Истиқлолияти давлатӣ неъматест, ки барои миллати тамаддунофари тоҷик осон ба даст наомадааст. Он натиҷаи ҷоннисории фарзандони фарзонаи миллат мебошад, ки дар даврони таъсисёбии Иттиҳоди Шӯравӣ замина гузошта буданд. Ҳоло миллати тоҷик муайянкунандаи сарнавишти худ аст ва бо қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон гом мебардорад. Даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои хоҷагии халқ батадриҷ рӯ ба рушд оварданд. Аз ҷумла, Парламенти кишвар ба марҳилаи нави фаъолият ворид шуд ва бо қабули қонунҳои дархӯри замон ба пешрафти ҷомеа мусоидат намуд. Аз ин рӯ, суҳбат бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдураҳим Холиқзода ба мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди парламентаризм» бахшида шуд.
- Биёед суҳбатро аз моҳияти истиқлолият шурӯъ кунем. Соҳибихтиёрии миллӣ, давлатӣ ва сиёсӣ аз ҳам чӣ фарқ мекунанд?
- Вақте дар бораи халқ, миллат ё иттиҳодияи муайяни одамон ҳарф мезанем, бояд донист, ки ин иттиҳод бидуни истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тарзи сазовор арзи вуҷуд карда наметавонад. Ҳамон падида ва ё унсуре, ки асоси ҳастии иттиҳодияи одамонро ҳамчун халқ ё миллати соҳибдавлат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад, соҳибихтиёрии сиёсӣ ё истиқлолияти давлатии ҳамон иттиҳодия аст. Аз нуқтаи назари илми конститутсионӣ, мафҳуми истиқлолияти давлатӣ ба соҳибихтиёрии иттиҳоди мардуми соҳибдавлат такя мекунад. Соҳибихтиёрӣ аз се қисмати асосӣ иборат аст: соҳибихтиёрии халқӣ, миллӣ ва давлатӣ ё сиёсӣ. Соҳибихтиёрии халқӣ навъи соҳибихтиёриест, ки халқ дар ташкил намудани ҳокимияти давлатӣ мавқеи марказӣ ва асосиро ишғол ва ҳамчун сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ баромад мекунад. Ин меъёр дар моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Соҳибихтиёрии халқӣ дар шакли мавҷудияти идораи президентӣ ва парлумони касбӣ, ки аз ҷониби мардум интихоб карда мешаванд, бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва марказ зуҳур меёбад. Яъне, соҳибихтиёрии халқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сарчашмаи Истиқлолияти давлатӣ ва унсури муҳими қонунӣ будани ҳокимият ва давлат мебошад. Давлате, ки истиқлолиятро эълон менамояд, соҳибихтиёрии халқашро дар кори ташкили ҳокимияти давлатӣ арҷгузорӣ мекунад. Ин навъи соҳибихтиёрӣ мансуби давлатҳои демократӣ ва пешрафта аст.
