Ҷаҳон анҷуман шуд

№40 (4936) 31.03.2025

5Ҷашни Наврӯз гузаштаи моро бо имрӯзу оянда пайванд медиҳад. Ин ҷашн, чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз, талқини зебопарастӣ, ба оянда некбин будан ва намоди сулҳу ваҳдату ҳамзис­тии осоишта дар байни миллатҳои мухталиф будааст.

Баррасиҳо ва ёфтаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки ин ҷашн дар тӯли ҳастӣ, ба вижа дар замони таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ, ба сифати ҷашни сулҳу ваҳдат ва омили ҳамгироиву ҳампазирӣ дар байни ақвоми гуногун нақши муҳим бозидааст. Имрӯз ин ҷашни бузург бо назардошти ҳамин рисолати инсонсозияш таҷлил мешавад. Маҳз ҳамин омил боиси густардатар гардидани доираи таҷлили он гаштааст. Ба ибораи дигар, он хусусиятҳои вижае, ки Наврӯз дорад, ба мисли накукорӣ, хайрхоҳӣ, сарҷамъ кардани миллатҳои гуногун, эҷоди нишоту сурур, ба оянда некбин будан, кинаву адоватро аз дилҳо зудудан, ба якдигар дасти дӯстиву рафоқат додан, дасти пиру барҷомондаву ниёзмандро гирифтан, рӯ ба тозакориву ободгарӣ овардан ва ғайра, ҳамагонро водор кардааст, ки аз он бо хушнудӣ истиқбол бикунанд.

Мусаллам аст, ки дар гузаштаи начандон дур ҷашни Наврӯзро аз оинҳои динӣ хонданд ва барои таҷлили он монеа эҷод намуданд. Рӯшанфикрони мо садо баланд карда, бо далоили раднашаванда собит сохтанд, ки он ба дин ҳеҷ рабте надорад ва ҳазорҳо сол пеш аз зуҳури дини ислом вуҷуд дошт ва ҷашн гирифта мешуд. Ҳарчанд нигоҳи ҳукуматдорон то ҷое ба ин ҷашни миллии мо дигар шуд, вале на ба сурате ҷашн гирифта мешуд, ки имрӯз мебинем. Аз ин лиҳоз, мо бо итминон метавонем бигӯем, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои фарҳангпарвари миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни сирф миллии мо — Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид, ба сифати ҷашни расмии миллӣ пазируфта шуд ва ҳар сол он бо шукӯҳу ҷалоли хос дар саросари кишварамон таҷлил мешавад. Ба хотири тибқи суннати аҷдодӣ таҷлил намудани он дар пойтахти кишвар ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат наврӯзгоҳҳо бунёд ёфтанд. Акнун он бо шукӯҳу шаҳомати бузург ҷашн гирифта мешавад.

Роҳбари хирадманду дурбини мо бо ин иктифо накарданд, балки ба хотири муаррифии бештари миллати тоҷик ба ҷаҳониён ба ҳайси миллати куҳанбунёду фарҳангӣ аз роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват ба амал оварданд, ки барои мақоми байналмилалӣ гирифтани ин ҷашни бузург саъй намоянд ва чунин ҳам шуд. Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба сифати ҷашни байналмилалӣ қабул гардид ва он дар гӯшаву канори дунё бо паёмҳои наврӯзии раҳбарони кишварҳои муқтадири ҷаҳон ҳар сол бо шукӯҳ ва шоҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамчун ҷашни байналмилалӣ қабул шудани Нав­рӯз аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ далел бар ин аст, ки Наврӯз ҷашнест марз, ҳудуд, нажод ва ғайраро намешиносад ва ҷашнест, ки ҳама миллатҳои ҷаҳон метавонанд таҷассуми ормонҳои худро дар он бубинанд. Ба ибораи дигар, ҷашни Наврӯз, ки оғози баҳору эҳёшавии табиат ва киштукор аст, дар байни миллатҳои мухталифи Шарқ чун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад.

Наврӯз ҷашни куҳани мардуми ориёинажод, ба вижа тоҷикон буда, таърихнигорон роҷеъ ба омил ва заминаҳои пайдоиши он осори зиёд доранд. Тибқи нигориши таърихнигорон Наврӯз бузургтарин ва мондагортарин ҷашни миллии мардуми ориёинажод, ба вижа тоҷикон, мебошад. Яъне, Наврӯз оғози соли нави хуршедӣ аст. Дар бархе кишварҳо тақвими наврӯзӣ аст ва оғози Наврӯз саршавии соли нав мебошад.

 Муҳимтарин ривоятҳо дар боби пайдоиши Наврӯз он аст, ки Наврӯзро иди эҳёи табиат дониста, яке аз омилҳои пайдоиши онро баробаршавии рӯзу шаб ва оғози баҳор маънӣ кардаанд. Абулқосим Фирдавсӣ ва Муҳаммад Табарӣ Наврӯзро ба шоҳон Каюмарс ва Ҷамшед рабт медиҳанд ва ин дуро поягузорони Наврӯз медонанд. Абурайҳони Берунӣ, ки ба тафсил дар боби пайдоиши Наврӯз пажӯҳиш анҷом додааст, Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳад. Ба назари ӯ замоне ки Ҷамшед адлу додро дар сарзаминаш истеҳком бахшид, он рӯзро рӯзи нав номид ва Наврӯз дар сарзамини ӯ чун ҷашн қабул гардид.

