30 июни соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам! Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод мегардад.
Лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Хоҳиш мекунам, нисбати лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.
Қарор бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул шуд:
1. Дар бораи бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври сода қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон
2. Дар бораи бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандӣ
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016»
4. Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақдод Муҳаммадшариф Маҳмуд дода мешавад.
ҲАҚДОД Муҳаммадшариф Маҳмуд: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо арзи эҳтиром ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври сода қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон», ки дар шаҳри Санкт-Петербург 7 июни соли 2002 ба имзо расидааст, пешниҳод мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки баимзорасонии созишномаи мазкур бо назардошти ҳусни ҳамҷаворӣ (ҳаммарзӣ), нигоҳдорӣ ва таҳкими робитаҳои таърихӣ ва анъанавии дӯстона ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо кишвари Қирғизистон ва вазъи сиёсию иҷтимоии ҳамон давраи кишвар ҷавобгӯи манфиатҳо арзёбӣ мегардад. Давоми 14 сол созишномаи мазкур амали таърихиашро иҷро кард.
Муқаррароти созишномаи мазкур ба шаҳрвандони қирғизтабори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти кӯчидан ба ватани таърихии худро доштанд, имконият фароҳам овардааст, то шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистонро ба таври сода қабул намоянд. Воқеияти имрӯза тақозо менамояд, то созишномаи мазкур, тибқи меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ таҷдиди назар карда шавад.
Ғайр аз ин, дар худи созишномаи номбурда дар моддаи 10 тартиби бекор кардани он пешбинӣ шудааст. (Амали он баъд аз ба поён расидани 6 (шаш) моҳ пас аз таърихи аз ҷониби яке аз Тарафҳо гирифтани огоҳиномаи хаттӣ қатъ мегардад).
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қарори мазкур мутобиқ сохтани он ба муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 августи соли 2015 мебошад.
Ҳамчунин, бекор кардани созишномаи мазкур ба шаҳрвандон барои ба амал баровардани ҳуқуқи интихоб ва гирифтани шаҳрвандии кишвари дигар дар асоси соҳибихтиёрӣ монеа пеш намеорад, танҳо ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ мекунад.
Лоиҳаи қарори мазкур дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардида, бо вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Аз ин лиҳоз, аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.
ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври сода қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон 7 июни соли 2002 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расида, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 июни соли 2016 барои бекор кардан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли равон созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Созишномаи номбурда, дар муҳлати зиёда аз 14 сол вазифа ва мақсадҳои худро иҷро намуд ва айни ҳол зарурият барои бекор кардани он ба миён омадааст. Зеро 8 августи соли 2015 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳо, принсипҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра танзим менамояд.
Аз ҷумла моддаҳои 16, 17, 19, 20, 21, 23 ва 31 қонуни конститутсионии мазкур тартиби содакардашудаи ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудан, барқарор кардан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои қатъ намудан, баромадан ва аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамоянд.
Баррасии масъалаҳои соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамин тавр, ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ, ки дар Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври сода қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудаанд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бекор кардани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
28 июни соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бекор гардидани он мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Бекор кардани созишномаи баррасишаванда ба Конститутсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Бинобар ин, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври сода қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистонро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории бекор кардани созишномаи мазкур овоз диҳед.
Дар бораи бекор кардани созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандӣ сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақдод Муҳаммадшариф Маҳмуд дода мешавад.
ҲАҚДОД Муҳаммадшариф Маҳмуд: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо арзи эҳтиром ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандӣ» пешниҳод мегардад.
Созишномаи мазкур 26 майи соли 2004 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ба созишномаи соли 2002 алоқамандӣ дорад. Муқаррароти он дар асоси мутақобила нисбати шаҳрвандони ҳар ду кишвар тартиби сода гирифтани шаҳрвандиро пешбинӣ намудааст.
Созишномаи соли 2002 танҳо ба шаҳрвандони қирғизтабори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нияти кӯчидан ба ватани таърихии худ доштанд, паҳн карда мешуд.