Соҳибихтиёрии миллӣ навъи соҳибихтиёрие мебошад, ки иттиҳоди мардумии аз лиҳози забониву фарҳангӣ ба ҳам муттаҳид мустақилият ва ҳаққи худашонро роҷеъ ба муттаҳид шудан ва ташкил намудани давлат бидуни дахолати дигар миллатҳо эълон менамоянд. Яъне, як миллат ҳуқуқи муттаҳид шуданро дар паҳнои як давлат эълон медорад ва ба ин васила ҳамчун миллати дорои хислати сиёсӣ эҳтиром ва эътироф мегардад. Аз ин ҷост, ки ҷиҳати расидан ба соҳибихтиёрии миллӣ дар Тоҷикистон, дар баробари қадршиносӣ аз таъриху фарҳанги ниёкон, қабул намудани қонуни забон, тавассути қонунҳои миллӣ роҳандозӣ кардани ислоҳоти иҷтимоӣ ва эъмори урфу одатҳои неки ниёкон, силсилаи корҳои тарғиботию созандагӣ ҷиҳати шинохт ва эътирофи рукнҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва ҳуқуқии миллати соҳибдавлат оғоз шуд. Баргузор кардани ҷашнвораҳои байналмилалии шахсиятҳои барҷастаи миллат, аз қабили Имоми Аъзам, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Носири Хусрав, Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммади Ғаззолӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, ба ҳайси қаҳрамонони миллат гиромӣ доштани хотираи фарзандони сарсупурдаи халқ — Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигарон, эҳё намудани номҳои таърихии шаҳру ноҳияҳо, ҷашн гирифтани солгарди таърихии минтақаҳои мамлакат, ворид намудани ёдгориҳои таърихии халқ ва идҳои миллӣ ба рӯйхати ёдгориҳо ва чорабинии созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи ибтикороти фарҳангие буданд, ки на танҳо ҳастии фарҳангӣ, этникӣ ва таърихии миллатро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекарданд, инчунин, ҳаққи таърихии миллати тоҷикро ба давлату давлатдорӣ собит сохта, заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии соҳибихтиёрии миллатро мустаҳкам менамуданд.
Соҳибихтиёрии давлатӣ бошад, соҳибихтиёрие аст, ки давлат дар дохил ва хориҷ ҳамчун субъекти мустақили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баромад мекунад. Маҳз соҳибихтиёрии давлатӣ асос ва ҷавҳари истиқлолияти давлатиро ташкил дода, давлатро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Масалан, дар замони шӯравӣ шояд қисме аз унсурҳои соҳибихтиёрии халқиву миллиро доштем, аммо соҳибихтиёрии давлатиро, дар маҷмӯъ, надоштем. Чунки Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақил баромад карда наметавонист.
Истиқлолияти давлатӣ ба ҳамин се навъи соҳибихтиёрӣ такя мекунад. Пеш аз соҳибистиқлолӣ ҳам парлумон буд, вале, парлумоне, ки касбӣ, парлумоне, ки аз ҷониби мардум дар асоси бисёрҳизбӣ интихоб шуда бошад, парлумоне, ки бо вазифа ва функсияҳои муайян бардорандаи бори як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар фазои ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, вуҷуд надошт. Ба ин дастовардҳои нави парлумон, пеш аз ҳама, Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард.
Мутаассифона, як муддати кӯтоҳ душманони давлати навини мо тавонистанд, ки кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашанд. Хушбахтона, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон тавонист ин мушкилро паси сар кунад ва дар кори сохтмону эъмори давлати навини тоҷикон музаффариятро ба даст биёрад. Ин муваффақият тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул шуд, дар заминаи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунбарор, иҷроия ва судӣ ба даст омаданд. Баъдан, ин рукнҳои ҳокимияти давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ нақш бозиданд.
- Оё бо қабули Эъломия соҳибистиқлолӣ ба даст меояд? Истиқлолият то кадом андоза ба рушди парламентаризм мусоидат кард?
