Аҳамияти амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ»

№55 (4475) 06.05.2022

DSC_5083Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар радифи ҳифзи арзишҳои миллӣ, барои эъмори давлатдории навини демокративу ҳуқуқбунёд, қабули Конститутсия ва амалисозии бомароми ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ замина гузошт.

Мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳайси мақомоти муҳими давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот ба шумор меравад, дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ аҳамияти бузург дошта, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат менамояд. Ин ниҳод ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи қонун пешбинигардидаро ба кор барад ва ба ҳамин васила, таъмини алоқаи ногусастанӣ байни ҳуқуқу ҳокимият ва давлату ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.

Санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар самти фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ дар кишвар натиҷаи инкишофи таърихии ҳаёти ҷомеа буда, заминаҳои боэътимоди холисона барои ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилаи хайрхоҳона ва самараноки ҷомеа ва милитсия мебошад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» ва «Дар бораи милитсия» барои тақвият додани самти кори мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ шароити ҳуқуқии мусоид муҳайё намудаанд. Вале ин кофӣ нест. Шароити ҳозираи кории воҳидҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ роҳҳои нави мукаммалгардонии фаъолияти онҳо, инчунин аз нав дида баромадани принсипҳои ташкилӣ, тарзу усул ва воситаҳои фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯиро тақозо менамояд.

Таҷрибаи баамалбарории қонуният дар самти фаъолияти оперативӣ — ҷус­туҷӯӣ, тарзу усули ҷамъоварии маълумот ва далел ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ ва дар рафти он тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозимӣ, пешкаши он барои мурофиаи ҷиноятӣ ва шакли истифодабарии он барои исботкунӣ аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ аз муҳимтарин масъалаҳо ба ҳисоб меравад.

Тартиби се маротиба қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» ҳамчун яке аз падидаҳои муҳими самти илми ҳуқуқшиносӣ бо хусусият ва мазмуни хос дар марҳилаҳои гуногуни таърих инкишоф ёфтааст. Новобаста ба он ки вазъияти сиёсии кишвар дар ҳолати ногувор қарор дошт ва онро ҷанги бародаркуш таҳдид менамуд, марҳилаи аввали табдили қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи мустақили илми ҳуқуқ фаъолияти оперативӣ — ҷус­туҷӯӣ ба танзим медарорад, 28 декабри соли 1993 таҳти № 923 қабул гардид ва он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» мебошад. Олимон батанзимдарории қонуни мазкурро ба соли 1993 марбут медонанд, вале бо сабаби вазъи номусоид дар ҷумҳурӣ татбиқи он ғайриимкон буд. Милитсияи тоҷик аз нахустин рӯзҳои даврони соҳибистиқлолӣ, роҳи душвору мураккабро тай намуда, аз санҷишҳои таърихӣ, аз уҳдаи иҷрои он вазифаҳое, ки дар ҳар давру замон гузошта шуд, сарбаландона баромада, қувва, неруи зеҳнӣ ва касбиро барои таъмини вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ, оромиву осудагии шаҳрвандон ба харҷ додааст ва дар таҳкими амнияти давлату миллат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳми арзанда гузоштааст.

scale_1200Ба шарофати дастгириҳои пайвас­таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ мақомоти корҳои дохилии кишвар ҳамчун як шохаи асосӣ дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ устувор гардида, бар зидди ҷинояткорӣ муборизаи беамон мебарад ва барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти давлату ҷомеа ҷойгоҳи хоссаро соҳиб гардида, ташаккул ва рушд ёфтааст. Зимнан, қонунгузории соҳа такмил дода шуд ва заминаҳои моддию маишии он ба маротиб хубтар гардид, ки ин ба ҷоннок гардидани фаъолияти касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ, мусоидат кард.

Мақомоти корҳои дохилӣ, яке аз мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки самти фаъолияти густурдаи он, аз рӯи вазифаҳояш метавонад бо мақсади ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо чорабиниҳои оперативӣ — ҷус­туҷӯӣ гузаронад ва аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ дар доираи салоҳияташ экспертиза, инчунин аз рӯи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ тадқиқоти илмию — техникиро амалӣ гардонад.

