То интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз як моҳ вақт мондааст. Ҳоло ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳояшонро тибқи рӯйхати ҳизбӣ ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ пешбарӣ кардаанд. Идораи рӯзномаи «Садои мардум» тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони аҳзоби сиёсии мамлакат дар робита ба ин маъракаи сиёсӣ суҳбатҳо доир намояд. Ин навбат раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) Абдуҳалим Ғаффоров ба суолҳои хабарнигорамон посух гуфт.
- Муҳтарам Абдуҳалим Ғаффоров, омодагии ҲСТ ба интихобот чӣ гуна аст?
- Агар манзур тайёрӣ ба ташвиқу тарғиб бошад, ҳоло он шурӯъ нашудааст. Мо аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон номзадии ёздаҳ нафарро барои соҳиб шудан ба ваколати вакили Маҷлиси намояндагон пешбарӣ кардем. Азбаски ду нафар имкони пардохти маблағи гаравпулиро пайдо накарданд, аз иштирок дар интихобот даст кашиданд. Ҳоло номзадии 9 нафар — 5 нафар аз рӯйхати ягонаи ҳизбӣ ва 4 нафар аз рӯйхати якмандатӣ пешниҳод шудааст. Ба назар бояд гирифт, ки як нафар аз номзадҳоямон ҳам аз рӯйхати ягонаи ҳизбӣ ва ҳам аз тариқи якмандатӣ пешбарӣ гардидааст. Номзадҳои якмандатии ҳизб аз ҳавзаҳои Ҳамадонӣ, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансур мебошанд. Дар баробари ин, номзадии 10 нафарро ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва 8 нафарро ба маҷлисҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Хуҷанд, Панҷакент ва Ваҳдат пешниҳод карданием. ҲСТ чор нафар бонуро низ пешниҳод намудааст.
- Ҳадафи ҳизб аз иштирок дар интихобот чист?
- Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳама маъракаҳои сиёсие, ки дар тӯли 23 соли мавҷудияташ дар ҷумҳурӣ баргузор шудаанд, ширкат варзида, барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда пешниҳод кардааст. Дар ин муддат тавонистем, ки барои беҳдошти фаъолияти хеш аз ҳама роҳу восита истифода барем, то ин ки мардум моро беҳтар шиносанд ва дар маъракаҳои сиёсӣ дастгирӣ намоянд. Ҳадаф аз иштирок дар интихобот беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардуми камбизоат, занҳои танҳо, маъюбони гурӯҳи якум, дуюм ва сеюм, донишҷӯён, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни ҳодисаи Чернобил ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда мебошад. Яъне, ҳадафи ҳизб аз ширкат дар парлумон қабули қонунҳоест, ки ба беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии табақаҳои номбурда мусоидат мекунанд.
- Беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии сокинони кишвар дар барномаҳои аҳзоби дигар, аз ҷумла, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ, возеҳу муфассал зикр шудааст. Оё фикр намекунед, ки барномаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон монанд аст?
- Албатта, то як андоза монандӣ дар барномаҳо эҳсос мешавад, зеро дар барномаҳои аҳзоби дигар ҳам ба масъалаи иҷтимоиёт ва беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии мардум таваҷҷуҳи махсус равона шудааст. Вале мо дар барномаамон механизми истифода бурдан ва ё дар амал татбиқ намудани усулҳоеро ҳам нишон додаем, ки вазъи иҷтимоии мардумро беҳбуд мебахшанд.
- Дар барномаи интихоботии ҳизб ба кадом масъалаҳо бартарият дода шудааст?
- Дар 28 соли истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёди назаррас ба вуҷуд омаданд, ки боиси пешрафти ҷомеа гардиданд. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар радифи ин дастовардҳо бо майли тамом бо Ҳукумати Тоҷикистон дар бисёр масъалаҳо ҳамраъй мебошад ва ҳамзамон, барои рафъи норасоию камбудиҳои ҷойдошта, алалхусус, дар соҳаи иҷтимоиёт, ҷиддан кӯшиш мекунад.
Ҳизб фаъолияташро бар асоси демократия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ҳамин замина байни мардум тарғибу ташвиқ мебарад, то мақсадашро ба онҳо фаҳмонад. Тавре зикр кардам, мақсади ҳизб беҳдошти ҳаёти иҷтимоии мардум ва ҳаёти осудаҳолонаи сокинони кишвар ба шумор меравад, ки дар барномааш ба таври муфассал зикр шудааст. Масалан, яке аз масъалаҳои асосӣ дар барномаи ҲСТ муборизаи беамон ба муқобили порахӯрӣ мебошад, зеро порахӯрӣ ва ё ришваситонӣ марази бисёр бади ҷомеаи мост, ки ҳам иҷтимоиёт ва ҳам иқтисоду маънавиёти ҷомеаро хароб месозад. Чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала дахл карда, ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб муборизаи шадид бурда шавад. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ инро тарафдорӣ мекунад.