- Истиқлолияти давлатӣ танҳо бо қабули Эъломияи соҳибихтиёрӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ба анҷом намерасад. Барои пойдории истиқлолият ва ташкили давлати мустақил, ки тавонад ба ҷомеаи ҷаҳонӣ халқро ҳамчун иттиҳодияи устувори сиёсӣ бо фарҳангу унсурҳои миллиаш муаррифӣ кунад, ҳаққи таърихӣ ва замонавии ӯро ҷиҳати мавҷудияти сиёсӣ ва ҳуқуқияш эътироф намоянд, қабл аз ҳама, худи халқ орзуву омолашро, ки ба саодати зиндагиаш созгор аст, бояд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҳадаф ва дастурамали зиндагиаш дуруст муаррифӣ намояд ва барои расидан ба ин ҳадафҳо пайваста мубориз ва омода бошад. Ҳамчунин, зарур аст, барои Истиқлолияти давлатӣ корҳои муҳими ташкилӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқию фарҳангиеро ба анҷом расонид, ки онҳо дар раванди шаклгириашон таҳкимбахши иттиҳоди устувори сиёсӣ ва истиқлолияти он бошанд. Аз зумраи чунин корҳои муҳим дар самти соҳибихтиёрии халқӣ такмил додани фаъолияти мақомоти қонунбарори кишвар-парламент мебошад. Интихоботи озод, номзадҳои арзанда, вакилони донишманд аз ҷумлаи мутахассисони соҳаҳои гуногун, садоқати намояндагон ба арзишҳои умдавии миллат ва давлат унсурҳои рушддиҳандаи парлумон дар шароити муосир маҳсуб мегарданд. Дар даврони соҳибихтиёрӣ парламент аллакай давраи дувуми таҳаввулотро паси сар карда истодааст. Парлумони кишвар дар ин давра ба фаъолияти касбӣ шурӯъ кард, ки дар замони шӯравӣ тасаввурнопазир буд. Дастоварди муҳими Истиқлолияти давлатӣ дар ин самт дар он буд, ки Маҷлиси Олӣ — Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар заминаи ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ бо шакли фаъолияти даъватӣ ва Маҷлиси намояндагон бо усули фаъолияти доимоамалкунанда ва касбӣ, таъсис дода шуд. Ин таҳаввулот аз назари илми ҳуқуқшиносӣ бо риояи қонунияти даврони гузариш бонизом, яъне, аз парлумони даъватӣ ба парлумони касбӣ бо нигоҳ доштани унсурҳои парлумони қаблӣ, сурат гирифт. Дар натиҷа, ҳоло дар мақомоти қонунбарори кишвар на танҳо намояндагони касбу кори гуногун ва ҳизбҳои сиёсӣ дар корпуси намояндагони касбӣ, инчунин, намояндагон аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар саргаҳи амалишавии ин ислоҳот дар шаҳру ноҳияҳо қарор доранд, ба сифати аъзои Маҷлиси миллӣ ширкат менамоянд. Истиқлолият заминаҳои ҳуқуқии ташкили парлумони касбиро низ тақвият бахшид. Имрӯз ба парлумони касбӣ тавассути ҳавзаҳои якмандата ва умумиҷумҳуриявӣ бо намояндагӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ вакилон интихоб мешаванд. Дастоварди дигари Истиқлолияти давлатӣ дар рушди парламентаризм дар он буд, ки дар боби сеюми Конститутсия вазъи ҳуқуқӣ ва салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро ҳамчун мақоми намояндагӣ ва қонунбарор дар мизони таҷзияи ҳокимияти давлатӣ аниқ ва мушаххас кард.
Мутобиқи тағйироте, ки соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, парлумони кишвар дар ҳайати ду палата-Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ таъсис ёфт. Бояд зикр намоем, ки ҳар ду зинаи парлумони касбӣ мутобиқ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби фаъолияти онҳоро муайян кардааст, фаъолият мекунанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастурҳои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкил ва фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра ба низом дароварда, заминаҳои ҳуқуқии зуҳури ҳокимияти қонунгузор ва намояндагиро фароҳам оварданд. Ҳоло, тавре мушоҳида мешавад, фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ дар коркард ва таҳияи лоиҳаи қонунҳо оид ба тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда ва таҳияи лоиҳаи мукаммали қонунҳо назаррас аст. Танҳо аз 1 октябри соли 2018 то 28 июни соли 2019 дар 31 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон зиёда аз 400 қарор қабул гардид. Дар 24 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бошад, дар робита ба 171 масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд, ки тибқи онҳо, аз ҷумла, 97 қонун ва тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои амалкунанда, 23 созишномаи байниҳукуматӣ ва дигар барномаву санадҳо ба тасвиб расиданд.
