Иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 85-умин солгарди таъсисёбии Жокоргу Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон

№138-141(4721-4724) 17.11.2023

401810166_670437268574322_3569644148532378802_n16-уми ноябри соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамб­леяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ дар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 85-умин солгарди таъсисёбии Жогорку Кенеш — Шӯрои Олии Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ муҳтарам Рус­тами Эмомалӣ зикр намуданд, ки дар тӯли фаъолияташ парламенти Қирғизистон роҳи арзишманди рушд­ро тай намуда, дар ташаккул ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии кишвари худ саҳми назаррас гузоштааст.

Дар баробари ҳуқуқэҷодкунӣ, парламенти Қирғизистон дар муайянсозии роҳҳои рушди минбаъдаи демократияи намояндагӣ, ташаккули заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои гузаронидани ислоҳот фаъолона иштирок намуда, дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр нақши муассир дорад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикис­тон ҷонибдори ҳамкории васеъ бо ҳамаи кишварҳои дӯст буда, дар ин асос барои густариши муколамаи байнипарлумонӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизис­тон дар заминаи ҳамкории анъанавии дӯс­тона, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии байни кишварҳо, ҳавасманд мебошад.

Дар конференсия, ҳамчунин, роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил ва намояндагони созмонҳои байниминтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.