳои рушди минбаъдаи демократияи намояндагӣ, ташаккули заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои гузаронидани ислоҳот фаъолона иштирок намуда, дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр нақши муассир дорад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории васеъ бо ҳамаи кишварҳои дӯст буда, дар ин асос барои густариши муколамаи байнипарлумонӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон дар заминаи ҳамкории анъанавии дӯстона, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии байни кишварҳо, ҳавасманд мебошад.
Дар конференсия, ҳамчунин, роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва намояндагони созмонҳои байниминтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.