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қарори зикршуда дар он аст, ки созишномаи зикргардида амали таърихии худро иҷро карда, масъалаи баромадан аз шаҳрвандӣ бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 августи соли 2015 минбаъд ба танзим дароварда мешавад.
Ҳамчунин, дар моддаи 8 созишномаи номбурда муқаррарот дар бораи бекор кардани он пешбинӣ шудааст.
Бекор кардани созишномаи мазкур ба шаҳрвандон барои ба амал баровардани ҳуқуқи интихоб ва гирифтани шаҳрвандии кишвари дигар дар асоси соҳибихтиёрӣ монеа нагардида, танҳо ҳуқуқи ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ мекунад.
Лоиҳаи қарори мазкур дар Гурӯҳи корӣ бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардида, бо вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қабули лоиҳаи қарори мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.
ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Мутобиқи моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандӣ, ки 26 майи соли 2004 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 июни соли 2016 барои бекор кардан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Боиси тазаккур аст, ки моҳи августи соли 2015 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандӣ, рад кардани қабул ба шаҳрвандӣ ва асосҳои қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба масоили шаҳрвандӣ алоқаманданд, бояд ба меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур мувофиқ бошанд.
Ҳадафи пешниҳоди масъалаи бекор намудани созишномаи ёдрасшуда дар он зоҳир мегардад, ки муқаррароти он бо талаботи қонуни конститутсионии номбурда мухолифат дошта, татбиқи он дар амалия духӯрагиро ба миён меоварад.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли равон созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
28 июни соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бекор гардидани онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Бекор кардани Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои бекор намудани созишномаи мазкур овоз диҳед.
Дар бораи бекор кардани созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.
Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» аз ду модда иборат буда, дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади роҳ надодан ба қочоқи маснуоти заргарӣ, кам кардани андозаи пардохтҳои гумрукӣ ба он, инчунин пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ, паҳн накардани маҳсулоти бесифати заргарӣ ва ҷалби бештари маблағҳо ба Буҷети давлатӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Тибқи моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ба он қисми 14 илова гардида, «бар ивази андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ, пардохти махсуси гумрукӣ ба андозаи:
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 18,0 (ҳаждаҳ) сомонӣ;
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра 3,06 (се сомониву шаш) дирам муқаррар карда шудааст.
Воқеан, дар кишвар вазъи гардиши савдои бозори маснуоти заргарӣ ташвишовар буда, барасмиятдарории боҷи гумрукӣ дар воридоти воқеии маснуоти заргарӣ бо дарназардошти талаботи иқтисодиёт ва рушди соҳибкорӣ такмил ва дастгирии давлатиро тақозо менамояд.
Дар баробари ин, бинобар таъсири буҳрони молиявӣ ва коҳиш ёфтани қобилияти харидории маснуоти заргарӣ дар дохили кишвар бамаротиб паст гардида, вазъияти имрӯзаро боз ҳам мушкил сохтааст.
Таҳлили нишондиҳандаҳои барасмиятдарории маснуоти заргарӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ, бо сабаби баланд будани пардохтҳои давлатӣ, ки бо дарназардошти хароҷоти интиқолӣ аз 40 то 42 фоизи арзиши моли воридкардаро дар бар мегирад, ба таври қочоқ воридшавии маснуоти мазкур зиёд шуда истодааст. Ҳолати мазкур сабаби рушди бозори пинҳонии хариду фурӯши маснуоти заргарӣ шуда, омилҳои коррупсиониро дар ҷомеа ба миён оварда истодааст.
Тавре Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон зимни баргузории Форуми байналмилалии соҳибкории «Душанбе- 2015» оид ба «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14 октябри соли гузашта таъкид доштанд, дар нуҳ моҳи соли 2015 аз Ҷумҳурии Туркия тавассути хатсайрҳои ҳавопаймоӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба кишвар 700 кг маснуоти заргарӣ, танҳо тилло ворид гардидааст, ки дар асл аз он 15 кг ба таври расмӣ аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, ҳамагӣ 2,1 фоизи ҳаҷми умумии молҳои воридгардидаро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб дар натиҷаи ба расмияти гумрукӣ надаровардани 685 кг маснуоти заргарии бо роҳи қочоқ воридгардида ба ҳисоби миёна зиёда аз 39,7 миллион сомонӣ ё ин ки 5,9 миллион доллари ИМА пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ ворид нагардидааст. Ин танҳо рақамҳои оморӣ буда, вазни хоси соҳибкории пинҳонӣ ба инобат гирифта нашудааст.
