Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
6-уми ноябри соли 2023
Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони шарафманди пойтахт!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳими сарнавиштсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, зеро қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои ниҳоят арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад ва он дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши муҳим дорад.
Ба кулли сокинони кишвар ва пойтахти азизамон ҷашни муқаддасу таърихӣ — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!