Ҳаштуми ноябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Тибқи маълумоти пешакӣ аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар, аз ҷумла муҳтарам Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, ки тибқи Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июли соли 2016 аз ҳавзаи бисёрмандатаи интихоботии вилояти Суғд, № 2 ба ҳайси узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст, иштирок дорад. Бо мақсади дақиқ намудан аз эхтиромона хоҳиш менамоям, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.
Ҳамин тариқ, 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ дар толор ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, инчунин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доранд.
Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.
Лоиҳаи қарор оид ба масъалаи зикршуда ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он пешниҳод доред?
Бо дарназардошти пешниҳоди шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи котиботи Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»- ро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, мавқеи хешро муайян созед. Марҳамат.
Қарор қабул гардид.
РАИС: — Аз ҳайати котибот бо раисии Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, аъзои котибот Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо ва Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич хоҳиш менамоем, ки ба ҷойи кории худ гузаранд.
Инчунин, лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро баррасӣ ва тасдиқ намоем.
Лоиҳаи қарор ба шумо пешниҳод гардидааст. Нисбат ба он чӣ гуна пешниҳоду таклиф ҳаст?
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» бо дарбаргирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:
1. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Савгандёдкунии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»
4. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»
10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»
11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
15. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
17. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»
18. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»
19. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»
20. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок»
21. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»
22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»
23. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
24. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Панҷи вилояти Хатлон»
25. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом ва деҳаи Наймани деҳоти «Сурх»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд»
26. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Ваҳдат».
РАИС: — Ба баррасии масъалаи аввали рӯзнома – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.
Сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур Матобшоева Арамбегим Бозоровна дода мешавад. Марҳамат.
Арамбегим МАТОБШОЕВА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмилдиҳӣ ва мутобиқгардонии меъёрҳои Дастури мазкур ва муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод шудааст.
Моддаи 21 ба Дастур иловашаванда тақозо менамояд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», узви Маҷлиси миллӣ баъди интихоб ё таъин шудан дар Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, дар вазъияти ботантана, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кунанд. Савгандёдкунӣ ба таври зайл сурат мегирад: аввал Раиси Маҷлиси миллӣ, сипас муовини якум ва муовини ӯ, раисони кумитаву комиссияҳо ва бо тартиби алифбо дигар аъзои Маҷлиси миллӣ.
Узви Маҷлиси миллӣ рост истода, дасти росташро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарорро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба мо лозим аст, ки тибқи «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба халқи Тоҷикистон савганд ёд намоем.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Барои савганд ёд кардан сухан ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Убайдуллоев Маҳмадсаид дода мешавад. Марҳамат.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев: - Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям.
Баъд бо тартиби муқарраршуда аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Абдураҳмон Қодирӣ, Шодихон Ҷамшед, Раҳмон Озода Эмомалӣ, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Раҳимӣ Фарҳод, Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ, Амирзода Раҳмоналӣ Амир, Матобшоева Арамбегим Бозоровна, Абдураҳмонзода Саидумрон Назар, Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон, Аминҷонова Саодат Сайфинаҷотовна, Алибердиева Қиматгул Худойбердиевна, Бобобекова Меҳринисо, Дадаҷонова Саёҳат Мамаюсуповна, Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, Набизода Наим, Насимов Абдурасул Нишонқулович, Неъматзода Қурбонмурод Ҳақризо, Раҳмонова Наргис Шарифовна, Раҷабзода Миралӣ, Самадов Зикрихудо Муҳаммадаюбхонович, Сафарзода Хайрулло Амиралӣ, Хайрулло Амонулло, Ҳомидзода Абдураҳмон, Чошбаев Мурзабай Абилакимович, Ҷабборӣ Ғаффор, Шафеиён Ислом Зиёзода, Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич, Шоҳиён Нуралӣ Набот, Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло савганд ёд карданд.
РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Имрӯз дар таърихи навини давлатдориамон боз як саҳифаи нав оғоз ёфт ва боварии комил дорам, ки он собитгари ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватан — Модар, иштироки фаъолу поквиҷдонона дар таҳия ва қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳар як инсон муттасил шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам овардан ва рушди бемайлони ҷомеа хоҳад буд.
Савганди садоқат ба халқ дар назди мо вазифаҳои нав мегузорад ва роҳнамоӣ ба ояндаи нек менамояд. Бовар дорам, ки мо ба ин савганди худ содиқ хоҳем монд. Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини муҳтарамро, бо ин маросими тантанавӣ самимона шодбош гуфта, саодатмандӣ таманно менамоям.
Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» оғоз мебахшем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»- ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни конститутсионии зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, 26 октябри соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.
Мақсади қонуни конститутсионии мазкур аз мукаммалгардонӣ ва мутобиқкунонии меъёрҳои он ба тағйиру иловаҳои ба моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 22 майи соли 2016 воридшуда, иборат мебошад.
Он аз сарсухан ва 19 модда иборат буда, дар он масъалаҳои шахсият, салоҳият, таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, хароҷот ва таъмини амният, фонд, осорхона, китобхона, бойгонӣ, муҷассама ва дигар масъалаҳо, ки ба таъминоти фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат вобастагӣ дорад, танзим шудааст.
Қонуни конститутсионии мазкур ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбариву роҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашиданд ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлолияти воқеии онро дар ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуданд.
Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи Сарвари давлат барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд. дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва дар маҷмӯъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Хидматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешавад.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳанги миллӣ хизматҳои шоиста кардаанд. Ба андешаи мо, нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик, пеш аз ҳама, дар самтҳои зерини афзалиятнок ва сарнавиштсоз зоҳир мегардад:
1. Таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бо роҳи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат.
2. Эҳёи мактабу маориф ва илму фарҳанг бо мақсади боло бурдани маърифатнокӣ ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, рушди тандурустӣ ва варзиш ба хотири насли солим ва миллати солим.
3. Ба вуҷуд овардани давлати ягона тавассути бунёди роҳу нақбҳо, раҳо кардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ.
4. Боло бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ.
5. Бунёдкорӣ ва ободонии шаҳру деҳоти мамлакат.
6. Ташаббусҳои ҳаррӯза ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ.
7. Таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат.