Сайри таҳаввули таърихии Наврӯз нишон медиҳад, ки он яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, дар тӯли таърих худро бо таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии замон нигоҳ доштааст. Чӣ дар замони ҳуҷуми Искандар ва чӣ дар замони забткории араб ҷашни Наврӯз бо номҳо ва маросимҳои мухталиф ва шаклу шеваи мутобиқшуда бо руҳияи замон таҷлил мешуд. Дар замони ҳамлаи турку муғул ва манғит низ Наврӯз бо шаклу шеваи хос таҷлил мегардид. Ҳатто дар замони шуравӣ низ, ки Наврӯз расман ҷашн гирифта намешуд, аз ҷониби мардуми деҳоти Тоҷикистон бо номҳои дигар, ба мисли дарвешона, ҷашни баҳор ва ғайра, таҷлил мегардид.

Ин нуктаро бояд таъкид кард, ки дар таърихи гузаштаи мо Наврӯз мақом ва ҷойгоҳи вижа дошт. Ин мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз дар китоб, ашъори шоирону нависандагони форсу тоҷик ба шакли возеҳ баён шудааст. Ашъори шоирон, ки дар замонҳои гуногун зиндагӣ ва эҷод кардаанд, нишон медиҳад, ки Наврӯз дар тамоми давраҳои таърихӣ ба сифати иди мардумписанд таҷлил мегардид. Шоирони гузаштаи мо дар ашъори худ аз Наврӯз ба сифати ҷашни баҳору зиндашавии табиат васф кардаанд. Ин ашъор далели собит бар он аст, ки дар тӯли таърих ва замони зимомдории ҳукуматҳои гуногун Наврӯз чун ҷашни мардумӣ таҷлил мегардидааст. Масалан, Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ доир ба мақом ва ҷойгоҳи Наврӯз ва сабаби пайдоиши он чунин гуфтааст:

Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,

Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.

Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯ,

Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯ.

Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Манучеҳрии Домғонӣ низ дар васфи Наврӯз навиштааст:

Омада Наврӯз дар ин бомдод,

Омаданаш фарруху фархунда бод.

Боз ҷаҳон хурраму хуб истод,

Мурд зимистону баҳорон бизод.

Ин чанд мисол аз ашъори шоирони гузаштаи мо гувоҳ бар ин аст, ки Наврӯз ҳатто пас аз зуҳури ислом низ гиромӣ дошта мешуд. Наврӯз ҷашни қадимии гузаштагони мост, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо то ба имрӯз чун ҷашни сулҳофарину ваҳдатофарин ҳифз шудааст. Густариши Наврӯз дар байни ақвоми гуногун нишон медиҳад, ки ин иди ваҳдатофарин дар ҳар гӯшае аз дунё агар рафта, бо руҳияи он ақвом созгор омадааст. Агар сайри кӯтоҳе ба ҷашни Наврӯз дар кишварҳои Осиёи Миёна, Қафқоз ва араб бикунем, мебинем, ки дар ин кишварҳо Наврӯз ба шакли гуногун таҷлил мешавад. Оин ва русуме, ки дар байни мардуми ин кишварҳо дар арафаи Наврӯз барпо мешаванд, далел бар як ҷашни пуршукӯҳ будани Наврӯз мебошад. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони азизамон Нав­рӯз ба шакли вижа ва хоси ҳамон маҳал таҷлил мешавад. Масалан, маросимҳое, ки дар Наврӯзи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳаст ё Рашту Суғд ва ё Бадахшон, рангу накҳати маҳаллии Наврӯзро бештар намоён мекунад.

 Наврӯз ҷашни сулҳу меҳрубонӣ аст. Оинҳое, ки дар Наврӯз роиҷ аст, мисли оштӣ шудан, либоси нав ба бар кардан, бахшидан, ҳадя додан, ба сайругашт рафтан, дар лаби деги суманак ҷамъ шудану рақсу бозӣ кардан, аломати барҷастаи он аст. Дар гузашта низ шоҳон дар арафаи иди Наврӯз муҷримонро мебахшиданд ва як ҳафта ба хотири ин ҷашн суруру шодӣ барпо мекарданд. Ин расмҳои накуи наврӯзӣ имрӯз зинда шудааст ва мо мебинем, ки мардуми тоҷик бо иттиҳоду сарҷамъӣ дар арафаи ин ҷашни баҳорӣ ба суруру шодӣ мепардозанд. Бад-ин ҷиҳат аст, ки Наврӯз яке аз намодҳои боризи миллии мо — тоҷикон гаштааст. Наврӯз ҳамчун пули пайвандгар байни миллатҳои гуногуни дунё хидмат намуда, миллатҳоро ба оғӯши сулҳу ваҳдат меоварад.

 Мо зимни баёни матлаб ба таърихи Наврӯз, ки ба намоди пайванди гузашта ба имрӯз табдил шудааст, ба сулҳофарин, ваҳдатофарин ва пайвандгари байни миллатҳо будани Наврӯз ишора намудем, ки имрӯз дар ҷаҳон бештар аз пештар густариш меёбад. Наврӯз ҷашни байналмилалӣ гардид ва қабои оламшумул касб намуд. Мебинем, ки доираи таҷлили он дар ҷаҳон сол то сол густардатар мегардад. Ин барои мо – тоҷикон мояи ифтихору сарфарозист.

Саидвализода Барно Саиднабӣ,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон