Истиқлолияти давлатӣ заминаи асосии эҳёи расму оинҳои миллӣ, ҷашну маросим ва рушди соҳаҳои мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки рушди он ба Истиқлолияти давлатӣ ва қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёр алоқамандӣ надошта бошад. Агар ба муқаррароти Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем, дар он қайд шудааст, ки Тоҷикистон эҳёи милливу мадании халқи тоҷик, анъана ва русуми неки таърихии онро таъмин намуда, инчунин, ба миллатҳои сокини ҷумҳурӣ ҳуқуқҳои гражданӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва инкишофи озодонаи милливу маданиро замонат медиҳад.
Аз муқаррароти Эъломия бармеояд, ки бо қабули санади мазкур давлат оид ба таъмини эҳёи расму оини миллӣ уҳдадор гардида, инкишофи озодонаи расму оини миллатҳои дигари мамлакатро низ кафолат медиҳад.
6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври раъйпурсӣ қабул намуд. Санади меъёрии мазкур зербинои рушди қонунгузорӣ ва соҳаҳои ҳаёти халқи мамлакат дар шароити Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Дар моддаи 1-уми Конститутсия дарҷ гардидааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Давлати иҷтимоӣ маънои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ, паст фаровардани нобаробарии иҷтимоӣ, таъмини дастрасии муваффақиятҳои асосии иҷтимоии умумӣ (таҳсилоти босифат, хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ), шароити арзандаи ҳаёти шаҳрвандон, баробарии иҷтимоӣ ва некуаҳволии аҳли ҷомеаро дорад.
Тибқи муқаррароти моддаи мазкур, баланд бардоштани некуаҳволии одамон ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии онҳо вазифаи давлат ба ҳисоб рафта, табиист, ки ҷиҳати иҷрои ин меъёр бояд чораҳои мушаххас андешад.
Зимнан, яке аз чораҳои муассир барҳам додани бенизомӣ дар расму оин ва анъанаҳои мардумӣ, ки боис ба камбизоатӣ, таассуб дар байни мардум, халалдор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ, муноқишаҳои оилавӣ, бенизомӣ дар хоҷагидорӣ, қарздорӣ, муҳоҷирати мардон ба давлатҳои дигар, парокандашавии оилаҳои ҷавон, беназорат мондани тарбияи фарзандон ва дигар омилҳои манфӣ мегардид, ба ҳисоб мерафт.
Бо мақсади ба танзим даровардани ин зуҳуроти манфии ҷомеа, соли 2007 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳияи санади меъёрии танзимкунандаи масъалаи мазкур ба масъулин дастур дода шуд. Бо ин мақсад дар баробари олимони соҳаи ҳуқуқ, доираи васеи уламои дин, аъзои фаъоли ҷомеа ҷалб гардида, зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳод барои ба танзим даровардани расму оин манзур гардид. Ба ғайр аз ин, таҷрибаи расму оин дар давлатҳои ба мо ҳамдин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа, консепсияи ягонаи танзими анъана ва ҷашну маросим таҳия гардида, бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар таърихи қонунгузории мамлакат 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани он дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми нави ваколатдор – Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо раёсату шуъбаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дар корхонаву муассисае, ки шумораи кормандонашон аз 30 нафар зиёд аст, комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросим таъсис дода шуд.
Мубрамияти масъала боз дар он ифода меёбад, ки ташкили як мақоми ваколатдор дар шароити ҷумҳурии нав аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ баромада ва оқибатҳои он пурра бартараф нагардида, маблағи зиёдро аз буҷети давлат талаб мекарда бошад ҳам, Ҳукумати мамлакат маҳз ба хотири танзими пурраи расму оин ва пешгирии хароҷоти беасосу қашшоқкунандаи оилаҳо мақоми ваколатдори давлатиро таъсис дод.
Яке аз меъёрҳои қонуни мазкур мавҷуд набудани ягон истисно ба вазъи молу мулк ё мансаби ишғолнамудаи хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (ё фарзандони онҳо) буда, барои вайрон кардани он аз мансаб озод намудан пешбинӣ шудааст (моддаи 15). Бо дарназардошти қонунҳои дигари соҳавӣ, мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 5 марти соли 2007 таҳти №233 (моддаи 2), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 16), Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014 таҳти № 1084 (моддаи 18), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 таҳти № 374 (моддаи 16) тағйирот ворид шуда, вайрон намудани банди мазкур ҳамчун асос барои аз вазифа озод гардидани хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегардад.
Барои вайрон кардани муқаррароти қонун дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри нав, яъне пардохти ҷарима пешбинӣ шуда, ҷазо барои ҳуқуқвайронкунӣ барои соҳибкорону уламои дин ва мансабдорони давлатӣ пурзӯр гардид. Маҷмӯи чораҳои андешидашуда боиси дар амал татбиқ гардидани қонун дар ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандони мамлакат гардид.
Вобаста ба аҳамият ва самараи қонун дар байни олимону сиёсатмадорон ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода менависад, ки Пешвои миллат дар меҳвари асосии ин қонуни миллӣ масъалаҳои иҷтимоиро ҷой намуда, маросиму маъракаҳоро ба низом дароварданд, ки ин ҳама омили коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирӣ намудани хароҷоти барзиёд дар мамлакат гардид. Қонуни мазкур асос шуд, ки мардум аз сарфи беҳуда худдорӣ намоянд ва дар доираи имконият чорабиниҳоро баргузор гардонанд. Профессор Абдураҳмон Холиқзода чунин меҳисобад, ки раванди қонунгузории муосири тоҷикон бо қабули қонун як даврони нави рушди низоми ҳуқуқиро дар кишвар оғоз намуда, дар ташаккули низоми ҳуқуқии комилан миллӣ ва ислоҳоти иҷтимоӣ қадами бузург ба пеш гузошт. Прфессор Кароматулло Олимов қайд менамояд ин қонун, ки хусусияти миллӣ, аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, психологӣ ва таърихиро дорост, амали он барои таҳаввули ҷиддии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ натиҷаи хеле арзишмандро ба бор хоҳад овард. Ба ақидаи Саидмукаррам Абдуқодирзода, бо қабули қонун пеши роҳи сарфи зиёди маблағ дар баргузории маъракаҳо гирифта шуда, дастгирии молиявӣ ва моддии шахсони камбизоату ниёзманд бештар гардид. Маҳмадалӣ Ватанзода ба он назар аст, ки қабули қонун пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифта, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.
Ба ақидаи мо, қабули қонун тақозои замон ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим буда, қадами устувор барои баробарии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, инчунин пойдории оилаҳо ба ҳисоб рафта, анъана ва ҷашну маросими миллиро мушаххас намуд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки меъёрҳои таҷрибаи хуби татбиқи қонун дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба таври васеъ истифода гардида истодааст. Чунончи, Парлумони Қирғизистон ва Палатаи қонунгузори Олий мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҷаласаи якҷоя 14 сентябри соли 2019 Низомнома «Дар бораи тартиби гузаронидани маросими тӯй, зодрӯз, оинҳои оилавии худоӣ ва чорабиниҳо ба муносибати хотираи фавтидагон»-ро қабул намуданд, ки аз 1 январи соли 2020 мавриди амал қарор гирифт.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон аз 24 феврали соли 2022 таҳти силсила ва рақами УП № 54 «Оид ба чорабиниҳо дар бораи танзими маросимҳои оилавӣ ва анъанаҳои азодорӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон» қайд карда мешавад, ки солҳои охир, новобаста ба чораҳои андешидашуда, дар ҷомеаи қирғиз ҳангоми гузаронидани маросими гуногуни оилавӣ, азодорӣ ва чорабиниҳои дигар зуҳуроти манфӣ, яъне ҳароҷоти зиёди бемақсад ва худнамоӣ бе дарназардошти манфиатҳои оммаи халқ ва бар хилофи анъанаҳои мардумӣ ба назар мерасад. Бо мақсади нигоҳ доштани эътибор ва анъанаҳои сохта дар чунин маросим хароҷоти зиёди моддӣ, забҳи чорвои сершумор ва масрафи зиёди молиявӣ карда мешавад. Чунин хароҷоти аз меъёр зиёд ба буҷети оилаҳо зарари моддӣ расонида, ба сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.
Аз меъёрҳои фармони зикршудаи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Низомнома «Дар бораи тартиби гузаронидани маросими тӯй, зодрӯз, оинҳои оилавии худоӣ ва чорабиниҳо ба муносибати хотираи фавтидагон»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон бармеояд, ки таҷрибаи мусбати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ҳамин тариқ, агар Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси баъди ҳазорсолаҳо соҳибистиқлол гардидани давлат гардида, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зербинои ҳуқуқии рушди қонунгузории мамлакат ба ҳисоб рафта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати парокандаву ҷангзадаро сарҷамъ карда, сарзаминро аз парокандагӣ эмин дошта бошад, пас Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати паст кардани сатҳи камбизоатӣ, гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани манфиатҳои иқтисодӣ ва мусоид намудани фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон нақши устувор гузошта, ҳамчун таҷрибаи пешқадам барои дар сатҳи давлатҳои дигари пасошуравӣ истифода бурдани қонун мусоидат кард.
ИДИЗОДА Файзалӣ Фузайлшо,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