Ин ва садҳо далели дигар шаҳодат аз он медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бидуни шакку шубҳа Пешвои миллати тоҷик мебошанд ва қабули Қонуни конститутсионии мазкур иқдоми саривақтӣ буда, агар қабули он, аз як тараф, мутобиқ намудани қонунгузории амалкунанда ба меъёрҳои нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, қонуни мазкур мақоми конститутсиониро мегирад, ки он эътибори ҳуқуқии олиро касб менамояд ва боз ҳам қадрдонии бештари хизмату заҳматҳои беназири сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ва фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бинобар ин, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват менамоям, ки ба ҷонибдории қонуни конститутсионии мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур муҳтарам Матобшоева Арамбегим Бозоровна дода мешавад.
Арамбегим МАТОБШОЕВА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар таҳкими ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории муосири миллӣ нақши бузург мебозад.
Бо ифтихори бузург бояд гуфт, ки ҳанӯз аз рӯзи нахустини Роҳбари давлат интихоб гардидан Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай Пешвои миллати тоҷик буданд ва мардуми Тоҷикистон ба он кас эътимод ва боварӣ дошт. Рисолати таърихии ин шахсияти бузурги олами сиёсат аввалан хости Худост ва баъдан миллати тоҷик ӯро дар раванди кору пайкор ва хизматҳои шоёну беназир дар марҳалаи сарнавиштсози таърихи миллат ва давлати тоҷикон ба ин мақоми олӣ интихоб намудааст.
Азхудгузаштанҳо, сарсупурдагӣ, ҷоннисориҳо ва фидокориҳои ин абармарди арсаи сиёсат барои Ватану миллат, сулҳу субот, зиндагии осоишта ва беҳбудӣ ёфтани рӯзгори мардуми тоҷик дар таърих ҳамто надорад.
Бояд таъкид намуд, ки расидан ба ин мақоми олӣ барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат осону ҳамвор набуд, аммо фитрати азалӣ, устуворию ҷасорати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ, меҳру муҳаббати бузург ба миллату Ватан боис шуд, ки ин шахсияти нексиришту накукор мақоми баланди миллиро бо ҷонибдории ҳамаҷониба аз ҷониби миллати тоҷик мушарраф гардиданд.
Маҳз шуҷоату далерӣ, истодагарӣ ва дарки ояндабинии амиқи Пешвои миллат буд, ки бо заҳмат ба ҳадаф — фатҳи дарёи Панҷ ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», тавассути дигар кардани маҷрои дарёи Вахш, бо кору заҳмати якунимсоатаи хеш расиданд ва халқи тоҷикро ба корнамоии беш ҳидоят намуданд.
Ба андешаи ман, ботини поку нияти холис, муҳаббати самимӣ ба халқу Ватан яке аз сарчашмаҳои асосии дастовардҳои азими Роҳбари давлат дар арсаи сиёсату давлатдорӣ мебошанд, зеро зимни савгандёдкунӣ дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор дошта буданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ умр ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард».
Аз коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ берун кашидани мамлакат, боз овардани мардум ба кишвари бумӣ дурандешӣ, шуҷоату матонат, сабру тамкин, иродаи қавӣ ва масъулияти бузургро тақозо менамуд. Ин вазифаи басо вазнину мушкил буд, аммо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона анҷом дод ва дар кӯтоҳтарин вақту замон ниҳодҳои фалаҷгаштаи давлатиро аз нав эҳё намуда, сохти конститутсиониро барқарор сохт.
Ғояҳои оштии миллӣ, расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ аз рӯзи нахустини Сарвари давлат интихоб шудан барои ин бузургмарди сиёсати ҷаҳонӣ шиори кору пойкор гаштанд. Натиҷаи хидмати беназири ин шахсияти нотакрор аст, ки имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ зиндагии оромонаро пеш мебаранд ва аз Сарвари давлату Пешвои миллат пайваста шукргузорӣ менамоянд.
Дар ин радиф, хурду бузурги мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳамеша даст ба дуо мебардоранд, ки давлати тоҷикон устувор ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша Сарвару Пешвои муаззами ин давлату миллат бошанд.
Солҳои зиёд мардум бисёр роҳбарони давлатиро дидаанд, ки ҳатто боре ба Бадахшон сафар накардаанд, лекин Пешвои миллат 56 маротиба ба ВМКБ сафар намуданд ва ҳар як сафари Ҷаноби Олӣ созандагию бунёдкорӣ ва дигаргуниҳои зиёдеро рӯи кор меоварданд ва ба рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ такони ҷиддие медоданд.
Хидматҳои Ҷаноби Олӣ барои мардуми тоҷик, аз ҷумла сокинони ВМКБ дар ҳама соҳа ниҳоят зиёд аст ва миёни онҳо тафовут гузоштан ҳеҷ имкон надорад, зеро бузургу беназиранд. Ҳарчанд дар он солҳои душвор вазъият дар дигар минтақаҳо нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, ҳанӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон авзоъ хеле муташанниҷ буд ва касе ҷуръат надошт, ки ба он ҷо сафар кунад. Танҳо Пешвои миллат ба ин кор ҷуръат карданд ва сарфи назар аз ҳама хавфу хатари ҷиддӣ, бо ҷасорати ба худ хос, бо дилу нияти нек ба сафари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдом намуданд. Маҳз қадами мубораки Роҳбари давлат ба ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистони маҳбуб сулҳу салоҳ ва сарҷамъӣ овард. Тоҷикони боихлосу шукргузори кӯҳистон эътимоди комил доранд, ки сарнавишту тақдири халқ ба хайру баракат ва нияту аъмоли Сарвари мамлакат — Пешвои миллат алоқамандии зич дорад ва мо, насли имрӯзаи миллати куҳанбунёди тоҷик, Худои мутаолро шукру сипоси беандоза мекунем, ки пас аз ҳазор соли интизорӣ моро Сарвари аз лутфу марҳамати Илоҳӣ ва тамоми хислатҳои неки инсонӣ ба арзонӣ баҳраварро ато намудааст. Маҳз суханони пайғамбаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар бораи «Асри XXI — асри рушду тараққиёти Бадахшон» ва ба «Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон»-и азиз табдил ёфтани Бадахшонро мо ҳамеша дар ҷараёни зиндагии ҳаррӯзаи худ дида истодаем, ки ин исботи пурраи худро ёфтааст. Аз ин рӯ, мардуми хирадпешаву сипосгузори Боми ҷаҳон ҳамеша дуогӯянд, ки: «Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба бахти мо, мардуми Бадахшон, доимо сиҳату саломат, сарбаланду сарфароз ва ҳамеша Сарвару Пешвои мо –тоҷикон бошанд». Маҳз бузургию дилсӯзӣ ва меҳрубонию ғамхории падаронаи Роҳбари давлат буд, ки офатҳои табиии ба сари сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омада, дар муҳлати кӯтоҳ бартараф шуда, баҳри бунёду аз нав сохтани иншооти замонавӣ шароит муҳайё шуд, ки аз ин ҳамеша мардуми Бадахшонзамин сарфарозу сипосгузор ҳастанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро якдилона ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Шораҳматов Раҳмон Шоабдуллоевич дода мешавад. Марҳамат.