Инчунин ба ин мақомот ҳуқуқ дода шудааст, ки:

- бо мақсади ҷустуҷӯи шахсони аз мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд пинҳоншуда, аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашинамуда, ҳамчунин ҷустуҷӯи шахсони бедарак гумшуда чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ андешад;

- ҳангоми пешгирии бевоситаи ҷиноят, инчунин ҳангоми таъқиби шахси дар содир намудани ҷиноят гумонбар ва дар ҳолати вазъиятҳои фавқулодаи ба бехатарии ҷамъиятӣ таҳдидкунанда ба хонаҳои истиқоматӣ, ҳyдyд ва бинои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаҳои замини шахсони алоҳида (ба истиснои намояндагии дипломатӣ, муассисаи консулгарӣ ва намояндагии ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда) дохил шавад ва чорабиниҳои оперативӣ — тафтишотӣ гузаронад;

- бо тартиби муқарраргардидаи қонун ба манзил, биноҳои корхона, муассиса, ташкилот, қитъаи замини шахсони алоҳида бидуни иҷозати соҳибони онҳо ворид шуда, ба суд ва прокурор хабар диҳад;

- шаҳрвандонеро, ки ба милитсия дар иҷрои вазифаҳояш кумак расонидаанд, ҳавасманд гардонад, таъин гардидани мукофотро барои ёрӣ расондан дар ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир кардани шахсоне, ки онҳоро содир намудаанд, эълон кунад ва онро ба шаҳрвандон супорад ва ғайра.

Мақомоти корҳои дохилии давлати ҳуқуқбунёду демократӣ афзалият ва хусусиятҳои хос дорад, ки он дар доираи ваколатҳояш барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, моликият, ҳамчунин барои таъмини амнияти ҷамъият ва давлат чораҳои заруриро андешанд (моддаи 14, қ.1, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ»).

Марҳилаи дуюми қонунгузорӣ роҷеъ ба рушди фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ дош­тани равобит ва ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, аз ҷумла дар бахши фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ, 6 декабри соли 1997 дар шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия бо қарори Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ № 10 — 12 қонуни намунавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» қабул карда шуд.

Дар қарори Ассамблеяи байнипарлумонӣ «Дар бораи Қонуни намунавӣ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» омадааст: «Ҳамин Қонуни намунавӣ барои истифода ба сифати тавсия зимни таҳия, қабул ва татбиқи қонунгузории миллӣ таъин карда шудааст». Қонуни мазкур хусусияти умумӣ ва тавсиявӣ дошта, кафолати ҳуқуқӣ ва қонуниятро зимни амалигардонии чораҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ таъмин менамояд, дар он таърифи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯиро дар ҳудуди ин ё он давлати мустақил дода шудааст.

Бояд гуфт, ки давлатҳои мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, комиссияҳои корӣ ташкил карда зимни таҳия ва баррасии қонун дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ сохтор, мазмун ва истилоҳоти Қонуни намунавии зикршударо бо дарназардошти меъёрҳои Конситутсия, хусусиятҳои миллии иҷтимоии минтақа, суннату одатҳои бисёрасраи маҳаллӣ ба назар гирифтанд.

Бо таъсиси давлати нави ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва мус­тақил дар Тоҷикистон шароити нави мусоид барои таҳкими истиқлолият фароҳам шуд ва ин аз сохторҳои қудратии мамлакат ҳисси баланди масъулият, касбият, қонунҳои мукаммалу муассир ва татбиқи дурусти онҳоро талаб менамуд. Ба ин мақсад, 23 майи соли 1998 таҳти № 651 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ»-ро қабул кард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ҳам аз ҷониби мақоми дахлдор баррасӣ шуда, соли 1998 дар таҳрири нав, бо дарназардошти мувофиқат ба қонуни намунавии ИДМ, қабул гардид.