Истиқлолияти давлатӣ, ҳамчунин шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон узви созмони бонуфузи байналмилалӣ гашта, ҳамчун субъекти мустақили байналмилалӣ баромад намояд. То ба ҳол, ки давлат 28 — умин солгарди истиқлолиятро ҷашн мегирад, кишварро 193 давлати олам ба расмият шинохтааст. Дар ин муддат Тоҷикистон бо 161 кишвари ҷаҳон муносибати дипломатӣ барқарор кардааст. Ба илова, парлумони кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ тақрибан бо зиёда аз 60 парлумони давлатҳои олам ҳамкорӣ ва робитаҳои дӯстӣ барқарор намудааст. Гурӯҳҳои дӯстии парлумони мо бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни олам рафтуомад намуда, таҷрибаи ҳамдигарро меомӯзанд. Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои байналмилалии СҲШ ва ИДМ дар кори ин созмонҳо фаъолона ширкат менамояд ва дар қабули қарору қонунҳои моделӣ, ки ба манфиати халқу миллатҳои ба ҳам дӯст мебошанд, мавқеи назаррас дорад. Вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонӣ бо маърӯзаю таклифҳои мушаххас баромад карда, дар такмил ва таҳкими заминаи ҳуқуқии иттиҳоди давлатҳо, коркарди қонунҳо ва конвенсияҳои моделӣ ҳиссагузорӣ менамоянд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҳайси аъзо, роҳбарони комиссияву кумитаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ фаъолият мекунанд. Ин ҳама собит месозанд, ки Истиқлолияти давлатӣ ба парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардааст, то ин мақом ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ вазифаи қонунэҷодкуниро мутобиқ ба манфиати мардуми Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи мамлакат дуруст роҳандозӣ намояд.
- Мақоми олии қонунбарор яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад, зеро рушду ташаккули ҷомеаро маҳз қонун муайян мекунад. Ба назари шумо, парлумони кишвар ба дараҷаи зарурии рушд расидааст?
-Ҳама шохаи ҳокимият вобаста аз таъиноти вазифавиашон барои ҷомеа муҳим арзёбӣ мегарданд. Мақсад ва ҳадафи тақсимбандӣ тасниф намудани ҳокимияти давлатӣ ба самтҳои муайяни низоми идора мебошад, ки дар он бояд баробарвазнии қувваҳо дар ташкили ҳокимияти давлатӣ нигоҳ дошта шавад, то ҳокимияти давлатӣ натавонад ҳуқуқу ваколати худро дар ягон самт суиистифода кунад. Аз ҷониби дигар, дар системаи низоми баробарвазнӣ бояд ҳар як шохаи ҳокимият тавонад, ки ба равандҳои ҳаёти иҷтимоӣ таъсири мутақобила расонад ва рушди ҳаёти иҷтимоиро, вобаста ба талаботи давру замон, таъмин намояд. Дар давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шохаҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба рушди талаботи иҷтимоъ бояд дар баробари реҷаи қонуният хусусияти чандирӣ низ дошта бошанд. Бинобар ин, ҳеҷ вақт гуфта наметавонем, ки парламентаризм ё дигар низоми идораи шохаи ҳокимияти давлатӣ дар дилхоҳ давлати дунё ба сатҳи олии тараққӣ расидааст. Онҳо ҳама вақт дар ҳолати рушд ҳастанд. Вақте мегӯем, ки як падидаи сиёсиву ҳуқуқӣ ба дараҷаи олии рушд расидааст, замина бар ҳукме таҳия мекунем, ки он ба догма табдил ёфтааст. Низоми идоракунии давлатӣ, хусусан, шохаи қонунбарор, пайваста дар рушд мебошад. Рушд ба он маъно, ки фаъолияти он вобаста ба талаботи ҷомеа такмил меёбад. Бинобар ин, парлумони кишвар гарчанде давраи дуюми таҳаввулотро мегузаронад, дар пеш мушкилии зиёд дорад. Ҳаёт ҳама вақт дар назди мақомоте, ки қонун эҷод мекунад, масъалаҳои нав ба нав мегузорад ва тартиби ҳал намудани масъалаҳо аз мақомоти қонунбарор тағйири механизмҳоро вобаста ба шароит ва давру замон масъалагузорӣ менамояд.