Раҳмон ШОРАҲМАТОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте ҳастанд, ки дар бунёди давлати миллӣ, ташаккули миллат, истиқлоли сиёсиву давлатӣ, эҳёи расму оин ва анъанаҳои фарҳангӣ, аз як кишвари дар вартаи нобудӣ қарордошта ба давлати рӯ ба инкишоф расонидани Тоҷикистон, дар маркази ғояи миллӣ қарор додани идеяи зиндагисози ваҳдати миллӣ нақши калидӣ доранд.
Эмомалӣ Раҳмон бо талошу кӯшишҳои хастагинопазирона, бидуни ҳарос аз таҳдидҳои ҷисмонию маънавӣ барои барқарории сулҳ мубориза бурданд, ба боварии мардуми Тоҷикистон, давлатҳои кафили сулҳ ва созмонҳои байналмилалӣ сазовор гардиданд. Натиҷаи ҳамин боварӣ буд, ки низоми иқтисодӣ, пулию молӣ устувор шуда, фазои инвеститсионии муносиб ба вуҷуд омад.
Мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон исботи он ҳақиқат аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун Сарвари хирадманду дурандеш, дар паи саодати мардум собитқадаму заковатманд, бунёдгузори давлати миллӣ ва наҷотбахши миллат, раҳнамои фардои зиндагии шоиста ва Пешвои воқеии миллат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии кишвар эътироф гардида буданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ халқи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз имтиҳони садоқат ва талош барои суботу оромӣ сарбаландона гузаштанд. Муқовимати сиёсиро бо ризояту таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли мусолиҳатомези ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишон доданд.
Эмомалӣ Раҳмон барои ба низоми нави иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ ба тақозои замон ва таҷрибаи кишварҳои пешрафта ворид намудани кишвар як силсила ислоҳоти бузург гузаронида, Тоҷикистонро аз вартаи варшикастагии иқтисодӣ бароварданд.
Дар натиҷаи сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат маблағгузории Буҷети давлатӣ сол то сол ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, сатҳи зиндагии кормандони соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ баланд гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки маҳз дар даврони Истиқлолият бо сарпарастии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бештар аз ҳазор мактаби замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд, муассисаҳои тандурустӣ низ соҳиби биноҳои нав ва таҷҳизоти ҳозиразамон гардиданд. Дар мактабҳои олии мамлакат ва хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат тайёр кардани мутахассисони ҷавон барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ба роҳ монда шуд.
Мардуми шарафманди вилояти Суғд заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро дар роҳи сулҳу субот, ободию шукуфоии кишвар қадр менамоянд, ба онҳо арҷ мегузоранд. Махсусан, сохтани роҳу нақбҳо, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки мушкилоти асосии мардуми вилоят буд, маҳз бо ташаббус ва заҳмати Пешвои миллат ҳалли худро ёфт.
Беҳуда нест, ки дар мулоқотҳои Сарвари давлат бо мардуми кишвар пирони хирадманд, ҷавонон дар шахси Президент пушту паноҳи худро дида, ҳамчун Пешвои миллат ном мебаранд. Оре, ин таъбир дуруст аст ва шаҳодати ба меҳру муҳаббати халқ ҳамчун Президенти мардумӣ сазовор шудани ин шахсияти бузургтарини сиёсии таърихи тоҷикон мебошад.
Кору амалҳое, ки дар ду даҳсолаи охир барои давлатдорию миллатсозӣ эҷод шудаанд, баробар ба садсолаҳо мебошанд. Ҳамин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи мардум ҳамчун Пешвои миллат эътироф гардида, маҳбубият пайдо намуданд. Бинобар ин, ба унвони Пешвои миллат ном бурдани ӯ, дар ҳақиқат, арзанда ва шоиста аст.
Аз ин рӯ, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро пурра дастгирӣ намуда, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Қонуне, ки мо онро ҳоло мавриди баррасӣ қарор додем, аз талаботи қисми 5 моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Мо тағйиру иловаҳои пешниҳодшударо ба Конститутсия мутобиқ намуда, раъйи шаҳрвандони кишварро, ки 22 майи соли 2016 дар раъйпурсии умумихалқӣ дода буданд, амалӣ кардем. Зеро дар моддаи 6 Конститутсия омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ мебошад».
Халқи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ ба тарафдории тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз доданд. Ҳамин тариқ, ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҷанбаи конститутсионӣ касб кард.
Дар бораи аз кай мақоми Пешвои миллатро соҳиб шудани Эмомалӣ Раҳмон баҳсу мунозираҳо хеле пештар ба вуҷуд омаданд. Соли 2002, дар арафаи таҷлили 10-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе таҳти унвони «Бунёди давлатдории навин» таълиф ёфт. Дар он, аз ҷумла қайд шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз то баргузории иҷлосияи мазкур хислатҳои пешвоӣ аз худ зоҳир карда буданд. Яъне, дар айёме ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз Сарвари давлат набуданд, ба сифати вакили парламент бо пешниҳодоти ҷасурона хислатҳои лидерӣ (пешвои)-ро дар худ таҷассум карда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори давлатдории навин дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлати тозабунёд саҳми беназир гузошта, волоияти қонунро дар ҷомеа аз ҳама авло донистанд.
Оид ба сифатҳои Пешвои миллат бовар дорам, ки боз асарҳои зиёд эҷод мешаванд, зеро дар ҳама соҳа ин шахсияти беназир саҳми шоиста доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти пешрафти ҳама соҳаро бар зиммаи худ гирифта, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо чораву тадбирҳои муассир меандешанд.
Ман дар як маҳфил шунидам, ки мегуфтанд: «Вақте ки Пешвои миллат бо экскаватор маҷрои дарёи Вахшро тағйир медоданд, ҳама модарони Тоҷикистон мегуфтанд: Худоё, ба ин трактор осебе нарасад, то ин ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади дар пешгузоштаашонро амалӣ созанд».
