АБ ИДМ барои ҳамоҳангсозии қонунгузории кишварҳои аъзо платформаи муҳимест

№49-50 (4311-4312) 17.04.2021

DSC_8609- Дар ҷаҳони муосир саъю кӯшиши якҷоя кардан имкон медиҳад, ки ба мушкилоти мавҷуда ба қадри кофӣ роҳи ҳал пайдо карда шавад, — иброз намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир ­Зокирзода зимни иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз тариқи фосилавӣ доир гардид. — Ман таваҷҷуҳ ва омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои рушду таҳкими минбаъдаи шарикӣ ва ҳамкории байни кишварҳои аъзои ИДМ тасдиқ карда, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ-ро ҳамчун платформаи муҳим барои мусоидат ба раванди наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии ҷонибҳо мешуморам.

Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ 15 апрели соли равон таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко доир гардид.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, гуфт, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҳоло ба ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ ва муассир табдил ёфта, дар таъмин ва таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад.

DSC_8601- Итминон дорем, ки натиҷаҳои кори якҷоя омили тақвияти динамизми иловагӣ ба фаъолияти Шӯро хоҳад шуд, — афзуд ӯ.

Бино ба иттилои мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, Раиси Маҷлиси намояндагон дар кори конфронси байналмилалии парлумонӣ дар мавзӯи «Мушкилот ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар заминаи пандемияи COVID-19», «Терроризм ва экстремизми хушунатомез» низ иштирок намуд.

***

Шонздаҳуми апрели соли равон ҷаласаи пленарии 52-юми Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода аз тариқи фосилавӣ иштирок намуд.

Рӯзномаи ҷаласа аз «Танзими қонунгузории равандҳои муҳоҷират дар давраи пандемия: нақши парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ», «Дар бораи намунаи Кодекси муҳоҷират барои кишварҳои аъзои ИДМ», Қонуни намунавӣ «Дар бораи таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба ҳифзи саломатӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ», Қонуни намунавӣ «Дар бораи ёрии психиатрӣ ва кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми пешниҳоди он», Қонуни намунавӣ «Дар бораи дастурҳои клиникии расонидани ёрии тиббӣ дар давлатҳои аъзои ИДМ», «Тавсияҳо дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандон», Қонуни намунавӣ «Дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ» иборат буд.

Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи асосии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба наздик кардани қонунгузории давлатҳои аъзо, таъмини рушди ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ равона шуда, ҷиҳати татбиқи ин вазифа тайи 28 соли фаъолият беш аз 550 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳо қабул гардидааст, ки қонунгузории миллиро ба меъёрҳои ҳуқуқии аз ҷониби умум эътирофшуда мутобиқ менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар нишасту ҳамоишҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ барои равнақ ёфтани ҳамкории миёни парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ ва Ассамблеяи байнипарлумонӣ мусоидат мекунад.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