Вобаста ба ин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» имконияти бартараф кардани як қатор ихтилофотро таъмин намуд, ки барои субъектони фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ ҷиҳати ҳалли бомуваффақонаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда монеа буданд. Зарурати дар таҳрири нав қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» (соли 1998) маълум намуд, ки он бо афзоиш ёфтан ва сифатан тағйирёбии ҷинояткорӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар шакли муташаккилонаи он, алоқаманд буд.

Натиҷаи мусбати омӯзиши ин фаъолият шиносонидани донишҷӯён бо тартибу қоидаҳои истифодабарӣ ва татбиқи дастовардҳои илми фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ дар ҳамбастагӣ бо илмҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ, трассология (изшиносӣ — илмии ифшои изи ҷиноят, фасли криминалистика), криминалистика, инчунин, баланд бардоштани савияи донишу малакаи фаъолияти амалӣ ва идории мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ мебошад.

Ҳоло дар ҷомеаи демократӣ масъулияти корманди оперативӣ дар назди худ ва ҷомеа, дараҷаи вазифа ва виҷдони маънавии ӯ, ташаккулу камолоти ахлоқии шахсият, сабру таҳаммул, маданияти баланди сиёсӣ, зиракию одоби касбӣ, масъулияти баланду эҳсоси коршиносӣ ва қабл аз ҳама, ба назар гирифтани манфиати миллату давлат ва мардуми кишварро тақозо менамояд ва дар ҷомеаи муосир ҳар чӣ зиёдтар аҳамият касб намудааст.

Соли 2009 аз ҷониби доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Зоир Маҷидзода дар таърихи илми ҳуқуқи тоҷик бори аввал доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» тафсир омода шуд, ки аввалин воситаи пурраи дарсиву таълимии олимони ҳуқуқшиноси тоҷик мебошад, ки бо истифода аз назарияи илмии олимони намоёни соҳаи мазкури фаъолияти ҳуқуқӣ ва тадқиқоти ҳамаҷониба вобаста ба масъалаҳои оперативӣ — ҷус­туҷӯӣ буда, ҳама самти фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯии мақомоти амалкунандаи салоҳиятдори мамлакатро фаро мегирад. Дар тафсир ҳама ҷанбаи мақомоти амалкунандаи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳуқуқи амалӣ намудани ин фаъолиятро доштанд, мавриди тадқиқоти ҳамаҷонибаи илмиву назариявӣ қарор гирифт.

Азбаски Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» бори сеюм аз нав коркард шуд, зарурати бознигарии тафсирро ба миён овард ва муаллиф зарур шуморид, ки тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо дарназардошти сатҳ, шарту усулҳои ҷинояткорӣ ва роҳу воситаҳои пешгириву кушодани онҳо баъди бозбинии комил соли 2015 аз нав таҳия ва пешкаши оммаи васеи хонандагон гардид.

Ба тасвиб расидани тафсир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» марҳилаи навро дар фаъолияти касбии кормандони мақомоти милитсияи мамлакат оғоз намуд. Тафсири мазкур китоби рӯимизии алоқамандони кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар буда, метавонад онҳоро ба фаъолияти боз ҳам пурсамар ҳидоят намояд. Инчунин, барои тақвияти амалиётҳо бар зидди ҷинояткорӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, таваҷҷуҳи ҳамаро ба ин соҳаи афзалиятнок ҷалб намояд.

Бо итминон бояд гуфт, ки мақомоти корҳои дохилӣ низ чун сохтори ваколатдори давлатӣ дар масири таърих ва хусусан, дар айёме ки Тоҷикистони соҳиб­истиқлол дар марҳилаи ниҳоят ҳассос қарор дошт, худро ҳамчун ҳомии боэътимоди амният ва қонуният нишон дода, дар ҷараёни ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сохти конститутсионӣ, рафъи оқибатҳои ҷанги шахрвандӣ ва пеш аз ҳама, муборизаи ҷиддӣ бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, метавонад шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои фаромиллиро ташкил диҳад, мавқеи устувору фаъол дорад ва алҳол низ баҳри пойдории заминаҳои ваҳдати миллӣ дар кишвар саҳми созгор мебозад.