Агар шумо диққат дода бошед, Сарвари давлат паси чанбари экскаватор нишаста, самимӣ, бо дарки масъулият машғули кор буданд. Он аз он далолат медод, ки Пешвои миллат чӣ қадар Ватани азиз – Тоҷикистонро дӯст медоранд.
Масъалаи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» тайи солҳои охир баҳси зиёдро ба миён овард. Вале ҷасорату матонати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бунёди ин иншооти нодири аср суръат гирифт ва имрӯз ҷараён дорад. Баъди маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш дар дили ҳамватанон шуълаи умед ва боварӣ ба бунёди он боз ҳам мустаҳкам гардид. Имрӯз мо Эмомалӣ Раҳмонро, барҳақ, бунёдгузор ва асосгузори Неругоҳи барқи обии «Роғун» ном мебарем. Чунки Сарвари давлат бо тамоми созмонҳои байналмилалӣ, бо истифода аз дипломатияи олӣ, масъалаи баҳсии ин иншоотро ҳаллу фасл карданд. Дар натиҷа, ҷомеаи ҷаҳонӣ мутмаин шуд, ки ин неругоҳ на танҳо ба Тоҷикистон, балки барои минтақа хизмат хоҳад кард. Чун ҳазораи сеюм — давраи муборизаҳои шадид барои ҳифзи муҳити зист номида шудааст, неругоҳи мазкур барои татбиқи ин ҳадаф низ нақши муҳим хоҳад дошт.
Ҳамин тариқ, бо ҷонибдорӣ аз қонуни конститутсионии мазкур эълон хоҳем дошт, ки на танҳо Президент, балки Пешвои ҳақиқии миллат дорем.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба овоз монда шуда, қарор якдилона қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни конститутсионии зикршуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 26 октябри соли 2016 онро Маҷлиси намоян- дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.
Мақсади қонуни конститутсионии мазкур аз мутобиқкунонии меъёрҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди тағйироти 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ воридшуда иборат мебошад.
Қонуни конститутсионии мазкур аз муқаддима ва 14 модда иборат буда, дар он меъёрҳо ҷиҳати таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъминоти фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шудаанд.
Қонуни конститутсионӣ ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 26 октябри соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур аз мутобиқкунонии меъёрҳои Кодекси ҷиноятии амалкунанда ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ворид гардидаанд, мебошад. Бо ҳамин мақсад, тибқи қонуни мазкур, ба боби 17 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 1371, ки аз 2 қисм иборат буда, ҷавобгарии ҷиноятиро барои таҳқири оммавӣ ва туҳмат нисбати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пешбинӣ менамояд, илова карда шудааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 19 октябри соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.
Қонун ба ҷоннок намудани мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, пурзӯр кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, хиёнат ба давлат, ҳамчунин, рушди соҳибкорӣ, афзун намудани ҳавасмандии андозсупорандагон ва ғанигардонии Буҷети давлатӣ равона шудааст.
Тибқи қонуни мазкур, ба як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, аз ҷумла, ба моддаи 15 Кодекси ҷиноятӣ. Мутобиқи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунӣ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо моддаи 4011 Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд;
- Дар моддаҳои 179, 1791, 1793 ва 3071 Кодекси ҷиноятӣ содиршавии кирдорҳои ҷиноятии мазкур, аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ ва шахсони мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ, воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет ва монанди онҳо ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷавобгарии ҷиноятӣ ҳисобида, нисбаташон ҷазо пурзӯр карда шудааст;
- ба моддаи 305 Кодекси ҷиноятӣ «Хиёнат ба давлат» ва ба моддаи 306 Кодекси ҷиноятӣ «Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият» матни ин моддаҳо қисми якуми он ҳисобида шуда, ба онҳо қисми 2 бо мазмуни зайл: «Ҳамин кирдор, агар такроран, аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг ва дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад», ҳамчун аломатҳои бандубасткунандаи кирдор ва ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷавобгарии ҷиноятӣ дар содиркунии ҷиноятҳои зикргардида, илова карда шудааст.
Аз қисми 2 моддаи 72 Кодекси ҷиноятӣ хориҷ карда шудани калимаҳои «дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида,» имконият медиҳад, шахсоне, ки категорияҳои дигари ҷиноят, яъне ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир намудаанд, новобаста баъд аз содир намудани ҷиноят ихтиёран ба мақоми дахлдор омадан, ба гуноҳи худ иқрор шудан, агар онҳо барои ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат намоянд, зарари расонидаашонро талофӣ ё онро тариқи дигар рафъ намоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 12 октябри соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.
Мақсади қонуни мазкур аз мукаммал гардонидани меъёрҳои алоҳидаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина, ба танзим даровардани татбиқи ягонаи меъёрҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иборат мебошад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳишмандем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.
Марҳамат, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.
Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, 26 октябри соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.
Мақсади қонуни мазкур аз мутобиқкунонии меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ворид шуданд, иборат мебошад.
Бо ҳамин мақсад, тибқи қонуни мазкур, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 4791, ки ҷавобгарии маъмуриро барои монеъ шудан ба фаъолияти қонунӣ ё иҷро накардани талаботи қонунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат пешбинӣ менамояд, илова шудааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба ҳисоб меравад.
Марҳамат, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ.
РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни зикршуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, 26 октябри соли 2016 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», истифода намудани истилоҳоту мафҳумҳои ҳуқуқӣ бо услуби ягона қабул гардидааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумита нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: -Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидан ва мутобиқ намудани Кодекси амалкунанда бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Аз ҷумла, ба Кодекси амалкунанда моддаи нави 141, ки дар он истифодаи қитъаи замин дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ гардидааст, илова карда шудааст.
Ҳамчунин, бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ муносибат вобаста ба истифодаи қитъаи замин ба танзим дароварда мешаванд.
Ба моддаи 20 Кодекси амалкунанда сархати нави панҷум илова карда шудааст, ки мутобиқи он агар созишнома аз ҷониби заминистифодабарандаи дуюмдараҷа бекор нагардида бошад, ӯ ҳуқуқ дорад, ки пеш аз бекор гардидани созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷуброни зиёни расидашудаашро гирад.
Ҳамчунин, ба қисми якуми моддаи 37 банди нави «и» илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд ҳуқуқи истифодаи замин ё як қисми он дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ гардидан ва ё ба анҷом расидани муҳлати амали созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ қатъ мегардад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ба шумор меравад.
Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дода мешавад. Марҳамат.
ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнудин Сафаров, Толибек Бухориев ва Хайрулло Суфиев пешниҳод шуда, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади такмил додан ва мукаммал гардонидан, инчунин таъмини масъалаҳои амният ва муҳофизати байторию биологӣ, муайянкунӣ, тасниф, баҳодиҳӣ ва идоракунии таҳдидҳои биологию кимиёвӣ ва радиатсионӣ қабул гардидааст.
Аз ҷумла, ба моддаи 1- уми қонуни амалкунанда, ки мафҳумҳои асосиро дар бар мегирад, сархатҳои нави сеюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум илова карда шудааст, ки тибқи онҳо масъалаҳои амният ва эминии биологӣ, муайянкунӣ, тасниф, баҳодиҳӣ ва идоракунии таҳдидҳои биологӣ дар қонуни амалкунанда ба танзим дароварда мешавад.
Ба моддаи 3-юми қонуни амалкунанда сархатҳои нави чордаҳ ва понздаҳ илова карда шудааст, ки тибқи онҳо минбаъд масъалаҳои тасдиқ намудани қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ, инчунин таҳия ва тасдиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдид, ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мегардад.
Ҳамчунин, ба моддаи 4 қонуни амалкунанда сархатҳои нави панҷум, шашум, ҳафтум ва понздаҳум илова карда шудааст, ки мувофиқи онҳо минбаъд масъалаҳои таҳияи қоида ва талаботи ягона оид ба бехатарии биологӣ ва муҳофизати байторию биологӣ, гузаронидани чорабиниҳо оид ба паст кардани хатари ангезаҳои биологӣ, гузаронидани таҳлилҳо ва татбиқи консепсияҳо ва низоми арзёбии идоракунии таҳдидҳо дар соҳаи байторӣ ба ваколати мақомоти ваколатдори давлатии байторӣ дохил мегардад.
Инчунин, бо мақсади мутобиқгардонии муқаррароти қонуни амалкунанда бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба он як қатор тағйиру илова ворид карда шудааст, ки он хусусияти таҳрирӣ ва имлоӣ дорад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: -Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.
Сухан оид ба масъалаи зикршуда ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.
Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ, Фарҳод Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ. Холиқов, Г. Ашурова ва Р. Раҷабов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Он бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи маориф», Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бартараф сохтани мухолифати меъёрҳои ҷойдошта, инчунин баробарии гендерӣ, пешниҳод гардидааст. Бо ин мақсад ба якчанд моддаи он тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва танзимкунанда дошта, номувофиқатӣ ва норасоии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро бартараф менамояд. Аз ҷумла, бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии зан ва мард қисми дуюми иловагардидаи моддаи 17, ки ҳуқуқи шавҳарро ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оид ба бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод карданро маҳдуд менамуд, бартараф кард, дар ҳолате ки агар дар муҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад.
Илова бар ин, матни моддаи 23, ки танзимкунандаи муносибатҳо дар самти «Бо тартиби судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар» дар таҳрири нав ифода шудааст, ки тибқи он ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ барои оштӣ шудан аз ҷониби суд то шаш моҳ муҳлат дода мешавад. Инчунин, ба моддаҳои 46 ва 47, ки «Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ» ва «Ситонидани маблағ аз молу мулки зану шавҳар»-ро муайян менамояд, бо мақсади такмили институти аҳдномаи никоҳ тағйирот ворид гардид. Тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 571, 63 ва 64 бо дарназардошти мутобиқ намудани онҳо ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ворид шудаанд.
Ҳамчунин, вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, як қатор қисмҳо ва моддаҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрир ва такмил дода шуданд.
Қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ҷавобгӯй буда, ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, кумита нисбат ба он эрод надорад ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) ва бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, такмил додани қонунгузории кишвар таҳия шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам баланд намудани баҳогузорӣ дар назди институтҳои байналмилалӣ имконият фароҳам оварда мешавад.
Дар моддаи 462 Кодекси амалкунанда банди нави 19 илова карда шудааст, ки мутобиқи он ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, барои ба даст овардани маълумот аз низоми иттилоотии Хадамоти гумрук вобаста ба интиқоли асъор ва арзишҳои асъорӣ тавассути сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меорад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Кумитаи мо нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем.
Сухан оид ба ин масъала ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади фазои сармоягузорӣ ва маъмурикунонии андозро беҳтар гардонидан, инчунин бо дарназардошти коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллию буҷети давлатӣ ва пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, бо мақсади дастгирии субъектҳои хоҷагидор ба моддаҳои 160, 161, 162, 163, 289, 290 ва 291 Кодекси амалкунандаи андоз тағйирот ворид шуда, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, фаъолияти хӯроки умумӣ ва муассисаҳои таълимӣ меъёри андоз аз арзиши иловашуда ба ҷойи 18 фоиз меъёри пасткардашудаи 5 фоиз пешбинӣ шудааст.
Инчунин, пешбинӣ шудааст, ки ҳадди ниҳоии даромад барои супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз 500 ҳазор сомонӣ то 1 млн. сомонӣ баланд бардошта шавад, ки дар натиҷа, субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла соҳибкорони инфиродие, ки бо шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки то 1 миллион сомониро ташкил додани даромади умумиашон, андозро тибқи низоми содакардашуда пардохт намоянд.
Мутобиқи иловае, ки ба сархати дуюми қисми 4 моддаи 220 ворид карда шудааст, минбаъд муассисаҳои давлатие, ки бо мақсади беҳтар гардонидани ҳолатҳои мелиоративии заминҳои кишоварзӣ об истихроҷ менамоянд, аз андозҳо аз истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ озод мегарданд.
Бо мақсади ҳавасмандкунии коркарди дохилии нахи пахта ва маҳдуд намудани содироти бе коркарди он ба боби 38 ва моддаҳои 6, 29, 169, 183, 260, 290, 293 тағйирот ворид карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд андоз аз фурӯши нахи пахта бекор карда мешавад.
Ба сархати якуми қисми 3 моддаи 157 тағйирот ворид карда шудааст, ки мувофиқи он андозаи пешпардохти андоз аз фоида камтар пешбинӣ гардидааст.
Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ҷиҳати пешбурди дурусти бақияи қарзи андозҳо вобаста ба намудҳои он ба моддаҳои 65 ва 66 илова ворид карда шудааст.
Бо мақсади сари вақт чораҷӯӣ намудан ҷиҳати ситонидани қарзи андоз аз шахсони қарздоре, ки аз кишвар фирор менамоянд, инчунин, дороиҳоро ба шахсони дигар дода, аз андозбандӣ саркашӣ менамоянд, ба моддаи 75 тағйирот ворид карда шудааст.
Ҳамчунин, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои аз андозбандӣ саркашӣ намудани ғайрирезидентҳо, пешгирӣ намудани ҳолатҳои нодуруст нишон додани арзиши молҳои воридотӣ, истифодаи самараноки имтиёзоти андозӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардида, инчунин, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои буҷети давлатӣ дар давраи таъсири манфии омилҳои берунӣ, меъёрҳои андоз барои мошинҳои сабукрави арзишашон баланд, ки иқтидори муҳаррикашон аз 250 қувваи асп бештар мебошад, меъёрҳои андоз барои воситаҳои нақлиёт нисбатан зиёдтар пешбинӣ карда шудааст.
Бо мақсади мутобиқгардонии муқаррароти Кодекси андоз бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Кодекси амалкунанда як қатор тағйирот ворид шудааст, ки он хусусияти таҳрирӣ дорад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Кумитаи мо, бо дарназардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» оғоз мебахшем.
Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт амалкунанда ва бо дарназардошти дуруст ба роҳ мондани назорати ба Буҷети давлатӣ ворид гаштани маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмии дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинигардида, инчунин, муайян намудани тартиби пешниҳоди ҳисобот ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатмӣ қабул гардидааст. Аз ҷумла, ба қисми 2 моддаи 4-уми қонуни амалкунанда илова ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд, тартиби ҳисоб ва ҷамъоварӣ намудани пардохтҳои ҳатмӣ ба танзим дароварда, маъмурикунонии маблағҳои мазкур дуруст ба роҳ монда мешавад.
Ба моддаи 51 сархати нави чорум илова ворид шудааст, ки мутобиқи он минбаъд пардохти ҳатмӣ дар муҳлати муқаррарнамуда пардохт нашуда бошад ва ё бақияпулӣ ҷой дошта бошад, супоранда уҳдадор аст аз санаи фаро расидани муҳлати пардохт то санаи пардохти бақияпулиҳо фоизҳои дахлдорро мутобиқи талаботи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар рӯзи гузаронидани муҳлат пардохт намояд, ки ин барои ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва барои ба танзим даровардани он мусоидат менамояд.
Ба қонуни амалкунанда бобҳои 162, 163, 164,165,166,167 ва 168, ки аз 17 модда иборат аст, ворид карда шудааст, ки тибқи онҳо минбаъд пардохт аз фоидаи соф, пардохт барои суғуртаи ҳатмӣ, пардохт барои маркаҳои аксизӣ, пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ, пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд, пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ барои беҳбудӣ ва мукаммалии Буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Кумитаи мо, бо назардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» оғоз мебахшем.
Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади танзими масъалаҳои додани иҷозатнома ба субъектҳои хоҷагидор барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Инчунин, ба моддаи 8-уми қонуни амалкунанда қисми нави 3 илова карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд муҳлати додани иҷозатнома барои фаъолияти шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 3 сол муқаррар гардидааст.
Ба моддаи 17-уми қонуни амалкунанда сархати нави шасту сеюм «фаъолият дар соҳаи алоқаи почта» илова карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз хизмати алоқаи почта истифода мебаранд, муайян менамояд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Кумита бо дарназардошти нишондодҳои дар боло зикргардида эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ба ҳисоб меравад.
Сухан барои иттилоот ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Он бо мақсади пешгирии ҷиноятҳо тавассути хизматрасониҳои алоқаи почта (интиқоли ашё ва ё моддаҳои таркандаю зараровар, маблағҳо барои ташкилотҳои террористӣ, аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани маводи нодири таърихию фарҳангӣ ва ғайра) мувофиқи иҷозатнома пешниҳод кардани хизматрасониҳои алоқаи почта қабул гардидааст. Аз ҷумла, ҷиҳати мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба қонуни амалкунандаи ҷории ҷумҳурӣ ба моддаҳои 2,3 ва боби 2 қонуни амалкунанда тағйиру илова ворид карда шудааст. Ғайр аз ин, дар қисми якуми моддаи 9 қонуни амалкунанда сархати нави якум илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд додани иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи почта ба салоҳияти мақоми ваколатдори танзими алоқа дохил мегардад.
Ба қонуни амалкунанда моддаи нави 11 илова карда шудааст, ки он иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқаи почтаро дар бар мегирад.
Ба сархати дуюми қисми якуми моддаи 14 илова ворид карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд, операторони алоқаи почта уҳдадоранд дар асоси иҷозатнома ва қоидаҳои тасдиқгардидаи почта оид ба расонидани хизмати алоқаи почта фаъолият намоянд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад, Кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» оғоз мебахшем.
Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Мақсад аз қабули он дар амал татбиқ намудани Нақшаи кории Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тибқи Нақшаи кории Шӯрои миллӣ, яке аз чорабиниҳои асосӣ ин омӯзиш, таҳлил ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2011 узви яке аз созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи моликияти саноатӣ – Санади Женевагии (1999) Созишномаи Гаага оид ба бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ гардид, ки он аз 21 марти соли 2012 эътибор пайдо намуд.
Тағйироти пешбинишуда бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба талаботи муқаррарнамудаи Созишномаи Гаага, яъне хориҷ намудани номгӯйи аломатҳои асосии намунаи саноатӣ, тағйир додани муҳлати амали патент ва инчунин, содагардонии расмиёти гузаронидани экспертизаи моҳиятии ариза барои гирифтани патент ба намунаи саноатӣ ворид карда шудааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Кумитаи мо, бо дарназардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзнома - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ба ҳисоб меравад.
Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 2016 қабул намудааст. Он бо мақсади дар амал татбиқ намудани Нақшаи кории Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Тибқи Нақшаи кории Шӯрои миллӣ, яке аз чорабиниҳои асосӣ ин омӯзиш, таҳлил ва такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Вобаста ба ин, ба моддаи 4 қонуни амалкунанда қисмҳои нави панҷум, шашум ва ҳафтум илова шудааст, ки мутобиқи он соҳаи дорусозӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарин ба шумор меравад ва ихтироъкори ин соҳа пас аз гирифтани патент бояд ҳатман санҷиши клиникии дорувориро гузаронад ва аз мақомоти салоҳиятдор барои истифодаи он иҷозат гирад. Ин амал дар баъзе мавридҳо муҳлати дарозро мегирад ва дар ҷараёни гузаронидани он маблағи зиёд сарф мешавад.