Ин талабот аз он ҷиҳат аст, ки парлумон ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ дар кишвари соҳибистиқлол вобаста ба набзи ҷомеа бояд рушд кунад.
Дар назди парлумон вазифаҳое гузошта шудааст, ки дар иртибот ба давру шароити пешравии ҷомеа онҳоро бояд пайдарҳам ҳал кунад. Бинобар ин, парлумони кишвар дар ҳолати рушд қарор дорад ва фаъолиятро пайваста такмил медиҳад. Тағйироте, ки тайи солҳои 2016 ва 2018 ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шудаанд, исботи гуфтаҳои боло буда метавонанд. Ҳамин тавр, қисмҳои таркибии парламент, вазъи ҳуқуқии вакилон, аъзо, сохторҳои он, вазифаҳо ва салоҳиятҳо вобаста ба талаботи замон дар доираи чаҳорчӯбе, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, ҳаракат мекунад ва пеш меравад.
Истиқлолият, пеш аз ҳама, ба парлумони касбӣ шароит фароҳам овард, то ин ки ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ на танҳо қонун ва роҳҳои рушди давлатдориро муайян намояд, балки ҳамроҳи талаботи ҷомеа рушд кунад, фаъолиятро такмил бахшад ва дар раванди такмилдиҳӣ ба рушд ёфтани ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқии мардум мусоидат намояд. Дар даврони гузариш ва ташаккули давлати миллӣ ин сифатҳо муҳим арзёбӣ мегарданд.
- Нақши парлумонро дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Парламенти ҳар кишвар дар самти таҳкимбахшии Истиқлолияти давлатӣ дар мавқеи аввал меистад. Чунки парламент ба фаъолияти қонунэҷодкунӣ машғул аст. Қонун роҳи зиндагии халқ аст, тартибу усули зиндагии мардум аст. Агар он дар доираи парадигмаҳои манфиатҳои Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ сурат нагирад, вай метавонад, ки рафта-рафта ба он зарар расонад. Барои он ки қонун ба парадигмаҳои истиқлолияти давлатӣ мувофиқ ва мусоид бошад, парлумон бояд дар рафти қабул ба мазмуни ҳар як меъёри он таваҷҷуҳ кунад, то ки талаботи онҳо ба низому тартиби мавҷуда, тинҷиву амнияти мардум, ҳуқуқу озодиҳои инсон, орзуву омоли халқи кишвар, нишондоду муқаррароте, ки Конститутсия ҳамчун шоҳроҳ муқаррар кардааст, мувофиқат намояд. Аз ин хотир, ҳангоми таҳияи қонунҳо ҳама гуна меъёреро, ки ба парламент ворид мешавад, бояд аз «бунгоҳи гумрукӣ»-и хосаи таҳлилӣ гузаронид. Ин «бунгоҳи гумрукӣ» танҳо меъёрҳоеро иҷозати гузашт медиҳад, ки онҳо ба манфиатҳои стратегии миллат ва давлат мувофиқ буда, дар заминаи консепсияи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ таҳия шудаанд.
Фикр мекунам, ки барои таҳкимбахшии Истиқлолияти давлат, тавре ҳикмати ориёии бостониамон таъкид мекунад: «ҳама дар ҷойи худаш вазифаашро бояд содиқона иҷро кунад».
Ватанро, тавре Пешвои миллат гуфтаанд, — бо забон не, бо шиору овезаҳои хушку холӣ не, бо заҳмат, меҳнати ҳалол, арҷгузорӣ ба якдигар, эҳтиром ва риояи арзишҳои таҳдобие, ки Конститутсия эълон кардааст, бояд дӯст дошт. Ба таври дигар гӯем, таҳкими истиқлолият вобастагӣ дорад аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва аъзои ҷомеа.
-Чӣ бояд кард то истиқлолият ва неъматҳои он ҷовидона бошанд?
- Барои ин, қабл аз ҳама, шукр кардан, сониян, ба қадри неъматҳои он расидан ва ниҳоят барои таҳкими он содиқона хизмат кардан даркор аст.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»