Масъалаи дигари дар барномаи мо инъикосёфта сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои дар амал татбиқ намудани он мебошад. Масъалаи рушд ва такомули демократия низ дар назар аст. Тавре ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона мебошад ва асоси он ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба шумор меравад. Бинобар ин, вақте ки рушду такомули демократия мегӯем, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар назар дошта мешавад. Вақте ки шаҳрванд дар ҷомеа зиндагӣ карда, худро озод ҳис мекунад, ин маънои онро дорад, ки амнияти шаҳрвандон таъмин аст. Хушбахтона, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ сеюмин давлати амн эътироф шудааст. Мо бояд дар ҳифзи ин оромӣ фаъолона иштирок намоем ва баҳри дар амал татбиқ намудани манфиатҳои давлату миллат саъю талош варзем.
Муносибати дӯстона бо ҳама кишварҳои олам, мубориза ба муқобили терроризму ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фурӯши одамон ва истисмори меҳнати кӯдакон аз масъалаҳои дигари муҳим дар барномаи ҳизб ба шумор мераванд.
Нуқтаи дигари барномаи ҳизб шаклҳои парламентӣ ва афзалияти қонун аст. Вақте ки мо шаклҳои парламентӣ мегӯем, пеш аз ҳама, қонунофарӣ пеши назар меояд, ки яке аз манбаъҳои беҳ кардани ҳаёти иҷтимоии мардум аст. Чунки қонун зиндагии мардумро дар доираи муайян мураттаб месозад.
Масъалаи дигар камолоти шахс аст. Дар гузашта маҳфилҳои махсусе буданд, ки бачаҳоро фаро мегирифтанд ва монеи кӯчагардӣ мешуданд. Имрӯз соати нуҳу даҳи шаб ҳам дар кӯча бачаҳоро мебинед. Ин чунин маъно дорад, ки онҳо бе назорат мондаанд. Аз ин хотир, барои ташаккули дурусти онҳо муҳитро, шароитро тағйир додан лозим аст. Вақте ки муҳиту шароитро тағйир дода тавонистем, се омили асосӣ — оила, мактаб ва ҷомеа як институти муттаҳид мешаванд ва шахсиятро тарбия мекунанд. Агар мо аз хурдӣ ба кӯдак хислатҳои меҳандӯстӣ, накукорӣ, покизагӣ, эҳтироми дигаронро омӯзонем, вай дар ҳамин рӯҳия тарбия ёфта, ба камол мерасад.
Соли 2021-ум 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мешавад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ бояд 25 ҳазор иншооти гуногун бунёд гардад. Ин яке аз нишонаҳои пешрафт аст. Дар баробари ин, вазъи иҷтимоии мардум ҳам беҳ шуда истодааст. Вале як масъалае, ки мардум аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, бениҳоят кам будани нафақапулӣ аст. Бо он нафақае, ки имрӯз мардум мегирад, зиндагиро пеш бурдан мушкил аст. Масалан, бо 113 ё бо 180 сомонӣ зиндагӣ кардан душвор аст. Бинобар ин, пешниҳод карда будам ва боз пешниҳод мекунам, ки зиёд шудани маблағҳои воридотӣ ба буҷети давлатӣ ва дар баробари ин оқилона истифода бурдани захираҳои гуногуне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд доранд, имкон медиҳанд мо роҳҳои баланд кардани нафақаро ёбем. Баробари баланд шудани нархи наво индексатсияи нафақаҳо низ бояд сурат бигирад.
- Интизории Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз интихобот чӣ гуна аст?
- Ин вобаста ба он аст, ки мо, роҳбарият ва аъзои ҳизб, тарғибу ташвиқро чӣ гуна ба роҳ мемонем. Ҳар қадар муҳтавои барномаамонро ба мардум расонида тавонем, ҳамон қадар ҷонибдорон пайдо хоҳем кард.
Ҳоло дар ин самт кор ҷараён дорад. Бовар дорам, интихоботи имсола ҳам барои Ҳукумати кишвар ва ҳам барои нозирони байналмилалие, ки барои назорати раванди интихобот ба кишварамон меоянд, намуна мешавад. Мо тарафдори иштироки намояндагони ҳамаи аҳзоби сиёсие ҳастем, ки манфиати давлату миллатро аз манфиатҳои шахсӣ боло мегузоранд. Ҳар ҳизбе, ки манфиати давлату миллатро мехоҳад, тарафдорам, ки ба парлумон ворид шавад.
Маҳмудҷон УСМОН, «Садои мардум»