Бинобар он ки то гирифтани иҷозатнома татбиқи ихтироъ номумкин аст, ихтироъкор як муддати муайянро пас аз гирифтани патент барои гирифтани иҷозатнома сарф менамояд ва имконияти татбиқ ва ба даст овардани фоидаро аз даст медиҳад, ки чунин ҳолат ба манфиати ихтироъкор набуда, умуман, ба рушди соҳаи ихтироъкорӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бо мақсади беҳтар намудани имконияти гузаронидани экспертизаи аризаҳо ҷиҳати гирифтани нахустпатент ба ихтироъ сархати сеюми қисми 3 моддаи 21-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.
Аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандам қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: Ба баррасии масъалаи навбатӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» оғоз мебахшем.
Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
Амирзода Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал гардонидан ва инчунин, татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) қабул гардидааст. Аз ҷумла, дар сархати нуҳуми моддаи 8- уми қонуни амалкунанда тағйирот ворид гардидааст, ки минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қиматнок ҳуқуқ дорад аз ҷамъиятҳои саҳомӣ дар бораи моли бенифитсиарон (манфиатгирон) маълумот гирад.
Ба моддаи 12- уми қонуни амалкунанда қисми 8 илова карда шудааст, ки имконияти додани маълумотро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қиматнок медиҳад. Илова бар ин, қисми мазкур барои ошкор кардани саҳомоне, ки бо роҳи ҷиноят даромад ба даст овардаанд, мусоидат менамояд.
Ба хотири пешгирии ҷиноят, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва ё даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардаро пешгирӣ намудан, ба қисми 15 моддаи 42- юми қонуни амалкунанда сархати нави 3 илова карда шудааст.
Тибқи ин илова, минбаъд маълумот дар бораи амалиёт бо қоғазҳои қиматнок, ҳисобҳо, миқдори қоғазҳои қиматноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар феҳристи соҳибони қоғазҳои қиматнок ифода ёфта, махфӣ мебошад, ба мақоми ваколатдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дода мешавад.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Кумитаи мо, бо назардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ба ҳисоб меравад.
Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябри соли 2016 қабул намудааст.
Он бо мақсади дар амал татбиқ намудани тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) пешниҳод шудааст.
Ҷиҳати иҷрои талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) дар қонуни пешниҳодгардида мафҳуми «молик — бенефитсиар» (манфиатгирон) ворид карда шудааст. Ба моддаи 84 қисми нави 5 илова карда шудааст, ки мутобиқи он минбаъд мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бозори қоғазҳои қиматнок ва мақоми ваколатдор оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ҳуқуқ доранд аз ҷамъияти саҳомӣ дар бораи молик-бенефитсиарони (манфиатгирони) вай маълумот гиранд.
Ба моддаи 89- уми қонуни амалкунанда қисми нави 3 илова шудааст, ки мутобиқи он, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бозори қоғазҳои қиматнок ва ҷамъияти саҳомӣ уҳдадоранд маълумотро дар бораи молик-бенефитсиарони (манфиатгирони) вай на камтар аз панҷ сол аз санаи барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ нигоҳ доранд.
Ҳамчунин ба моддаи 91-уми қонуни амалкунанда қисми нави 3 илова шудааст, ки мутобиқи он ҷамъиятҳои саҳомӣ уҳдадор гардидаанд, ки маълумотро дар бораи моликони бенефитсиар (молик – манфиатгирон) на кам аз 5 сол аз санаи барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ нигоҳ доранд ва дар бораи ҳама гуна аҳду амалиёти шубҳанок ва амалиёт аҳдҳои ҳатман назоратшаванда ба мақомоти ваколатдор, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», маълумот пешниҳод намоянд.
Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Кумитаи мо, бо дарназардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, нисбати қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: -Ба баррасии масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» оғоз мебахшем.
Сухан ба муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода мешавад. Марҳамат.
АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ М. Имомзода, М. Раҷабзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Д. Исматуллоев ва Ҳ. Холиқов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2016 қабул намудааст.
Он бо мақсади бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта, зарурати истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ, бо назардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мантиқӣ ва мутобиқати дохилии қонуни амалкунанда қабул гардидааст. Мутобиқи қонуни мазкур, ба қонуни амалкунанда як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади мутобиқгардонӣ ба моддаҳои 4, 5, 6, 7, 8, то 24 тағйирот ворид карда, моддаҳои 2 ва 3 қонуни амалкунанда пурра дар таҳрири нав ифода шудааст.
Ба моддаи 4 қисми нави сеюм илова шудааст, ки мутобиқи он муқаррар намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маҳдуд ё манъ будани гардиши озоди молу мулк, аз ҷумла тартиби махсуси гардиши молу мулкро муайян менамояд.
Ҳамчунин, ба дигар моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки он характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.
Дар Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум (15 июли соли 2016) баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 майи соли 2016 қабул ва ҷиҳати ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида буд, бо дарназардошти тағйироти ба Конститутсия воридгардида, мавқуф гузошта шуд.
Тибқи пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев, комиссияи салоҳиятдор таъсис шуд, ки қонуни мазкурро бори дигар баррасӣ намуда, пешниҳод намуд, ки бинобар ислоҳшаванда будани истилоҳи мазкур (Сарқонун) қобили ҷонибдорӣ аст.
Бинобар ин, Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодиёту коммуникатсия, бо дарназардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, қонуни мазкурро барои баррасӣ ва ҷонибдорӣ пешниҳод менамояд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб меравад.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 октябри соли 2016 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Мақсади қабули тағйиру иловаҳои мазкур мутобиқ намудани талаботи он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси худшиносии сиёсии шаҳрвандон тавассути арҷгузорӣ ба Парчами давлатии Тоҷикистон мебошад.
Дар он ба моддаҳои 1, 5 ва 8 тағйиру иловаҳо ворид шудаанд. Аз ҷумла, аз моддаи 1 калимаи «(Сарқонуни)», аз сархатҳои якум ва чоруми қисми 1 моддаи 5 ва сархатҳои якум, сеюм ва чоруми қисми 1 моддаи 8 калимаҳои «Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷ карда шудаанд.
Инчунин, ба қисми 2 моддаи 5 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд». Дигар тағйироти қонуни мазкур, ки хислати таҳрирӣ дорад, дар сархати сеюми қисми 4 моддаи 5 ба тариқи зайл мебошад:
« — дар рӯзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо;».
Тағйироти мазкур ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон таъсири мусбат хоҳад расонд.
Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшудаи Тоҷикистон ҷавобгӯй мебошад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Масъалаи навбатӣ — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Панҷи вилояти Хатлон» ба ҳисоб меравад. Барои иттилоот сухан ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон»- ро таҳти №405 аз 1 октябри соли 2016 «Оид ба иваз намудани баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Панҷи вилояти Хатлон» баррасӣ намуд.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳоти «Арал»- и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсов, номи деҳоти «Сайёд»- и ноҳияи Шаҳритуз ба деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, номи деҳаи Қазоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯҳдомани деҳоти ба номи Сайфиддинов Кабут, номи деҳаи Хоҷа- Қучқории ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чорсӯи деҳоти «Меҳвар», номи деҳаи Бурбулоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чашмаи деҳоти «Намуна», номи деҳаи Туғаланги ноҳияи Панҷ ба деҳаи Чаманистони деҳоти ба номи Сайфиддинов Кабут, номи деҳаи Қирғизи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Ҳамдилони деҳоти ба номи Сайфиддинов Кабут, номи деҳаи Кӯлдимони ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯлдомани деҳоти «Меҳвар», номи деҳаи Бешқудуқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Навшоди деҳоти «Озодагон» тағйир дода шаванд.
Дар маҷмӯъ пешниҳод шудааст, ки дар вилояти Хатлон номи 2 деҳот ва 7 деҳа тағйир дода шаванд.
Зарурати тағйир додани номи ду деҳот ва ҳафт деҳа бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони деҳаҳо мебошад.
Пешниҳод доир ба тағйир додани номи деҳот ва деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, маҷлисҳои вакилони ҷамоати деҳотҳо, маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳо, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.
Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои амалкунандаи ҳамин муносибатҳоро батанзимдароранда мухолифат надорад.
Маълумоти зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Пешниҳоди мазкур қобили дастгирист ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз ва Панҷи вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Масъалаи навбатӣ Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом ва деҳаи Наймани деҳоти «Сурх»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд» ба ҳисоб меравад. Сухан барои иттилоот ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: - Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳодоти Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд»- ро таҳти №406 аз 1 октябри соли 2016 «Оид ба номивазкунии шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ва деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд» ва «Оид ба номивазкунии деҳаи Наймани деҳоти «Сурх» — и шаҳри Исфара таҳти №279 аз 1 июли соли 2016 ба деҳаи Сароб» баррасӣ кард.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба шаҳраки Меҳробод, деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба деҳаи Ҷаҳонзеб ва деҳаи Наймани деҳоти «Сурх» и шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба деҳаи Сароб тағйир дода шаванд.
Дар маҷмӯъ, пешниҳод шудааст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов номи як шаҳрак, дар шаҳри Конибодом номи як деҳа ва дар шаҳри Исфара номи як деҳа тағйир дода шаванд.
Зарурати тағйир додани номи шаҳрак ва деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони шаҳрак ва деҳаҳо мебошад.
Пешниҳодоти мазкур мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатҳоро танзимкунанда мухолифат надорад.
Маълумоти зарурӣ тибқи Номгӯйи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Кумита пешниҳодоти мазкурро дастгирӣ менамояд ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳаи Қарақчиқуми деҳоти ба номи Лоҳутии шаҳри Конибодом ва деҳаи Наймани деҳоти «Сурх»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи охир - лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Ваҳдат» оғоз мебахшем.
Сухан барои иттилоот ба муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ дода мешавад. Марҳамат.
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат «Оид ба номивазкунии баъзе аз маҳалҳои аҳолинишин»- ро таҳти № 364 аз 23 августи соли 2016 баррасӣ намуд.
Тибқи пешниҳоди мазкур, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки номи деҳаи Ганҷбор — 2 ба деҳаи Шаҳдбори деҳоти ба номи Р. Исмоилов, деҳаи Гулрез — 2 ба деҳаи Хуррамдеҳи деҳоти ба номи А. Абдулвосиев, деҳаи Эловар ба деҳаи Панҷдеҳи деҳоти ба номи А. Абдулвосиев, деҳаи Гирдоб — 2 ба деҳаи Сеобаи деҳоти ба номи Б. Бурунов, деҳаи Баракат — 2 ба деҳаи Сахтиёни деҳоти ба номи Б. Бурунов, деҳаи Гулобод — 2 ба деҳаи Нурофари деҳоти ба номи Б. Бурунов, деҳаи Ҷавонон -2 ба деҳаи Бахтёрони деҳоти ба номи Б. Бурунов, деҳаи Кишоварз — 2 ба деҳаи Сароби деҳоти «Гулистон», деҳаи Ҳуснобод-2 ба деҳаи Чашмасори деҳоти «Гулистон», деҳаи Тиллои сафед-1 ба деҳаи Фахрободи деҳоти «Гулистон», деҳаи Адолат -1 ба деҳаи Сафедоби деҳоти «Гулистон», деҳаи Ҷангалобод- 2 ба деҳаи Боғистони деҳоти «Гулистон», деҳаи Деҳқонобод -2 ба деҳаи Қалъаи Гулистони деҳоти «Гулистон», деҳаи Даҳана-1 ба деҳаи Ҳакимони деҳоти «Гулистон»- и шаҳри Ваҳдат тағйир дода шаванд.
Дар маҷмӯъ, пешниҳод шудааст, ки дар шаҳри Ваҳдат номи 14 деҳа тағйир дода шавад.
Зарурати тағйир додани номи деҳаҳо бевосита ба шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар, мувофиқ намудани амали номгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобастагӣ дошта, ба инобат гирифтани афкори умум ва хоҳиши сокинони деҳаҳо мебошад.
Пешниҳод доир ба тағйир додани номи деҳаҳои зикргардида дар маҷлисҳои умумии сокинони онҳо, маҷлисҳои вакилони ҷамоати деҳотҳо, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ваҳдат баррасӣ гардида, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтааст.
Пешниҳоди мазкур мутобиқи моддаҳои 18 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, ба дигар қонунҳои амалкунандаи ҳамин муносибатҳоро батанзимдароранда мухолифат надорад.
Кумита пешниҳоди мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Ваҳдат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Раиси котибот гуфтание доред? Нест?
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасӣ шуда, ҳаллу фасл ёфтанд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо ва дигар аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолона дар кори иҷлосия ташаккур мегӯям!
Бо ҳамин Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