Ҳар сол дар раванди таҳия ва банақшагирии қисми даромади Буҷети давлатӣ аз рӯи меъёрҳои муайянгардидаи пардохтҳои ҳатмии гумрукӣ воридшавии маблағҳои калон аз ин намуди фаъолияти соҳибкорӣ ба нақша гирифта мешаванд, ки мутаассифона, иҷрои он бо ҷурми омилҳои зикршуда таъмин намегардад.
Омӯзиши вазъи имрӯзаи бозори маснуоти заргарӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои иқтисод ва молия, аз ҷумла вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти гумрук нишон дод, ки аз 100 фоизи ҳаҷми умумии маснуоти заргарии дар гардиш қарордошта 97,5 фоизи онро маснуоти истеҳсоли хориҷӣ ташкил дода, танҳо 2,5 фоизи он аз маснуоти сохташудаи истеҳсоли ватанӣ иборат мебошад.
Таҷдиди назар намудани меъёри пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ, воқеан миёни истеҳсолкунандагони маснуоти заргарии ватанӣ рақобатнокии фаъолиятро таъмин намуда, тавассути неруи соҳибкорони маҳаллӣ ё таъсиси корхонаҳои муштарак, ки тариқи сармояи хориҷӣ баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ бунёд меёбанд, бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ имкони ба кишвари содироткунандаи маҳсулоти дохилӣ табдилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар фароҳам хоҳад омад.
Лоиҳаи қонун ба талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ мувофиқ буда, қабул ва амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин лиҳоз, вакилони мардумӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС:- Ин масъала ба Хадамоти гумрук бевосита тааллуқ дорад. Ворид шудани иловаҳо ба қонуни мазкур ба фаъолияти мақомоти гумрук чӣ беҳбудӣ медиҳад?
Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон КАРИМЗОДА Хуршед Абдураҳмон:
Пардохтҳои гумрукии маҳсулоти заргарӣ нисбати дигар давлатҳое, ки мо ҳамкорӣ дорем, гарон буданд. Ин гаронии пардохтҳои гумрукӣ сабаб мегардид, ки чунин маҳсулотро ба таври қочоқ ворид намоянд. Маҳсулоти заргариро аз хориҷи кишвар бо ҳаҷми хурд ворид мекунанд, ки ошкор намудани он душвор мебошад.
Дар фурудгоҳҳо мусофиронро аз муоинаи гумрукӣ гузарондан низ мушкил аст.
Бо кам кардани пардохтҳои гумрукӣ ва минбаъд ба расмият даровардани маҳсулоти заргарӣ камбудиҳо ислоҳи худро меёбанд.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2016 таҳти № 776 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 15 қисми 14 бо мазмуни зайл илова карда мешавад:
«14. Воридоти маснуоти заргарӣ аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, бар ивази онҳо пардохти махсуси гумрукӣ ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 18,0 сомонӣ;
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра 3,06 сомонӣ».
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд
Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 28 июни соли 2016 лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Ба саволҳои вакилон Ҷаббор Ахмедов ва Бахтовар Сафарзода муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон ва муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон посух доданд.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор:
- Вакилони муҳтарам, кори ҷаласаро идома медиҳем. Ба таваҷҷуҳи шумо гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод карда мешавад.
Сухан оид ба ин масъала бо камоли эҳтиром ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дода мешавад.
(Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» дар ҳамин шумора чоп шуд).
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор:
- Вакилони гиромӣ, гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид.
Ба мо лозим аст оид ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намоем.
Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба маълумот гирифта шавад.
Вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, нисбати лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.
Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров:
- Вакилони муҳтарам, масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуда буданд, баррасӣ гардиданд.
Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Ҷаласаи хотимавӣ ва кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