Саҳми арзандаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар рушди давлати демократию ҳуқуқ­бунёд­­, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои миллӣ, пешбурди сиёсати ҳуқуқии давлат, ташаккули низоми қонунгузории ватанӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноят­корӣ боиси таҳсин ва сазовори ҳама гуна эҳтирому қадрдонист.

Дар ин маврид, кишвар ва халқу миллат хизмату заҳматҳои шабонарӯзии собиқадорону кормандони мақомотро ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки гуфтаанд: «Дар хотираи неки халқ ҷасорат ва садоқати бепоён ба кори нахустин кормандони милитсия, қаҳрамонӣ ва шуҷоати милитсионерон абадан боқӣ хоҳад монд ва халқ дар симои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯз ҳомии адолату бехатарӣ ва волоияти қонунро мебинад».

Зимнан, фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ ва чорабиниҳои он чун қувваи пешбарандаи ҷамъият дар кушодани ҷиноятҳо дар илми имрӯзаи ҳуқуқ шинохта ва «афзалияти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ» дар таҳрири нав аз 25 марти соли 2011 таҳти №687 ба назар гирифта шуда, айни замон самаранок истифода мегарданд. («Раҳимзода Р. Ҳ. «Фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ». Қисми умумӣ. Китоби дарсӣ. Нашри 5- ум. — Душанбе: «Эр-граф», 2019.- 776 с.»).

Дар аксар мамлакатҳои мутараққии дунё бо дарназардошти хусусиятҳои ошкоро ё ғайриошкоро доштани ин фаъолият ба тараққиёт ва такмили минбаъдаи он диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Таҳқиқи ин фаъолият на танҳо барои дарки сарчашмаҳои пайдоиш, балки хусусиятҳои инкишофи он ва ривоҷу равнақи ояндаи сиёсати оперативии тоҷик лозим аст.

Бе омӯзиши пурраи фаъолияти оперативӣ ва чорабиниҳои он наметавонем қонунияти инкишофи онро ошкор, хусусияти инкишофи таърихашро асоснок ва масъалаи омӯзиши маҷмӯи қоидаву рафтор, урфу одат, анъана, меъёрҳои ҳуқуқи шариат, ки назарияи илми фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯиро ташкил медиҳад, дарк намоем. Ба эътибор нагирифтани фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯии мардуми Шарқ, мероси маънавӣ, ҳуқуқӣ ва эстетикии он чун объекти омӯзиш, арзёбии ин фаъолият чун фаъолияте, ки ба гузашта нигарон асту оянда таърих надорад, бештар дар асоси фаҳмишҳои аз воқеият дури зеҳнӣ ба миён омадаанд.

Дар ин қисмат қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Вазифаҳои ин мақомот номбар шуда, аҳамиятнокии такмил, таҳия ва инкишофи илми фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ, ки шакли муҳимтарини татбиқи вазифаҳои сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии давлатро меомӯзад, қайд гардидааст.

«Ҷумҳурии Тоҷикистони муосир дар марҳилаи ташаккул ва рушд қарор дорад. Баробари ин равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии ташаккули асосҳои давлатдории ҷумҳурии ҷавон пеш рафта истодаанд. Таҳлили таърихӣ нишон медиҳад, ки низоми ҳуқуқӣ ба интихоби роҳҳои инкишофи давлат (аз ҷумла фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ) таъсири калон мерасонад. Ҳамзамон раванди ташаккули он бояд дар асоси воқеӣ ҷараён гирад», қайд менамояд З. А. Саидов.

Хулоса, олимони Тоҷикистон дар самти такмил, таҳия ва инкишофи илми фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ саҳм гузошта, зимни таҳия ва қабули қонуни мазкур донишу таҷрибаи чандинсолаашонро пешкаш карданд. Дар натиҷа, қонун қабул шуда, мавриди амал қарор дорад ва дар мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ татбиқ шуда истодааст.

Қобилҷон АБДУҚОДИРОВ,

сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон